мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ АНН ЛИНДЕ
15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шведсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Шведсия, ҳамчунин, робитаҳо дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шведсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Анн Линде таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим зарур шумурданд.
Ҳамзамон, вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистону САҲА дар соҳаҳои сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ матраҳ шуд.
Вобаста ба пайомадҳои коронавирус, пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаи худро ба коҳиш додани оқибатҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, ёрии амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шведсия, дар навбати худ, талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созмон, ҳамчунин, нақши пешсафии кишвари моро дар пешбурди масъалаҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ҷонибдории худро аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2025-ро ҳамчун Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон кардан, иброз дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2021 №: 76 Мутолиа карданд: 5303