logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ 97 - СОЛА ШУД

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мегардад. Имсол ҷашни Рӯзи пойтахт ба 17 апрел рост меояд. Вобаста ба таҷлили ин санаи фархунда қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба имзо расид.
 
Ҷамшед Олимов, мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки чорабиниҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд. Оғози чорабиниҳо дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мегузарад. Дар ин рӯз маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони асилу чирадаст ва устоҳои моҳир дар иртибот ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт соати 09:00 Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 493 049 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ниммарафон мисли солҳои қаблӣ варзишгарони хориҷӣ низ ширкат хоҳанд кард. 
Чун анъана дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳр - «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз мегарданд.
Имсоли рӯзи пойтахт дар шароите таҷлил мешавад, ки "Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021" эълон шудааст. Чун бо дастгирии  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22   ноябри соли 2020  дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» - и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2020» ва супурдани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид. Ва 21 марти соли равон бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Бекетжан Жумангулов, муовини раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ ва Анатолий Иксанов, директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд. Меҳмонон дар чорабинӣ сертификати «Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021» - ро ба раиси шаҳри Душанбе супурданд.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер - Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техникӣ ва фарҳанг ҳамкории судманд дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, саъю талош ва иқдомҳои созандаи роҳбари ҷавону ободгари шаҳр Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Душанбе  яке аз пуриқтидортарин шаҳрҳои саноатии Осиёи Марказӣ ва минтақа хоҳад гардид.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2021    №: 76    Мутолиа карданд: 676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед