logo

фарҳанг

ВАҚТЕ ШАХС НУФУЗИ ОЛАМГИР ДОРАД... Ё ҚИССАИ ХАТИ ПАРВОЗРО ТАҒЙИР ДОДАНИ ТАЙЁРА БА ХОТИРИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

Дар хотир дорам, ки Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд борҳо мегуфт, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамеша дар бораи сокинони Бадахшон бо эҳтиром, меҳру муҳаббат ва самимият ҳарф мезаданд. Дар ашъори дилпазир ва чун қуллаҳои Помир баландашон   Боми ҷаҳони тоҷикро тараннум  мекарданд. Солҳои роҳбариашон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибони бадахшониро хеле азиз ва гиромӣ медоштанд. Шоири бузурги миллат ҳамеша аз паи дастгирӣ ва ёрӣ расондан ба онҳо буданд. 
 
Мардуми Бадахшон низ бо ин  шоири бузурги  арсаи ҷаҳонӣ пайвастагии ногусастанӣ ва хотираҳои нек доранд. 
Моҳи октябри соли 1976 буд. Ҳамчун, ҷавони навкор  дар рӯзномаи «Дарвози советӣ» фаъолият доштам. Як нисфирӯзӣ роҳбари вақти Дарвоз, марди хеле оқил ва бофарҳанг Ғулом Ҷумъаев маро ба ҳуҷраи кориашон даъват карданд. Кӯтоҳакак гуфтанд, ки аз шаҳри Душанбе  котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муъмин Қаноат занг зада, хоҳиш карданд, ки аз зодгоҳашон, деҳаи Курговад  як миқдор шаҳтут чида, шарбати  онро барои устод Мирзо Турсунзода, ки дар беморхонаи ҳукуматӣ табобат мегиранд, фиристем. Ин бузургвор чашидани оби шаҳтути кӯҳистонро, ки хеле шифобахш мебошад, ҳавас кардаанд.
Банда,  зодаи деҳаи Курговад, хуб медонистам, ки дар ин рустои сердолу дарахт ва хушманзара аз қадим боз дарахтони шаҳтут бисёранд ва хоҳиши устодро ба ҷо овардан хеле осон аст. Лекин миёнаҳои моҳи октябр буд ва мушкилот  дар он зоҳир мегардид, ки оё меваи шаҳтут дар шохаҳои дарахтон боқӣ монда бошад?  
Ҳамроҳи директори вақти мактаб Назриддин Мирзоев ва бригадири деҳаи Курговад Мунаввар Гадоев боғоти деҳаро давр задем, аммо шохчаҳои дарахтони шаҳтут аз мева холӣ буданд. Ин ҳолро дида хеле хиҷил ва озурдахотир  гаштам. Хушбахтона  чанд тан аз наврасони деҳа ба имдодам омаданд ва  бо як овоз гуфтанд, ки «ғамгин нашавед, ака, мо мушкилатонро осон менамоем». 
Фаҳмидам, ки онҳо низ чун дигар деҳнишинон, аллакай аз хоҳиши шоири маҳбуби миллат воқифанд. Бачаҳо хабар доданд, ки дар деҳаи Ғож, ки мавзеи  баландкӯҳ аст, шохаҳои дарахтони шаҳтут ҳоло ҳам аз мева пур. Ба  гуфти наврасон, ки аз ҳама гапу кор  ва, пеш аз ҳама, аз ҳолати боғҳо хуб бохабар буданд, бовар намудам. Қарор додам, ки таъхир накарда, ба Ғож, ки  роҳи мошин надошт, равам, вале бачаҳо аз раъям гардонда, қатъӣ ваъда доданд, ки саҳарии солеҳон ба Ғож  мераванд ва шаҳтут чида меоранд. Онҳо низ  хизмат карданро ба устоди гиромиқадр Мирзо Турсунзода, ки  бисёр шеърҳо ва пораҳои  достонҳояшонро аз ёд карда буданд,   қарзи фарзандии худ медонистанд.  
Рӯзи дигар, ҳанӯз хуршеди ховар  аз паси қуллаҳои Зартеғ рух боз нанамуда буд,  ки дар  пайраҳаҳои морпечи баландиҳои Ғож наврасон дар як даст либосашон, дар дасти дигар се  зарфи пур аз шаҳтут чун аскарбачаҳои шуҷо қатор шуда,  пайдо гаштанд. Аз миён болояшон олудаи шаҳтут буд ва  симои хандаоваре доштанд.  Сабаби қариб саросар ранги сурх гирифтани бадани наврасон он буд, ки меваи шаҳтут  бандчаҳои устувор дорад ва бо афшондан  ба зери дарахт намерезад.  Онро дона – дона аз шохчаҳо кандан зарур меояд.Табиист, ки ҳангоми  мевачинӣ  хоҳу нохоҳ сару тан олудаи  ранги сурх  мегардад. Аз ин хотир  наврасони фидокорро зарур омада буд, ки куртаҳои   худро аз тан бадар созанд. Онҳо аз пайдо намудани шаҳтут ва ба қавли худ вафо карданашон хурсандӣ ва хушҳолӣ менамуданд. Мо аз онҳо фараҳмандтар  гашта будем. Чунки як кори, гарчанде хеле одӣ намояд ҳам, дар фасли тирамоҳ мушкилеро ба хотири   шодмонии устоди назми тоҷик  анҷом дода  тавонистем. 
Ба зудӣ занони деҳа бо сарварии модарам Идимоҳ  (ёдаш ба хайр) шаҳтутро аз дока гузаронда, нӯшобаи  онро ба ду  зарфи махсус ҷой доданд. Падарам Диловаршоҳ ва чанд тан мардони деҳа  низ ба онҳо ёрӣ расонданд. Филфавр азми бозгашт ба маркази ноҳия, шаҳраки Қалъаихумбро намудам. Вале он вақт дар роҳи Душанбе – Қалъаихумб - Хоруғ мошинҳо ба мисли рӯзҳои мо зиёд дар ҳаракат набуданд.  Барои он ки  нақлиёти роҳгузаре пайдо намоем, соатҳои зиёде интизорӣ кашидан зарур меомад. Ман бошам хеле шитоб доштам. 
Он солҳо ҳамарӯза ба фурудгоҳи ноҳия, ки дар мавзеи Дашти Луч воқеъ буд, тайёраи мусофирбари «Ан-2» танҳо субҳ парвоз карда меомад.   Бо ин тайёра  ба шаҳри Душанбе  фиристондани   шарбати  шаҳтут дер шуда буд. Ҳамон солҳо боз як тайёра парвоз мекард ва рӯзномаву маҷаллаҳо, мактубҳо, инчунин, дигар равонакҳоро аз Комсомолобод, (Нуробод), Тавилдара ва Сағирдашт сар карда, то ба  Ванҷу Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бурда мерасонд.  Мардуми маҳаллӣ онро хаткашон меномиданд. Саъю талош ва умедам ин буд, ки  ҳамин тайёраро, ки баъди нисфирӯзӣ аз шаҳри Хоруғ бармегашт,  дарёб намоям.
Бо ҳамин мақсад дар сари роҳ зиёда аз як соат интизорӣ кашидам. Ҳамин вақт Ислом Ҷонмаҳмадов мушкилиро осон кард. Ба мототсикли сечархааш нишастам ва баъди  яку ним соат   ба фурудгоҳ  расидем, аммо тайёраи  хаткашон аллакай  дар фазо чарх мезад. Сардори фурудгоҳ, марди хеле наҷибу ҳимматбаланд ва кордон Аҳмад Маҳмадов (равонашон шод бод),  ки дар раёсати ҳавонавардии Тоҷикистон хеле ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд, моро дида, гуфт, ки дер кардед. Аз гапаш  фаҳмидем, ки  аз қазияи мо огоҳ аст. Маълум шуд, ки ӯро роҳбари ноҳия Ғулом Ҷумъаев хабардор карда будааст. 
Аҳмад Маҳмадов лаҳзае фикр карда, зуд вориди ҳуҷраи мухобирот бо  сарнишинони тайёра гардид. Ба онҳо ҳамагӣ як дақиқа чизе гуфт ва хушҳолона асбоби мухобиротро ба ҷояш гузошт. Тайёра хати парвози худро  тағйир дода, ба фурудгоҳ баргашт. 
Бо сарнишинҳо гапро пазондани  сардори фурудгоҳи Дашти Луч, аз тори ағбаи Хобу Рубот баргаштани тайёра аз он далолат мекард, ки ҳамагон устод Мирзо Турсунзодаро дӯст ва гиромӣ медоранд.  Барои худ бахт ва ифтихори баланде медонистанд, ки ба ин марди шариф хизмат мерасонанд. 
Аз он рӯзгорон зиёда аз панҷоҳ  сол сипарӣ гардидааст. Бачаҳои он вақтҳо даҳ - дувоздаҳсола Саъдӣ, Юсуф, Амришо, Раҳмон, Раҳмиддин,  Зайдулло, Аслон ва Шермаҳмаду Саидшо  ва дигарон акнун мардони калонсоланд.   Дар  Дарвоз, шаҳри Душанбе ва  минтақаҳои дигари кишвар кор ва зиндагонӣ мекунанд. Онҳо аз он ифтихор доранд, ки дар дами сапедадам баҳри  ҷомаи амал пӯшидани орзуи адиби забардасти  тоҷик устод Мирзо Турсунзода  хизмати хоксоронае кардаанд.
 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед