logo

президент

Сарвари давлат дастур дод, ки ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиат тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва як қатор ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат, ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми соли равон, рафти сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вусъати киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ба зимистони оянда баррасӣ шуданд.

Оид ба зарари аз офатҳои  табиати рӯзҳои охир расида муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир ба хоҷагии халқи ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Шӯрообод, Балҷувон, Ховалинг, Ҳисор, Файзобод, Ғончӣ ва Истаравшан хисороти калон ворид шуд. Аз ҳама хисороти зиёд дар натиҷаи аз маҷрои худ берун омадани дарёи Сурхоб дар ноҳияи  Восеи вилояти Хатлон ба миён омадааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат ва ҷалби захираҳои дохилию хориҷӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ сари  вақт андешида шаванд.
Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигарон ахбор доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3%  афзуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба афзоиши  ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пашму пӯст дар дохили кишвар, тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба расондани кӯмакҳои саривақтӣ ба деҳқонон баҳри вусъати киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки омодагӣ ба зимистони оянда низ аз ҳозир бояд оғоз гардад.
Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, бо рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ, ки 2 январи соли равон рух дода буд, шинос шаванд ва баҳри тезондани корҳо барои дар ҷойҳои бехавф ҷобаҷосозии аҳолии бехонамонда ва муҳайё намудани шароити зарурӣ  дар маҳалҳои нави зисти онҳо тадбирҳо андешанд. Онҳо ҳамчунин дастур гирифтанд, ки аз рафти сохтмони иншооти сершумори соҳаҳои гуногун дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан карда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед