logo

сиёсат

СОЗИШ ОИД БА ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҲОҶИРАТ

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ музокироти Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор шуд. 
Сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ФР Валентина Казакова зимни изҳороти матбуотӣ иброз дошт, ки  гуфтушунидҳои дурӯза баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар самти муҳоҷирати корӣ дар бар гирифт ва имкон дод, ки масъалаҳои вобаста ба баъзе мушкилоти муҳоҷират ҳалли худро пайдо намоянд.
- Қабл аз ҳама, мо амалисозии фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус»-ро баррасӣ кардем, ки ба қонунгузории муҳоҷират дар давраи пандемия рабт дорад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бевосита дахл дорад. Тавре медонед, аз  15 марти соли гузашта Федератсияи Россия оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ чораҳои бесобиқа меандешад. Дар ин давра амали ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда қатъ, муҳлати будубош тамдид ва мақсадҳои воридшавӣ тағйир ёфтанд. Бо назардошти он ки сафарҳои мунтазам бо Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор гардиданд, муддати баргаштани муҳоҷирон 90 рӯзро ташкил медиҳад. Яъне, то 30 июн шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳал намоянд.
Ғайр аз ин, мо масъалаҳои бастани шартномаҳо оид ба як қатор уҳдадориҳо байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардем. Шартномаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд ва онҳое, ки  бояд ба Ватан баргарданд, муқаррар шаванд,- таъкид кард номбурда.
Дар музокирот, инчунин, вобаста ба таъсиси намояндагии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳамкориҳои дар самти  рақамкунонӣ, қонунгузории нафақа гуфтугӯ сурат гирифт. 
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ гуфт, ки барои ҳамкории густурда дар оянда созиш ба даст омад. Барномаи мушаххас муайян шуд, ки тибқи он ду – се моҳи оянда ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо аз ҷониби худ барои амалисозии ҳамаи чорабиниҳое, ки вобаста ба ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират барномарезӣ шуданд, кӯшиш хоҳем кард. 
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2021    №: 80    Мутолиа карданд: 726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед