logo

фарҳанг

ТАХТИ САНГИН

Миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги оламшумул буда, дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми арзанда дорад. Ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии мо пайвандгари дирӯзу имрӯзанду  саҳифаҳои рангини таърихи чандҳазорсолаи миллатро бозгӯ. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” бахшида ба фархундаҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рубрикаи “30 ганҷи Тоҷикистон”-ро барои алоқамандони худ пешниҳод менамояд. 
Ганҷинаи беҳамтое, ки бо номи Хазинаи Амударё (Клад Окса) ёд мешавад ва дар Осорхонаи миллии Британияи Кабир маҳфуз аст, дар наздикии шаҳраки Тахти Сангин соли 1877 милодӣ аз тарафи сокинони маҳаллӣ пайдо гашт. Хазина иборат аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллову нуқра ба тоҷирони бухороӣ фурӯхта мешавад. Сипас, мустамликадорони англис дар Ҳиндустон қисми бештари онро аз ин тоҷирон харида, ба Британияи Кабир интиқол медиҳанд. Тангаи навтарини хазина ба соли 200 пеш аз милод мансуб аст. Дигар ашёи тиллою нуқрагӣ, ба мисли зарфҳо, ҳайкалчаҳо, дастмонаҳо ва гемаҳо (ҷавоҳири ҳаккокишуда) ба қарни  IV – II то милод тааллуқ доранд. 
Маҳз Хазинаи Амударё боис шуд, ки бостоншиносон ба Тахти Сангин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро олимон макони дарёфти маснуоти хазинаро соҳили рости рӯди Ому муқаррар карданд. Дар ин хусус, сайёҳони қарни XIX вохӯрдани харобаҳои ду ёдгориро дар як маҳал, ки масофаи байнашон 5 – 6 километр аст, дар навишта ва харитаҳои худ ёдрас шуда буданд. Он харобаҳо бо номҳои Тахти Сангину Тахти Қубод маъруфанд. Таҳқиқи ёдгории Тахти Сангин аз соли 1976 шурӯъ гашт.   
Тахти Сангин маъбади бузурги Ому (Храм Окса) буда, ба асрҳои IV пеш аз милод ва III милодӣ рост меояд. Он ба шарафи Олиҳаи Ому (дар замони Юнону Рум дарё Окс ном дошта, муқаддас шумурда мешуд) бунёд гардид. Ёдгорӣ дар қисмати шарқии ноҳияи Қубодиён, пушти қаторкӯҳи Тешиктош (Рафеъ), соҳили рости саргаҳи рӯди Ому ҷойгир аст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ собит намуданд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудаанд. Бинобар ин, онро Тахти Сангин ном карданд. 
Маъбад пурра аз санг буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз боқӣ мондааст. Ҷиҳати дигари ҷолиби ёдгорӣ дар он аст, ки то ҳол бо кадом асбобу олот омода шудани хиштҳои бузург ва деворҳои сангии он маълум нест. Он дар якҷоягӣ бо Тахти Қубод ба воситаи деворҳои пурқуввати сангин, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил медод. 
Ба гуфтаи Қувват Додов, собиқадори соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, агар дар гирду атрофи ёдгорӣ ковиш гузаронем, деҳаҳо, роҳравҳо ва манзилҳои одамони даврони қадим ёфт мешаванд. Вале барои ин маблағи зиёд лозим аст. Ба таъкиди ӯ, агар солҳои 1978 – 1985 нафаре ба ин мавзеъ қадам мениҳод, гумон мекард, ки одамони аҳди қадим то ҳанӯз он ҷо зиндагӣ мекунанд. Яъне, ёдгорӣ пурра буд. Вале бо мурури замон ашёву олоти қиматбаҳо аз ин ҷо бурда шуд, сангу хиштҳои он паҳну парешон гашта, танҳо девораҳо боқӣ монданд. Дар зери хок таҳсутун - айвони асосии Тахти Сангин ҷой гирифтааст. Ҳуҷра ибодатгоҳ бо дарозии 11 метр дар қисмати рости ёдгорӣ воқеъ аст. 
Аз Тахти Сангин бозёфтҳои зиёди нодир ба даст омадаанд, аз ҷумла нимпайкара бо тасвири Искандари Мақдунӣ, ҳокими юнонӣ (сатрап), ғилофи акинак. 
Нигораҳо шаҳодати авҷи аълои ҳунари заргарӣ, рассомӣ, маъдангудозӣ, сохтани афзорҳои филизии рӯзгор, ороишӣ ва муҷассамасозӣ дар Қубодиёни аҳди Бохтари қадиманд. Инчунин, тангаҳои бешумори аз ин сарзамин ёфтшуда, нишонаи ривоҷи муносибатҳои пулию молӣ, тиҷорат бо дигар кишварҳо мебошанд. Он замонҳо аз ин қаламрав Шоҳроҳи бузурги Абрешим мегузашт ва  Осиёи Миёнаро бо империяҳои Руму Чин мепайваст. 
Ҷоизи зикр аст, ки соли 2009 Тахти Сангин барои шомил намудан ба рӯйхати ёдгориҳои ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки умед аст ояндаи наздик ба сифати мероси башарӣ пазируфта шавад. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2021    №: 80    Мутолиа карданд: 1126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед