мулоқотҳо
Ҳисоботи телефонии раисони вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ба Сардори давлат
13 апрел ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ Ҳамид Абдуллоев ва Султон Валиев оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир телефонӣ ҳисобот доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои зарурӣ баҳри бартараф намудани оқибатҳои боришоти шадиди борон ва обхезӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Шӯрообод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон муташаккилона ба роҳ монда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки баҳри ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳолии зарардида, хусусан дар ноҳияи Восеъ ва тезонидани корҳо баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки ба комиссияи ҳукуматӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баҳри босамар анҷом додани вазифаҳо оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми зарардида ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1935