logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. МУКОЛАМАИ ТАЪРИХИИ ДУ АБАРМАРДИ МИЛЛАТСОЗ

Хонандаи азиз! Ин мақола дар асоси суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (20 октябри соли 2010, бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур) ва маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи марказии Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (28 феврали соли 1937, бахшида ба қабули лоиҳаи Коститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод) таълиф шудааст. Ҳамчунин, дар мақола порчаҳо аз номаи машҳури Ш. Шоҳтемур ба номи И. В. Сталин (соли 1926), мақолаи ӯ: «Фирдавсии замони худ бошед» (маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», №№ 11 - 12, с. 10 - 11, с. 1934) истифода шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон: "Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст.
Баррасии аснод ва маъхазҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки дар он марҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд дар масоили шинохти миллият ва шумораи аҳолӣ манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по зананд.
Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан, тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкори ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд".
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Давлати коргару деҳқони Тоҷикистон аз қисмҳои пора - поракардашудаи халқи Тоҷикистон, ки аз тарафи амирон, бекон, муллоён аз ҳам ҷудо шуда буд, ба вуҷуд омадааст.
Як қисми халқи тоҷикро, ки дар Шимоли Тоҷикистони ҳозира, дар кишвари собиқи Тоҷикистон зиндагонӣ мекарданд, мустамликачиён одатан «сарт» меномиданд.  
Дар баробари ин, амалдорони тсар ва амир, феодалҳо ва бойҳо ва рӯҳониёни мусулмонҳо ба иттифоқи миллат бо ҳар роҳ монеъ мешуданд, душмании миллиро бо ҳар роҳ ривоҷ медоданд, як миллатро ба муқобили миллати дигар, як тоифаро ба муқобили тоифаи дигар шӯр медоданд, зеро, ки фақат ба ҳамин шарт онҳо метавонистанд оммаҳои халқро бемамониат истисмор намоянд ва дар зери итоат нигаҳ доранд.
Чунончи, бекҳои амир бо ҳамин мақсад, фуқарои Дарвозро аз чарогоҳҳояшон маҳрум карда, он чарогоҳҳоро ба бадали пора ва ришва ва ба бадали андози «хасона» ба феодалҳои бузургу бекҳо медоданд. 
Чунин аҳвол дар амлоки собиқаи Обигарм ҳам мавҷуд буд, ки чарогоҳҳоро ба ҳамон асосҳо ба боён медоданд ва дар натиҷаи ин ҳеҷ меҳнаткаши тоҷик ва ӯзбек дар он ҷо ҳайвоноти худро чаронда наметавонист. Дашти Будана ғайр аз ин, замини ҳосилхези ғалла ҳам буд, вале ҳеҷ вақт, ҳеҷ як тоҷики дар атрофи Дашти Будана зиндагӣ мекардагӣ, ҳақ надошт, ки дар ин дашт кишт кунад..." 
Эмомалӣ Раҳмон: "Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шурӯъ гардида, доираҳои муайян бо ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро ба забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боздоранд". 
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Забони тоҷикӣ баъд аз тақсимбандии Осиёи Миёна ба таъқиби боз ҳам бераҳмонатар дучор шуд. Дар вақти тақсими миллию ҳудудӣ, моҳи августи соли 1924 собиқ ТуркТСИК ниҳоят дар пленуми охиринаш иқрор гашт, ки дар Туркистон халқияти тоҷик вуҷуд доштааст ва қайд шуд, ки барои хизматрасонӣ ба он таъсиси донишгоҳи омӯзгорӣ зарур аст. Ин донишгоҳ то охири декабри соли 1924 дар Тошканд таъсис ёфт. Феълан дар он 171 нафар толибилм таҳсил мекунад... Моҳи сентябри ҳамин сол дар шаҳри Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» оғоз ёфт, вале паҳншавии он ба таври ғайрирасмӣ манъ мешавад... 
Ҳамин тавр, дарсдиҳӣ ба забони модарӣ, таълими забони модарӣ на фақат дар мактабҳои тоҷикие, ки аз ҳисоби давлат ва буҷети маҳаллӣ амал мекунанд, манъ аст, балки дар мактабҳое, ки дар заминаи воситаҳои аз заминҳо ва молу мулки ташкилотҳои динӣ (вақфӣ) бадастомада фаъолият доранд, иҷозат дода намешавад".
Эмомалӣ Раҳмон: "Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд".
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Соли 1929 бо хоҳиши сокинон ва меҳнаткашон ноҳияҳои ҳозираи шимоли Тоҷикистон Ленинобод (Хуҷанди собиқ), Нов, Конибодом, Исфара ва Ашт ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, Ҷумҳурии мустақили советии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд, ки дар Сессияи навбатии КИМ ИҶШС тасдиқ гашт...
Фаромӯш набояд кард, ки таъсиси ҷумҳурии миллӣ бо роҳи муборизаи беамон ба даст омадааст. Халқи тоҷик душманони зиёде доштааст, ки мехостанд бо ҳар роҳ ба озодии онҳо монеъ шаванд. 
Сиёсати пантуркистҳо, панисломистҳо, ҷадидҳо, миллатчиёни буржуазӣ фақат бар зидди тоҷикон буд. Ҳамаи ин неруҳо тавлидгари босмачигарӣ дар Тоҷикистон буданд, ки ҷумҳуриро то ин қадар ба қафо кашид. Ҷанги хеле тӯлонии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмони давлатиро сахт ба қафо партофт. Тоҷикистон дар муқоисаи дигар ҷумҳуриҳои советӣ ба ҳаёти осуда хеле дер баргашт. Ҳаминро гуфтан кофист, ки агар дар дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ соли 1925 давлатикунонии замин, ба деҳқонон додани он ба итмом расида бошад, дар Тоҷикистон тамоми неру зидди маҳви босмачигарӣ равона шуда буд". 
Эмомалӣ Раҳмон: "Ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард. Ӯ аз тоҷик будани худ  ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш  меболид".
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Ҳалли масъалаи тоҷик барои тамоми ИҶШС аҳамияти калонеро дорост. Зеро, ба ҷуз Осиёи Миёна, тоҷикон қисмати бузурги сокинони давлатҳои ҳамсояро (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон) ташкил медиҳанд... Агар мо чунин таҳлил кунем, мақсадамон боз ҳам фаҳмотар мешавад.
Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон собиқ Бухорои Шарқӣ, Кӯҳистони Бадахшон (Помири ғарбӣ) ва баъзе навоҳии собиқ вилояти Самарқандро муттаҳид месозад. Ин қисми аҳолии тоҷик асосан ба деҳқонӣ машғул буда, ҳам аз рӯи тарзи зиндагӣ, ҳам аз рӯи иқтисодиёт як дараҷа ақибмонда аст. Тоҷикони нисбатан мутамаддин ва муташаккил (аҳолии шаҳрӣ, одамони машғул ба тиҷорат, саноат, ҳунармандӣ ва зиёиён) ҳамаашон дар қаламрави Ӯзбекистон мондаанд...". 
Эмомалӣ Раҳмон:  "Ӯ ҳамчун роҳбари покзамиру ватанпарвар ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босуботу ҳамаҷонибаи мамлакатро бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ тасаввур кардан амри маҳол аст".
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Як мушкили аслии кори мо ин камбуди кадрҳои миллӣ буд, ки он замон теъдодашон ночиз буд. Бахусус, дар маҳалҳо, дар ноҳияҳо одамони саводнок, ки ба онҳо корро бовар карда супурдан мумкин бошад, хеле кам буданд. Ин чизро аксари вақт босмачиён ва душманони давлат дастак мекарданд ва аз он истифода мебурданд.
Дар солҳои баъд аз инқилоб саводнокии омма аз 0,5 ба 39 фоиз афзуд. Соли 1935 дар Тоҷикистон 5000  мактаби ликбез фаъолият мекард, ки 167 ҳазор кас, аз он ҷумла 47 ҳазор занро, фаро гирифт. Мо воқеан, инқилоби иҷтимоӣ ба вуҷуд овардем. Занҳое, ки қаблан ҳуқуқи хондан надоштанд ва ба ҷаҳон аз паси панҷараи тираи фаранҷӣ нигоҳ мекарданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Ҳоло мо шабакаи донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ дошта, корҳои таҳқиқотиро ба роҳ мондаем. Дар ҷумҳурии мо ду институти педагогӣ, институти хоҷагии қишлоқ, 29 техникум, аз ҷумла 3 техникуми занонаи педагогӣ, вуҷуд доранд. Дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дар соли 1936 ҳудуди 1400  ва дар техникумҳо қариб 5000 нафар таҳсил мекунанд. Теъдоди зиёди донишҷӯён дар донишгоҳҳои Москва, Ленинград,  Боку,  Тошканд таҳсил менамоянд". 
Эмомалӣ Раҳмон: "Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун арбоби сиёсӣ хуб дарк менамуд, ки бе пуштибониву дастгирии аҳли зиё ва неруҳои маънавию зеҳнӣ, ҳамчунин, бе интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ маънӣ ва моҳияти сохти нави иҷтимоиро ба мардуми тоҷик пурра фаҳмондан аз имкон берун аст".
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Фарҳанги шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистии мо босуръат нумӯ мекунад. Танҳо дар 5 соли охир барои рушди фарҳанг ва маданият 326,5 миллион рубл сарф шудааст. Нишондиҳандаи асосии инқилоби фарҳангӣ ин сохтмони мактабҳо аст. Агар дар соли таҳсили 1924 - 1925 мо ҳамагӣ 25 мактаби нахустини советӣ бо 774 талаба дошта бошем, соли 1935, аллакай, 2583 мактаби ибтидоӣ,  24 миёнаи нопурра, 7 мактаби пурраи миёна амал мекард, ки дар онҳо 137,6 ҳазор талаба, аз ҷумла 49  ҳазор духтар, фаро гирифта шуд.
Дар бораи рушди китобхонаҳо мо аз рӯи ин шумораҳо андешаронӣ мекунем: агар дар солҳои  1927 – 1928 ҷумҳурӣ танҳо як китобхона дошта бошад, соли 1935 дар Тоҷикистон шумораи онҳо ба 77 адад расид. Дар ин китобхонаҳо зиёда аз 200 ҳазор ҷилд китоб нигоҳ дошта мешуд.
Мамлакати мо ҳоло бо номҳои чунин шоирони бузург - ордендорон Лоҳутӣ ва Айнӣ фахр мекунад. Дар Тоҷикистон шоирони ҷавон ба воя расиданд: Ғанӣ ва Рашид Абдулло, Туйғун, Миршакар, насрнависон Каримзода, Икромӣ, Раҳим Ҷалил,  драматург Усманов, мунаққид Улуғзода ва бисёр дигарон. Ба забони тоҷикӣ чандин тарҷумаҳо аз забонҳои русӣ ва хориҷӣ нашр шуданд. Танҳо соли 1935 ним миллион китоби адабӣ ба нашр расидаанд.
Дар нимаи моҳи декабри соли 1925  дар зери борони тири босмачиҳо дар болои корвони уштурҳо дастгоҳҳои нахустин матбаа ба Душанбе оварда шуд. Ҳоло калонтарин комбинати полиграфӣ ба кор сар кард, ки  5 рӯзномаи марказиро чоп мекунад. Дар ноҳияҳо 31 номгӯй рӯзномаи бисёртиража мебароянд. Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар соли 1935-ум  205 номгӯй китоб бо теъдоди умумии  2,25 миллион адад аз чоп баровард". 
Эмомалӣ Раҳмон: "Бо вуҷуди маҳдудияту мушкилоти замон ӯ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ истода, соли 1934 ҷашни 1000-солагии бузургдошти шоири оламшумули тоҷику форс Абулқосими Фирдавсиро баргузор менамояд...". 
Шириншоҳ Шоҳтемур: "Ба гузарондани ҷашни ҳазорсолагии Фирдавсӣ бояд аз нуқтаи назари миллӣ нигоҳ кунем. Зеро тоҷикон бо забоне гап мезананд, ки Фирдавсӣ бо ҳамон забон “Шоҳнома”-ро навишта буд. Шумо дар ҳар ҷо дида метавонед, ки деҳқонони Тоҷикистон аз “Шоҳнома”- хабар доранд. Агар бесавод бошанд ҳам, баъзе порчаҳои “Шоҳнома”-ро аз ёд гуфта медиҳанд. “Шоҳнома”-и Фирдавсиро дар тамоми кӯҳсорҳои Тоҷикистон ҳоло ҳам мехонанд. Ҷавонони мо ва, хусусан, нависандагони мо бояд инро бидонанд". 
 
Қурбон АЛАМШОЕВ, шаҳри Хоруғ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2021    №: 80    Мутолиа карданд: 1033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед