logo

ҳуқуқ

РОҲУ НАҚЛИЁТ. ТОҶИКИСТОН 20 ЗИНА БОЛО РАФТ, САНАДИ НАВ БА ТАСВИБ РАСИД

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди устувор ва бемайлони соҳаи нақлиёту роҳдорӣ диққати махсус дода мешавад. Аз ин ҷост, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА барои 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ равона гардида, зиёда аз 2200 километр роҳи автомобилгард, 300 пул, 5 нақби мошингузар, 3,4 километр долонҳои зидди тармавӣ бунёду таҷдид, инчунин, 601 техникаю таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харида шуданд.
Ин нуктаро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар, зимни қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар парлумон ироа намуд.  
Лоиҳаи қонун бо мақсади ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои такмил, танзиму ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ, рушди роҳҳои автомобилгард ва истифодаи онҳо, қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин, дар доираи меъёрҳои конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Таҳия ва қабули лоиҳаи қонун мувофиқ ба талаботи замони имрӯза буда, бо назардошти ҷорӣ гардидани механизмҳои муосири идоракунӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин, иншооти роҳдорӣ ва шарикияти давлат бо бахши хусусиро дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, таъмиру навсозии роҳҳои автомобилгард, кӯча, иншооти роҳдорӣ, хизматрасонии ҳамшафати роҳ, ҳамчунин, мутобиқати онҳо ба талаботи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмину танзим менамояд. 
- Бо қабули он, баҳсҳои пайваста байни шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва сохторҳои давлатӣ, ба монанди тобеият ва ба намудҳо ҷудо кардани роҳҳои автомобилгард, сохтмони иншоот дар ҳамшафати роҳҳо, инчунин, монеаҳои маъмурӣ дар самти ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ба категорияҳо ҷудо намудани воситаҳои нақлиёт ва мухолифат дар муқаррароти санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, яъне ба муқаррароти Кодекси нақлиёти автомобилӣ мутобиқ намудани меъёрҳо танзим хоҳад шуд, - иброз дошт вазири нақлиёт.
Маврид ба зикр аст, ки таҳия намудани заминаи ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи роҳдорӣ масъалаи муҳими рушди тиҷорат ба ҳисоб рафта, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти кишвар, рушди содироти маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бевосита мусоидат менамояд.
Ба андешаи Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонуне, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, барои танзим ва пешбурди фаъолияти роҳдорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро пеш меорад. Барои тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ ва татбиқи иқтидорҳои транзитие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, шароит фароҳам меоварад. 
Қабули лоиҳаи қонуни нав дар ҳолест, ки айни замон дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 694,5 миллион доллари ИМА мавриди иҷро қарор дорад. Маҳз тавсеаи фаъолияти ободкорию ояндасозӣ дар партави дастуру ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи роҳу нақлиёт имконият фароҳам сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо ахиран 20 зина боло рафта, миёни 141 давлат дар мақоми 50-ум қарор гирифт.
Тибқи арзёбии форуми ҷаҳонӣ бошад, имсол кишвари мо аз ҷиҳати сифати инфрасохтори роҳҳо 32 зина боло баромад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2021    №: 80    Мутолиа карданд: 3101
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед