logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БАХШИДА БА «РӮЗИ ПОЙТАХТ»
 
МУАММОИ «ДУШАНБЕ»
ДАР ТОҶ АЗ БОЛО БА ПОЁН: 1. Кулоҳи бо ҷавоҳирот зинатёфта, ки шоҳу амирон дар маросими расмӣ ба сар мегузоштанд. Аз чап ба рост: 2. Номи яке аз шоҳон дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 3. Асил, шариф, асилзода. 
ДАР ТАҲКУРСИИ МАНОРА: 1. Боғ дар шаҳри Душанбе. 2. Макони таълиму тарбия. 3. Номи кӯча дар пойтахт. 4. Тарабхона дар шаҳри Душанбе. 5. Шаҳр бо арабӣ. 6. Ширинӣ. 7. Гул. 8. Моеи хушбӯй. 9. Адиби тоҷик.   
ДАР МАНОРА: 1. Хиёбон дар пойтахт. 2. Тандеси рамзи миллӣ, ки аз маркази шаҳр бармало менамояд. 3. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 4. Қароргоҳи ширкати телефонӣ дар шаҳри Душанбе. 5. Фатҳу кушоиш. 6. Муассисаи фарҳангӣ дар пойтахт. 7. Маҳсули заҳмати рассом. 8. Пойтахти мамлакатро гӯянд. 9. Рамзи давлатӣ. 10. «Ирфон», «Адиб», «Дониш».  11. Миллат.12. Фестивали кино, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе барпо мегардад. 13. Чойхонаи овозадор дар пойтахт. 14. Маҳсулоти полизӣ. 15. Маркази Давлати Сомониён. 16. Нахустин повести адабиёти тоҷик. 17. Маркази илмӣ дар шаҳри Душанбе. 18. Повести адабиёти тоҷик. 19. Маҳаллаи номдор дар шаҳр. 20. Тоҷ ба забони русӣ. 21. Манораи баландтарини таърихӣ дар шаҳри Бухоро.  22. Театр дар шаҳри Душанбе. 23. Маркази табобатӣ дар пойтахт. 24. Мавзеъ, маконе, ки хокдони аксари одамони номдори пойтахт он ҷост.  25. Маркази фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе. 26. Шумораи  миқдорӣ. 27. Номи яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома». 28. Ноҳия дар шаҳри Душанбе. 29. Театри миниатюра  дар пойтахт. 30. Воситаи нақлиёти шаҳрӣ. 31. «… агар хушк шавад, боз асо мегардад». 32. Кинотеатр дар маркази пойтахт. 33. Муродифи нанг. 34. Маркази савдо дар пойтахт. 35. Фирмаи туркӣ, ки нақлиёти он дар шаҳр истифода бурда мешавад. 36. Маҷалла. 37. Қасри калони фарҳангӣ дар пойтахт. 38. Майдони варзиш дар пойтахти кишвар. 39. Донишмандро гӯянд.
Мураттиб  Мунира САИДАҲМАДОВА, сокини шаҳри Ҳисор
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ БАХШИДА БА «РӮЗИ  КАЙҲОННАВАРДОН»:
1. Гагарин. 2. Армстронг. 3. Восток.  4. Ремек.  5. Меркурий. 6. Борман. 7. Олдрин. 8. Терешкова.  9. Леонов. 10. Шарипов.  11. Союз. 12. Крикалёв.  13. Савитская. 14. Титов. 15. Гленн.
 
 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Убайдуллохон боз як манбаи афзоиши даромади хазинаи давлатро дар барҳам додани масунияти хироҷи заминҳои мулк дид. Ин тадбири хеле ҷасурона ва шояд хатарноке ҳам буд, зеро аз байн бурдани масуният ба манфиатҳои ҳамон гурӯҳи ӯро тарафдорикунандаи синфи феодалон зарарҳои ҷиддӣ ворид меовард.
* * *
Имшаб зи хаёлаш сари мо хоби дигар дошт,
В-аз орази ӯ чашми тарам оби дигар дошт.
Рухсораи соқию лаби ҷоми рухи шамъ,
Ҳар як зи фурӯғи рухи ӯ тоби дигар дошт.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ  9 АПРЕЛИ СОЛИ 2021:
Саъдии Шерозӣ,  Зулфия Атоӣ.
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
СИНФХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР УФА
Бо арзи эҳтиром ба донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфаи Федератсияи Россия як синфхона бо тарҳ ва нақшу нигори миллиамон оро дода шуд.
Дар девори синфхона рамзҳои миллию давлатии мардуми тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Парчаму Нишони давлатӣ, аксу маълумот дар бораи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, манзараҳои зебои табиати дилфиреби Тоҷикистон ҷой дода шудаанд. Дар баробари ин, синфхона бо технологияи муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ДДТНУ беш аз 1300 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад ва 187 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
БЕРТА БЕНС
Берта Бенс – завҷаи Карл Бенс, муассиси ширкати автомобилии маъруфи ҷаҳонӣ “Мерседес Бенс”, дар олам на танҳо ба сифати аввалин зан-ронанда, балки чун шахсе, ки дар такмили мошин саҳм гузоштааст, шуҳрат дорад.
5 августи соли 1888 Берта Бенс сари чанбараки мошини ҳамсараш нишаста, ҳамроҳи писаронаш ба хотири аёдати модараш, ки  дар шаҳри Пфорсхайми Олмон мезист, ба роҳ мебароянд. Чун сафар ниҳоят тӯлонӣ буд, дар роҳ баъзе аз “узв”- ҳои мошин аз “нотавонӣ”- и худ дарак доданд. Албатта, бахти мусофирон баландӣ карду чанде аз устоҳои маҳаллӣ мошинро таъмир карданд.
Пас аз бозгашт Берта, ки кори устоҳои кордонро бодиққат назора мекард, дар такмилу беҳтар кардани сифати қисмҳои автомобилӣ, аз ҷумла суръатқуттӣ (коробка передача), фишанг, занҷири ҳаракатовар, шахсан ҳисса гузошта, мошинро худаш такмил медиҳад. 
Аз русӣ тарҷимаи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
ХОНАИ ТАНҲО
Дар ҷазираи Эдлидаэйи Исландия хонаи яккаву танҳоест, ки солиёни зиёд дар бораи он миёни муштариёни шабакаҳои иҷтимоии интернет овозаҳои ҳангомаомез паҳн мешаванд. 
Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки гӯё онро бозаргони дорое ба хотири паноҳ ёфтан аз ҳуҷуми маслуқҳо сохтааст. Ҳатто, боре иттилоъ медиҳанд, ки овозхони маъруфи исландӣ хонум Бёрк баҳри дурӣ ҷустан аз одамон онро хариданист.
Аммо, ин ҳама тахмин асту халос. Дар асл ин хонаи шикорчиён аст, ки онро солҳои  50-уми асри гузашта Ассотсиатсияи шикорчиёни Эдлидаэй бунёд намуда буд.  
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
10 КАШФИЁТИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ
Агар ба таърихи рушди илм назар кунем, мебинем, ки заминаи ғояҳои амаливу назариявии он дар Шарқ гузошта шудааст. Аз сабаби он ки дар Аврупо тафаккури илмӣ вобаста бо заруратҳои ҷомеа инкишоф ёфт ва саноат тараққӣ кард, бисёре аз кашфиётҳо татбиқ ва истифода шуданду боз ба Шарқ баргаштанд. Аз ҷумла, кашфиёти олими забардасти тоҷик, Закариёи Розӣ. Ва, албатта, мо бояд аз ӯ ва дастовардҳои илмиаш ифтихор дошта бошем. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки чанде аз кашфиёти ин олими шаҳирро пешкаши ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» намоем.  
 
ТРАНСПЛАНТАТСИЯ
Бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки трансплантатсия (иваз намудани узви инсон) кашфи аврупоиҳост. Аммо собит гардида, ки бори аввал чунин ҷарроҳиро олими бузурги Шарқ Закариёи Розӣ анҷом додааст. Чун дар асри XIII аврупоиҳо ба илми кимиё таваҷҷуҳу мароқи зиёд доштанд, китобҳои ӯро тарҷума намуда, аз трансплантатсия огаҳӣ пайдо карданд. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
АТОНИ МАФТУНКУНАНДА – ҲАНГОМАИ ШАҲРИ ГУМШУДА ДАР МИСР
Бостоншиносони Миср дар соҳили дарёи Нил мавзеи аҳолинишини қадимаеро дарёфтанд, ки таърихи 3000-сола дорад. Ин яке аз бозёфтҳои муҳим дар сад соли охир маҳсуб мешавад. Чуноне тахмин мекунанд, он яке аз шаҳрҳои калони мисриест, ки зери рег мондааст.
Аз зери рег алҳол се ноҳияи аҳолинишин ва дукони гӯштфурӯширо пайдо намуданд. Олимон муътақиданд, ки дар наздикиҳои он маъбади қадим – Атон қарор дорад. Дар ин хусус навиштаҷоти болои хиштҳо гувоҳӣ медиҳанд. Ба ин хотир,  ба шаҳр номи «Атони мафтункунанда»-ро додаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
БОЗУБАНДИ КАПИТАНИИ РОНАЛДУ 
БА МАБЛАҒИ 63,7 ҲАЗОР ЕВРО ФУРӮХТА ШУД
Бозубанди капитании дар майдони бозӣ партофтаи ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар интиҳои бозии марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон дар соли 2022 бо Сербия (2:2) дар музоядаи эҳсонкорӣ фурӯхта шуд.
Онро ба маблағи 7,5 миллион динори сербӣ  (63,7 ҳазор евро) ширкати Mozzart Bet харид. Маблағи дарёфтшуда ба муолиҷаи писарчаи 6-моҳаи сербӣ, ки аз дарди рагҳои пушти бадан азият мекашад, равона мегардад. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ИНСОН ДАР ТАНҲОӢ АРЗИШИ ХУДРО ГУМ МЕКУНАД
Доктор Илоҳии Қумшаӣ чи зебо мегӯяд: «Тасаввур кун, ки як субҳ аз хоб мехезӣ ва мебинӣ, ки ҳеҷ касе ғайр аз худат дар дунё нест ва ту соҳиби тамоми сарвати рӯи Замин шудаӣ. Он рӯз чӣ либосе мепӯшӣ? Чӣ ҷавоҳиротеро дар худ меовезӣ? Бо чӣ мошине сайр мекунӣ? Кадом хонаро барои зиндагӣ интихоб месозӣ? Шояд аз ин ҳама сарват ба ваҷҳ биёӣ, аммо оҳиста-оҳиста мефаҳмӣ, ки ҳақиқат чист. Вақте ҳеҷ касе нест, ки шоҳиди ин доштаҳоят гардад, ҳамаи онҳо бароят беарзиш мешаванд. Дигар ронандагӣ бо мошини арзон ё гарон фарқе надорад. Хонаи чандқабата ё одӣ бароят як мешавад. Ҷавоҳирот даври гардану дасту барат хушҳолат намекунад. Ҳама асбоби шодӣ ҳаст, аммо ҳеҷ кадомаш шодат намекунад, чун касе нест, ки шодиятро бо ҳам бубинед. Он вақт мефаҳмӣ, ки вуҷуди одамҳо чӣ қадар боарзиш аст ва  мефаҳмӣ, ки ҳар чизи кӯчаку сода бо дигарон маънӣ дорад. Танҳо ҳамон вақт дарк месозӣ, ки барои дубора ба канорат баргардондани инсонҳо, дунёро нисор хоҳӣ кард».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ТАРКАН
Овози фораму сурудҳои дилпазираш ин овозхони турктабори олмониро шуҳраи олам гардонд. Аммо метавонист ин тавр нашавад…
Гап сари он аст, ки модари Таркан ҳангоми ҳомилагӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуду муддати мадид дар мадҳушӣ (кома) буд. Пас аз ба ёд омадан, табибон ба ӯ гуфтанд, ки кӯдак зинда нахоҳад монд, аз ин рӯ, бояд исқоти ҳамл кард. Вале чанд рӯз пеш аз амалиёти ҷарроҳӣ ҳам падар ва ҳам модари Таркан дар хоб пирамардеро диданд, ки гуфт: «Ҳаргиз розӣ нашавед, зеро ояндаи тифли шумо дурахшон аст». Ба ин хотир, волидайн аз ин амал даст кашиданд. Ба шарофати ин, кӯдак солим ба дунё омад.  Чун овозаш баланду марғуладор буд, момодояаш ҳадс зад, ки сарояндаи хубе ба воя мерасад.
Ва имрӯз мебинем, ки вақт пешгӯии ӯро собит намуд.  
Тарҷума аз русӣ Наргис АТОЕВА
 
 
«МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Дафтари якуми «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бори нахуст ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Ойдин»-и шаҳри Тошканд интишор ёфт.
Тарҷумони он адиби шинохта Одил Икром буда, китоб ба теъдоди 1000 нусха ва фарогирии 692 саҳифа нашр гардид. Дар баробари матни ӯзбекии «Маснавӣ», инчунин, матни аслии он низ дар китоб оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки «Маснавии маънавӣ» баъди сайри Амрикову Аврупо ба забони англисӣ, бори аввал ба забони ӯзбекӣ муаррифӣ мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ПОСУХИ СУҚРОТИ ҲАКИМ БА КАЛЛИСТО
Боре Гетера Каллисто, ки табиатан ҳавобаланд буд, бо тамасхур ба Суқрот мегӯяд:
- Агар ман хоҳам, ҳамаи шогирдони туро дар як лаҳза ба худ моил мекунам. Яқинан, ту чунин қудратро надорӣ.
- Дуруст мегӯед хонум, ин кор аз дастатон ба осонӣ меояд. Зеро роҳе, ки шумо ҳидоят мекунед, нишебу осонгузар аст. Ман бошам муридонамро аз пушти худ то қуллаҳои баланд кашола карда бурдан мехоҳам, ҳарчанд хуб медонам, ки на ҳамаи онҳо мушкилписанданд. Барои ҳамин, ҳар куҷо шогирди танбалест, зуд ба шумо моил мешавад. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
КАЛИДИ МАЙКАДА
Мегӯянд шоира Нурҷаҳон дар бадеҳагӯӣ хеле моҳир буд ва аксар бо шоҳ Ҷаҳонгир, ки гоҳ – гоҳ шеър мегуфт, мушоира мекард. Ривоят аст, ки охири моҳи Рамазон шоҳ Ҷаҳонгир  дар осмон ҳилолро дида, мисраи зерро мегӯяд:
Ҳилоли ид бар авҷи фалак 
ҳувайдо шуд,
Нурҷаҳон дарҳол бадеҳатан ҷавоб медиҳад:
Калиди майкада гум 
гашта буд, пайдо шуд.
Таҳияи Муҳаммад САИДВАЛӢ
 
 
ИХТИРОИ РАДИО 
МАНОРАИ ЭЙФЕЛРО НАҶОТ ДОД
Манораи Эйфел, ки сертамошобинтарин объекти сайёҳии олам ба ҳисоб меравад, соли 1889 махсус барои баргузории Намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж сохта шуда буд ва, тибқи нақша, пас аз 20 сол бояд онро таҷзия мекарданд. 
Вале бо пайдоиши радио бурҷи Эйфелро барои насби радио-антеннаҳо истифода бурданд, ки дар натиҷа он аз нестшавӣ эмин монд. Яъне, агар радио ихтироъ намешуд, «ифтихори фаронсавиҳо» аз байн мерафт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ШӮХИИ АЙНИ МУДДАО 
Физики машҳур Макс Планк баъди соҳиби Ҷоизаи Нобел шудан, дар сафарҳояш танҳо бо як маърӯза баромад мекард. Ронандааш, ки суханҳои ӯро, аллакай, аз ёд медонист, ғайричашмдошт аз Планк дархост намуд: «Чӣ мешавад, ки ин бор ман маърӯза намояму шумои муҳтарам дар толор худро ронанда муаррифӣ намуда, нишинед». 
Ин пешниҳод Планкро ба ханда овард ва ӯ розӣ шуд. Ҳамин тавр, ронанда назди олимони бузурги соҳа доир ба механикаи квантӣ баромад намуд. Ғайриинтизор дар охир яке аз олимон ба ӯ саволи душворе дод, вале ронандаи зирак худро гум накарда, дарҳол гуфт: «Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки дар чунин як шаҳри пешрафта ба ман як саволи одӣ медиҳанд. Бо иҷозати шумо аз ронандаам хоҳиш менамоям, ки ба ин савол ҷавоб диҳад», - гӯён ба Макс Планк, ки касе ӯро то ҳол надида буд, ишора мекунад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ХИМИКИ  ТОҶИК ҶАҲОНРО ТАСХИР КАРД
Олими ҷавон Мақсуд Саидаминов, ки дар Донишгоҳи Торонтои Канада кор мекунад, имсол дар қатори 23 олими ҷавони дунё бо ҷоизаи Бантинг сарфароз гашт. 
Аз миёни дастовардҳои илмии Мақсуд ду кашфиёташро доираҳои илмии ҷаҳонӣ хуш пазируфтанд. Аз ҷумла, ӯ аввалин бор ҳалшавии баръакси перовскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян намуда, усули нави кристалликунонии перовскитҳоро кашф кард. Он барои такмили батареяҳои офтобӣ пешбинӣ шуда, мавриди истифода қарор дорад. Навгонии дигараш сорбенти магнитии нафт буда, як грамми он 80 грамм нафтро аз об ҷудо мекунад. Тавассути он, аслан, нафтеро, ки бар асари садамаи  киштиҳо ба кӯлу дарё ва баҳру уқёнус мерезад, ҷамъ меоранд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2021    №: 76    Мутолиа карданд: 1136
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед