logo

иқтисод

СОҲИЛБАНДӢ. ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд.
Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳр, шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи октябри соли сипаришуда то инҷониб вобаста ба мавсими пастшавии маҷрои об дар назди дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент бо ҷалби соҳибкорон, зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳр, корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ босуръат ҷараён доранд. 
Тавре аз манбаъ хабар доданд, аз ҳудуди шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ гардида, деҳоти соҳилнишини он беш аз 20 деҳаро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, соҳилбандӣ дар шаҳр яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Бо назардошти ин, дар деҳаҳои наздисоҳилии ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Работ,  Регар,  Навобод, Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва 10 - солагии Истиқлолият пайваста ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор шуданд, ки  дар натиҷаи он дамбаҳои хароб барқарор гардиданд. 
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Маданият бо мақсади бунёди ҳавзи моҳипарварӣ ва ташкили минтақаи сайёҳӣ, инчунин, мустаҳкам намудани соҳил аз ҷониби соҳибкор Парвиз Сатторзода бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ба масофаи 700 метр дарозӣ, 15 метр паҳноӣ ва 12 метр баландӣ (126000 метри мураббаъ), анҷом пазируфт. 
Дар деҳаи Шодмон -1 - и Ҷамоати деҳоти Навобод бо истифодаи техникаи соҳибкор Каромат Исматов ва саҳми аҳолӣ 500 метр селроҳа ва аз ҳисоби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар деҳаи Бақоӣ 3160 метр канали Шодмонқазоқ поккорӣ шуд. Ҳамзамон, дар деҳаи Бобониёз Тошев - 2 (Долонсой) - и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмон бо саҳми хоҷагии “Боғи Сомон” 460 метр ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 690 метр, дар умум, 1150 метр селроҳаи канали Заркамар тоза ва ба истифода дода шуд. Дар  деҳаи Намоз Кучаров бо мақсади бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ба масофаи 360 метр дарозӣ, баландии 4 метр ва паҳноии 4 метр (5760 метри мураббаъ) бо саҳми соҳибкорон Расул Усмонов ва Маҳмадамин Камолов, дар ҳамкорӣ бо ҷамоати деҳот корҳои соҳилбандӣ гузаронда шуд.
Айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Регар дар соҳили рост ва чапи дарёи Ширкент, ҳудуди деҳаҳои Файзобод ва Шодиёна корҳои рост намудани маҷрои дарё идома дошта, то имрӯз дар масофаи 300 метр кор ба сомон расонда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкати “Алюминийи тоҷик” пояҳои бетонии аз истеҳсолот бозмондаро ба масоҳати 80 метри мукааб дар соҳили чапи дарёи Ширкент баҳри ҳимояи сокинони деҳаи Файзобод гузоштанд. 
Дар деҳаи Бахтовари Ҷамоати деҳоти 10 - солагии Истиқлолият бо истифода аз техника 800 метр корҳои бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ва рост намудани равиши дарё иҷро гардиданд. Дар деҳаи Чуқуркати ҳамин ҷамоат корҳои соҳилбандӣ ва гузоштани пояҳои бетонӣ ба масофаи 300 метр аз ҳисоби соҳибкорони деҳа ба анҷом расиданд.
Дар маҷмӯъ, моҳҳои январ ва феврали соли равон пеш аз мавсими селу обхезиҳо дар минтақаҳои хавфноки шаҳр аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ 7270 метр, аз ҷумла дар соҳили дарёи Қаратоғ 1860 метр, Ширкент 600 метр, тоза намудани каналҳо 4310 метр ва селроҳа 500 метр, корҳои соҳилбандӣ гузаронда шуданд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 1181
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед