logo

фарҳанг

КЛУБҲО. ТАҲҚИҚЕ ДАР ҲАСТИВУ НЕСТИИ ОНҲО

Дар ҳаёти мардуми деҳот набудани муассисаи фарҳангӣ - фароғатӣ ин худ як мушкилест. Воқеиятро агар бигӯем, ҳоло дар деҳот маконе, ки мардумро ба ҳам орад, завқи фарҳангиашонро тарбияву боло бубарад, вуҷуд надорад. Ин, аслан, рисолати клубҳои деҳот аст, вале онҳо дар ин росто, ба таври зарурӣ  фаъолият наменамоянд. Буданашон  мақоли маъруфи халқ: «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!» - ро ба хотир меорад. Ҳол он ки  дар замони худ ин  клубҳо  дар наздашон китобхона, курсҳои рассомӣ, гӯшаи иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, чойхона, толори калони намоиши кино ва консерт доштанд. Хулоса, тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ маҳз дар клубҳо роҳандозӣ мешуданд. Бахусус, бо «кружок» - ҳои зиёди тарбияи худшиносиву ватанпарастияшон барои қисми фаъоли хонандагони наврас «мактаби дуюм» - ро мемонданд. Имрӯз чӣ? Мутаассифона, эътироф бояд кард, ки маҳз бо сабаби аз фаъолият боз мондани чунин муассисаҳои ҷомеапарвар, солҳост дар деҳот насле ба воя мерасаду зиндагӣ мекунад, ки аз хизматрасонии муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ бебаҳра аст. Аз дидани чунин вазъ кас ба андеша меояд, ки масъулони сиёсати фарҳангии кишвар ин ҳамаро нодида мегиранд. Агар чунин нест, пас чаро бисёре аз клубҳои деҳот солҳо дари худро ба рӯи тамошогарон боз намекунанд? 
 
КЛУБҲО КУҶО ШУДАНД? Ё БА АМОНАТИ ДАВЛАТ КӢ ХИЁНАТ КАРД?
Дар кишвар ҳоло 395 клуб мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ, то соли 1991 шумораи ин муассисаҳо 1433 адад буд. Соли 1994  клубҳо дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шуданд. Пас аз ин,  муассисаҳои мазкур на танҳо рӯ ба таназзул ниҳоданд, балки қариб аз байн рафтанд. Тибқи маълумоти дастрас шумораи клубҳо дар соли 2000 – ум 1062 ададро ташкил медод ва он дар семоҳаи аввали соли 2016  - ум 430 адад кам гардидааст. Рақамҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки танҳо дар 4 соли охир, яъне аз соли 2016 то соли 2020 теъдоди ин муассисаҳо, ки моликияти давлатанд, якбора 35 адад кам гардиданд. Ин рақам хоҳ - нохоҳ дар зеҳн чунин пурсишро ба вуҷуд меорад: «Клубҳо куҷо шуданд? Ё ба ин амонати давлат кӣ хиёнат кард?»  Воқеан ҳам, Вазорати фарҳанги кишвар якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин пурсишҳо чӣ посух мегуфта бошанд? 
 
395 КЛУБ ДАР КАДОМ ҲОЛ АСТ?
Аз суҳбат бо Нуралӣ Мирзоалиев,  сардори раёсати муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатии Вазорати фарҳанг маълум шуд, ки ҳолати 395 клуби то имрӯз боқимонда низ, чандон хуб нест.
- Аз ин теъдод, ҳоло 23 - тои он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 83 - тои дигар ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Яъне,  ҳоло  танҳо  289  клуб  имкони фаъолият дораду халос, - гуфт ӯ. 
Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки нигоҳубин ва шикасту рехти клубҳо бар дӯши онҳост, даҳсолаҳои охир на танҳо дар деҳаҳо чунин як марказ бунёд нанамуданд (бошад ҳам, шуморашон хеле каманд), балки натавонистанд клубҳоеро, ки аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондаанд, ба таври бояду шояд ҳифз созанд. Умуман, дар ин росто, то имрӯз кори чашмрасе ба анҷом нарасидааст. Барои ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамеша ё пул надоранд, ё ҳавсала, ё ҳамеша баҳонаи дигаре пеш меоранд.
 
АЗ КЛУБҲОИ «МАҶОЗӢ» - И НОҲИЯИ РӮДАКӢ  ТО КЛУБҲОИ ТАЪМИРТАЛАБИ ШАҲРИ ҲИСОР
Ҳарчанд дар рӯйхати муассисаҳои фарҳангии наздиктарин ноҳияи пойтахти кишвар - Рӯдакӣ 11 клуб сабт гардида бошад ҳам, онҳо бинои асосӣ надоранд. Ва ин клубҳои аслан вуҷуднадошта, дар қасри фарҳанги ноҳия мутамарказонда шудаанд. Хандаовар ҳам бошад, аммо бовар кунед, клубҳо яктоӣ воҳиди корӣ доранд ва онҳо роҳбарони маошгири ин муассисаҳои «маҷозӣ» мебошанд.   
- Дар ноҳия, қаблан 15 ҷамоат буд ва дар назди  ҳамаи ин ҷамоатҳо клубҳо вуҷуд доштанд, аммо бо сабабҳои номаълум биноҳои онҳо аз байн рафтанд, - гуфт зимни суҳбат Раҳмони Раҳим, корманди бахши фарҳанги ноҳия. 
Ҳини суҳбат бо Раҳмони Раҳим чашмам нохост ба девори ҳуҷраи кориаш уфтод. Дар он низомномаи муассисаҳои клубӣ, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро танзим менамояд, сабт гардидааст. Аз ҷумла, дар банди дуюми муқаррароти умумии низомномаи рӯи девор омада: «Мақсади муассисаҳои клубӣ қонеъ гардондани ниёзҳои фарҳангиву фароғатии шаҳрвандон, инъикоси истеъдод, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангиву маънавӣ, таъмини пешрафти фарҳанги сокинони Тоҷикистон, инчунин, ба ҷаҳониён шиносондани фарҳанги гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистониён ва пайвастани он ба фарҳанги башарист». Аммо, гумон аст бо чунин шароити кор кормандони бахши фарҳанги ноҳия ба ин мақсад бирасанд.   
Вазъияти клубҳо дар ноҳияҳои дигар аз ин беҳтар нест. Ба иттилои Парвиз Пӯлодӣ, сардори бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, дар   ҷамоатҳои шаҳр ҳоло 11 клуб мавҷуд бошад ҳам, дар аксари онҳо роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ ғайриимкон аст. «Ин муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, ки, аслан, мероси замони шӯравианд, ҳоло ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд», - гуфт ӯ. 
Ин мушкил, ки кулли клубҳои боқимондаи деҳотро домангир аст, сабаби аслии солҳо аз фаъолият бозмондани онҳо гардидааст. Ҳузновар аст, ки  мушкили зикршуда дар навбати худ дар деҳот мушкили дигар эҷод намуда, ки он хало аст, халои фарҳангӣ. Ва солҳои охир дидем, ки бо ин сабаб, баъзе аз ҷавонони мо – хусусан, аз деҳоти дурдаст ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, рӯзгори худ ва наздиконашонро тира намуданд. Танҳо ҳамин далел кофист то хулоса намоем, ки ҷои ин муассисаҳо дар деҳот холист ва на телевизиону радио ва на интернет то имрӯз ин холигиро пур наменамоянд. Имрӯз ҷаҳон дар гирдоби буҳронҳо фурӯ рафтааст, ки  он танҳо буҳрони сиёсиву молиявӣ нест, балки буҳрони ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ ба шумор меравад. Дар чунин шароите, ки мо бештар аз пештар ба клубҳо ниёз дорем, ин муассисаҳо дар деҳот солҳост дари худро ба рӯи тамошогарон намекушоянд. Ва ҳоло суоли матраҳ ин аст: сиёсати фарҳангии кишварро дар деҳот, ки 70 дарсади шумораи умумии аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият дорад, кадом муассиса бояд пеш бубарад?
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 1221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед