logo

иқтисод

МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ ОН

Солҳои охир мушкилоти экологӣ характери глобалӣ пайдо карда, ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Биосфера сарҳад надорад, аз ин рӯ, бисёр масъалаҳои экологӣ ҳалли худро танҳо бо саъю кӯшиши якҷоя дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ пайдо карда метавонад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои бисёрҷабҳаи экологӣ фаъ-олона ширкат меварзад. Аз ҷумла, соли 1995 Тоҷикистон Конвенсияи СММ-ро «Дар бораи гуногунии биологӣ» эътироф карда, узви комилҳуқуқи он гардид. Ғайр аз ин, ҷумҳуриамон то кунун дар самти ҳифзи муҳити зист Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим, Конвенсия оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва дигар санадҳои байналмилалиро қабул намудааст. Дар ҳамаи конвенсияҳои мазкур гурӯҳи кории ҳукуматӣ фаъолият мебарад, ки он стратегия оид ба нигоҳдории муҳити зистро дар байни кишварҳо таҳия месозад.
Ба ҷуз ин, солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи бехатарии гуногунии биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳо», «Дар бораи олами ҳайвонот», Кодексҳои ҷангал ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор барномаҳои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошанд. 
Табиат ба Тоҷикистон манзараҳои аҷибро, ки шурӯъ аз биёбон ва нимбиёбонҳо то қуллаҳои барфию кӯҳҳои баланд, ҳадия кардааст. Арчазори ҳамешасабзи Тоҷикистон яке аз намудҳои асосии ҷангалзорҳо ба шумор мераванд, ки масоҳати имрӯзаи онҳо беш аз 159 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Гуногунии олами ҳайвонот дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба гуногунии манзараҳои табиӣ вобаста аст. Дар  ҳудудҳои табиии махсус мушоҳидашаванда зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти бесутунмуҳра зиндагӣ мекунанд. Дар назди кӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ 85 намуди ширхӯрон мавҷуданд, ки дар байни онҳо гавазни бухороӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ, силовсин, хирси бури тяншонӣ, кафтари рах-рах, архари помирӣ, бузи пармашох (морхӯр) ва ғайра маскан гирифтаанд, ки онҳо намояндагони таҳҷоӣ ба шумор рафта, ба Китоби  сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд. 
Дар ҳайати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чор мамнӯъгоҳи давлатии табиӣ, як парки миллӣ, як парки табиӣ, як парки табииву таърихӣ, се минтақаи табиии рекреатсионӣ, зиёда аз бист минтақаи фароғативу маданӣ, сенздаҳ парваришгоҳи давлатии табиӣ ва зиёда аз шасту ду ёдгории табиӣ дохил мешавад, ки дар худ экология, таърих, фарҳанг ва арзишҳои тандурустиро таҷассум менамоянд ва моҳияти умумимиллӣ доранд.
Аз сабаби нарасидани захираҳои барқ ва ҳолати душвори иқтисодию иҷтимоӣ, сарфи назар аз тадбирҳои пешбинишуда, аҳолии маҳаллӣ маҷбур аст, ки дарахтонро барои гармшавӣ ва тайёр кардани маводи сохтмонӣ истифода барад, ки ин ҳолат ба нобудшавии ҷангалҳо ва олами ҳайвоноту парандагон оварда мерасонад. Истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ ба он оварда расонд, ки як қатор намудҳои ҳайвонот ва наботот камёб гашта, қисме аз онҳо дар ҳолати нобудшавӣ қарор гирифтаанд.
Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ниҳодҳои марбута чорабиниҳои гуногунро оид ба бунёди хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши экологӣ, таҳияи консепсияи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳияи нақшаи дурнамои идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, дарёфти манбаъҳои алтернативӣ барои зиндагонӣ бо роҳҳои қарздиҳии хурд ба аҳолии минтақа ва ғайраро амалӣ менамоянд. Бовар дорем, ки лоиҳаву барномаҳои дар ин самт амалишаванда ҳадафрас хоҳанд буд ва ҳамватонони мо умда будани мушкилоти экологиву андешидани чораҳои заруриро дарк намуда, ҷиҳати нигоҳ доштани табиат ва беҳбуди вазъи муҳити зист барои наслҳои имрӯзу оянда саҳм мегиранд.   
 
Рустамҷон БОБОЕВ, 
муовини директор оид ба тарбияи МТМУ № 4, ш. Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 1279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед