logo

иҷтимоиёт

МУРОДУЛЛО ШЕРАЛИЗОДА. ЯКЕ АЗ АВВАЛИН ҚУРБОНИҲОИ ҶАНГ, КИ БО ДАСТИ НАҲЗАТИҲО КУШТА ШУД

Ба ҳама маълум аст, ки солҳои навадуми асри гузашта аз дасти ташкилоти мамнӯъ ва террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ шумораи зиёди зиёиёни кишвар кушта шудаанд. Боиси таассуф аст, ки яке аз аввалин қурбониҳои қотилони наҳзатӣ журналисти варзида ва ходими намоёни сиёсӣ Муродулло Шерализода буд. Ӯро 5 майи соли 1992 бо супориши саркардаи ташкилоти террористии наҳзатӣ қотилони гурӯҳи мулло Абдуғаффор дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона куштанд. 
Ин террор на танҳо нисбат ба Муродулло Шерализода, балки  террор нисбат ба журналистикаи тоҷик ва озодии сухан низ буд. Зеро ин рӯзноманигори тоҷик ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ҳамеша ҳақиқатро баён мекард ва дар набарди иттилоотӣ бо душманони миллат муборизаи беамон мебурд. 
Таърихи муосири ватанӣ ин нуктаро ҳам собит кардааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро барои бастани даҳони журналисти асил ва ҳақиқатнигор “тадбирҳо” меандешанд, то ин ки воқеиятҳои рӯзгор ва, махсусан симоҳои хашину муғризу иғвогар ошкор нагарданд. Таҳқиру тавҳин, латукӯб ва билохира, террор алайҳи журналистони асили дунявӣ, ки аз воқеият ва ҳақиқат дифоъ намуда, бар зидди хушкандешию таассуби мазҳабӣ мубориза мебаранд, аз махсусиятҳои фаъолияти созмонҳои ифротӣ, хусусан ТТЭ ҲНИ буд ва ҳаст. 
Қатлу озор ва террори журналистон методи маъмули муборизаи созмони террористию экстремистии наҳзатист. Мисолҳои зинда ва гӯё аз қатлу фишори наҳзатӣ алайҳи рӯзноманигорони ростин зиёданд. Аммо ба ёд овардани нахустин террори наҳзатӣ алайҳи журналисти вафодор, фидокор, хоксор, некухисол ва ҷуръатманди миллӣ устод Муродулло Шерализода зарурати виҷдонӣ ва имонист. Воқеан, устод қурбонии қудратталабӣ, султахоҳӣ, худбинӣ ва хуношомии гурӯҳҳои нохалафи ифротӣ гардида, ба унвони нахустин қурбонӣ ва шаҳиди роҳи озодӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. 
Журналисти овозадори тоҷик Муродулло Шерализода соли 1945 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд зода шудааст. Мавсуф Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм карда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Тақрибан як сол қабл аз даргириҳо, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардид, дақиқтараш, 5 октябри соли 1990 устод Муродулло Шерализода бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сармуҳаррири  рӯзномаи “Садои мардум” таъйин гардида буд. 
Замони дар ин вазифа фаъолият кардан, матолиберо мунташир месохт, ки аз воқеияти рӯзгору зиндагии миллӣ бармеомад. Ӯ аз тариқи минбари матбуот дар робита бо масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва соири мушкилоти мардумӣ гузоришу мусоҳибаҳо ва матолибу мақолаҳои ҷолиби публитсистӣ интишор медод.
Махсусан, ҳассосиятҳои замон, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист бар асари бетафовутию саҳлангории иддае аз зиёиён ва сиёсатмадорони ватанӣ, заъфи фикрию сиёсӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд омада буданд, дар рӯзномаи “Садои мардум” хеле хуб инъикос меёфтанд. 
Ин журналист бар мабнои донишу биниш ва собиқаи зарурии рӯзгор хуб дарк карда буд, ки ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле боздорандаи инкишофу тараққиёт аст ва зиёда аз ин, абзори шикасту заволи фикрию эҷодии ҷомеа маҳсуб меёбад. Афзун бар ин, устод Шерализода берун аз фаъолияти идорию рӯзноманигорӣ, дар самти баланд бардоштани огоҳии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. 
Мубориза бо неруҳои тахрибкор, мутаассиб ва хурофотӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист барои рӯи даст гирифтани қудрати сиёсию низомӣ фурсатшуморӣ мекарданд, аз авлавиятҳои кори рӯзноманигорӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Шерализода ба шумор мерафтанд. Ин буд, ки то вопасин дақиқаҳои зиндагӣ устод Муродулло Шерализода дар миёни мардум буда, барои амнияту суботи кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода бурд ва саранҷом дар роҳи озодӣ ҷон бохт.
Сардабири “Садои мардум” устод Муродулло Шерализода, ки, ҳамзамон, масъулияти вакилии парлумони вақт (Шӯрои Олӣ) - ро низ бар уҳда дошт, 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ бо дасти яке аз саркардаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ - мулло Абдуғаффор кушта шуд. Устод нахустин қурбонии дасисабозону иғвогарони замон гардид ва бо қатли ӯ гурӯҳҳои табаҳкори наҳзатӣ мехостанд, ки тарсу ҳаросро дар баданаҳои иҷтимоӣ ҷой кунанд ва мардумро таҳти тасаллут қарор бидиҳанд. 
Аммо рӯҳи бебок ва озодихоҳи миллати тоҷик бар ҷаҳлу хурофот пирӯз гардид ва миллати тоҷикро бо бозсохти давлати навин раҳнамун сохт. Дар ин роҳ нақши чеҳраҳои бузург ва ҷонфидои журналистикаи муосири тоҷик, аз ҷумла Муродулло Шерализода, бузург аст.          
   
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед