logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. САҲМИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ҲИЗБИВУ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Дар бунёди давлати миллии тоҷикон, таҳкиму рушди минбаъдаи он, пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб дар арсаи ҷаҳон шахсиятҳои зиёде саҳми муносиб гузоштаанд. Ҷонбозӣ ва хизматҳои арзандаи онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар арҷгузорӣ мешаванд. Чанде аз фарзандони фарзонаи миллат бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонда шудаанд. Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи онҳост.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар раванди чорабиниҳои ташкилӣ вобаста ба таъсиси Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР иштироки фаъолона дошт. Аз нахустин роҳбарони ҳизбӣ ва давлатӣ маҳсуб меёфт. Дар иҷрои вазифаҳои масъул, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шароити душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ фарогир буд, аз худ далерӣ ва  шуҷоат нишон медод.
Чунончи, моҳи январи соли 1932 бо имзои раиси Ситоди марказӣ  Шириншоҳ Шоҳтемур қарор «Дар бораи барҳам додани бесаводӣ миёни коммунистон ва комсомолон» ва қарори КМ ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи рафти кишти пахтаи мисрӣ» аз 17 марти соли 1932 бо имзои котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур қабул мешаванд. Тасвиби чунин ҳуҷҷатҳо хеле муҳим буданд. Рушди кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки сиёсӣ низ дошт. Вазифаи ташкилотҳои ҳизбӣ ва шӯроҳо иборат аз он буд, ки соли 1932 кишти пунбаро ба 41 ҳазор гектар расонда, ба давлат 135000 сентнер пахтаи навъи мисрӣ супоранд. Ҷиҳати иҷрои ин қарор Шириншоҳ Шоҳтемур ба минтақаҳои пахтакор сафар кардааст. Андешидани чунин тадбирҳо иборат аз он буд, ки мустақилияти СССР дар истеҳсоли пахта таъмин гардад.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар сессияи IV Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон даъвати чорум аз 28 декабри соли 1933 Раиси Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон интихоб мешавад. Ин давраи ташкил ва такмили сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (советҳо) буд. Таҳти роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати такмил ва ба талаботи давр мутобиқ намудани сохторҳои мақомоти иҷроияи давлатӣ тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд. Қарори Президиуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 9 майи соли 1936 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи сексияи советҳои ҷамоатҳо» дар таҳрири нав қабул гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки сексияҳо дар советҳои ҷамоатҳо василаи асосии ҷалби оммаи васеи меҳнаткашон маҳсуб меёбанд. Ташкил додани 10 намуди сексия дар Низомномаи мазкур муқаррар шудааст, ки фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.
Ташкили гурӯҳҳои депутатӣ низ дар ин низомнома пешбинӣ шудааст. То ҳол ин сохтор дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамчун комиссияҳои доимӣ ва гурӯҳҳои вакилон фаъолият дорад.
26 феврали соли 1937 Анҷумани VI фавқулодаи советҳои РСС Тоҷикистон лоиҳаи  Конститутсияи РСС Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз рӯйи ин масъала Раиси Президиуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур маърӯза кард. «Оммаи меҳнаткашони тоҷик, - омадааст дар баромади ӯ, - пеш аз инқилоб худашонро ҳамчун миллат нашинохта буданд. Ва танҳо дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби Октябр зери роҳбарии партияи коммунистӣ дар мубориза бо  панисломизм, пантуркизм, миллатчиёни маҳаллӣ ва шовинизм қисмҳои пора – порашудаи халқи тоҷик ҳамчун миллати тоҷик ба як ҷо ҷамъ омад». (Маҷаллаи «Бо роҳи Ленинӣ», соли 1937, № 4. Саҳ.13-14). Конститутсияи (Қонуни Асосӣ) РСС Тоҷикистон (иборат аз 12 боб ва 132 модда) дар Анҷумани VI фавқулодаи советҳои РСС Тоҷикистон аз 1 марти соли 1937 қабул шуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур давоми фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш баробари иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ ва шӯравӣ ҳамчун ҳомӣ ва дӯстдори забон, илму фарҳанги миллӣ нақши муҳим гузоштааст.
Ӯ дар ташкил ва нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар Самарқанд чоп мешуд ва дастрасии китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ хизмати шоиста кардааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур нисбат ба аҳли адаб, ходимони илму фарҳанг эҳтироми хоса дошт ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. 14 майи соли 1934 қарори муштараки бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон, Совети Комиссарони халқ ва Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон бо чунин мазмун қабул мешавад: «Аз Кумитаи иҷроияи Марказии СССР хоҳиш мешавад, ки барои фаъолияти адабии револютсионӣ рафиқ Лоҳутӣ бо ордени Ленин сарфароз гардонда шавад».
Пас аз ду рӯз, Раиси Кумитаи иҷроияи Марказии советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур 16 майи соли 1934 қарори муштаракро дар съезди якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қироат менамояд. Ҳамчунин, полки савораи кӯҳии Тоҷикистон Лоҳутиро ба аскари сурхи фахрӣ қабул намуда, ба вай шаҳодатнома дод. Дар ин хусус қарори ҳайати фармондеҳии полкро Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури вакилони съезд қироат кард». (рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», № 111, аз 20 майи соли 1934).
Шириншоҳ Шоҳтемур донишу маҳорат, қобилияти ташкилотчигиашро баҳри  шукуфоии кишвар дареғ намедошт ва бо ин амал ба душманони миллат, алалхусус пантуркистҳо писанд намеомад. Онҳо барои сиёҳ кардани ӯ мекӯшиданд. Дар пленуми КМ ПК (б) Тоҷикистон, ки аз 21 то  23 июли соли 1937 доир шуд, дар хусуси аз ҳайати аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон баровардан, аз сафи ҳизб хориҷ кардани «душманони халқ» Шоҳтемур, Кактин, Ширинов, Герасимов қарор қабул мешавад.
Дар ҷаласаи Президиуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 28 июли соли 1937 масъала «Дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур» баррасӣ мегардад ва чунин қарор қабул менамояд: «Барои хиёнат ба ватани худ, фаъолияти зиддиреволютсионӣ, ҳамчун душмани халқ – Шириншоҳ Шоҳтемур аз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон озод ва аз ҳайати аъзои Президиум ва аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон хориҷ карда шуда, ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон беэътибор дониста шавад».
Қарор барои тасдиқ ба сессияи Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон пешниҳод мегардад. 
Ин пешниҳод дар сессияи панҷуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон (15 - 16 августи соли 1937) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо қарори сессия Шириншоҳ Шоҳтемур аз вазифаи Раиси Президиуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон озод ва аз ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон ва Президиуми он хориҷ карда шуд. 
Ба ӯ ҳамсафонаш туҳмат ва айбу гуноҳи зиёдро бор мекарданд. Онҳо фармоишӣ буда, ҳеҷ асоси воқеӣ надоштанд. Дар воситаҳои ахбори омма паи ҳам мақолаҳои пур аз  ҳангомаю иғво «душманони халқ» - ро  фош мекарданд.
Мақолаи «Душманони халқи тоҷик» (рӯзномаи «Правда», № 250, аз 10 сентябри соли 1937) бо обу ранг ва туҳмат нисбат ба роҳбарони Тоҷикистон, ки «душмани халқ» эълон шудаанд, иншо шудааст. «Душманони халқ» Раҳимбоев, Шоҳтемур, Ширинов, Имомов, Абдулло Хоҷаев ва дигар ҳаммаслаконашон мехостанд Ватани моро тороҷ карда, онро ба мустамликаи империалистони немис ва Япон табдил диҳанд. (рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», № 251, аз 29 октябри соли 1937). Иштирокчиёни сессияи панҷуми Кумитаи иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро маҳз бо он айбдор мекарданд, ки ба ҳама гуна пешравиҳо қасдан монеа эҷод мекарда бошад.
Ин айбҷӯӣ нисбат ба Шириншоҳ Шоҳтемур ҳеҷ асоси воқеӣ надорад. Маҳз ӯ ҷасурона ва қотеона дар Бюрои сиёсии КМ ВКП (б) масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд, ба республикаи мустақил табдил додани Тоҷикистонро дар ҳайати СССР ба миён гузошта буд.
 
Аъзам МӮСОЕВ, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед