logo

иқтисод

СУҒД. БУРДУ БОХТИ СЕМОҲАЕ, КИ ГУЗАШТ

Ба иттилои Зариф Назирӣ, муовини раиси вилояти Суғд, дар се моҳи  соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 100, 1 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 721, 3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба дурнамо 432, 2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бинобар иҷро нагаштани нақшаи андоз дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Айнӣ, Ашт ва Кӯҳистони Мастчоҳ 18,4 миллион сомонӣ ба буҷети вилоят ворид нагашт. 
Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки сарфи назар аз баъзе мушкилиҳои мавҷуда дар иртибот бо вазъи бемории коронавирус дар кишварҳои хориҷӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 479,2 миллион доллари амрикоӣ расонда шуд. Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба беҳтар кардани ҳаҷми содироти хориҷӣ дар вилоят татбиқи воқеии худро дарёфта, бори нахуст дар семоҳаи аввали соли равон бо бештар содир шудани маҳсулоти ватании нахи пахта, калобаи пахтагин, маъдану консентрат ва семент маблағи содирот ба кишварҳои хориҷӣ 134,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришудаи 2020-ум 26,8 миллион доллар зиёд аст. 
Вобаста ба масъалаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, иброз дошт, ки имконоту захираҳои вилоят ҳамоно ба таври нокифоя мавриди истифода қарор мегиранд ва бояд дар ин ҷода бо ворид кардани технологияи пешқадами муосири ҷаҳонӣ номгӯи маҳсулоти ватаниро  афзун бахшида, ҳарчи зиёдтар дар бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбему мавқеи устувор пайдо кунем. Дар ин самт минтақаи шимоли кишвар метавонад боз содироти маҳсулоти кишоварзиро аз қабили консерваҳои мевагию нӯшобаҳо, меваҳои тару хушки сабзавотро сол ба сол афзун намуда, бо воридшавии асъори хориҷӣ дар ҳамаи бахшҳо муваффақ шаванд. Масалан, танҳо дар семоҳаи соли равон ба хориҷа ба миқдори 173,7 ҳазор доллар пиёз, 381,4 ҳазор доллар хушкмева ва дар маҷмӯъ, ба маблағи 2,7 миллион доллар маҳсулоти соҳа содирот шудааст, ки ин раванд бояд боз ҳам муътадил ва самаровар гардад.
Мусаллам аст, ки рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилоят феълан аз бисёр ҷиҳат ба ҷалби сармоягузории хориҷиву дохилӣ вобаста мебошад. Имрӯз дар шимоли кишвар ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд, ки  натиҷаи мусбат мебахшанд. Дар ин се моҳи соли 2021 дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ вилоят ба он ноил гашт, ки ба иқтисодиёти худ ба маблағи 65,7 миллион доллар ҷалб созад, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 108,0 баробар шуд. Бевосита сармояи мустақими ба иқтисодиёти вилоят ҷалбшуда 27,5 миллион долларро ташкил дод.
Яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои баъдӣ, ин кишварро аз кишоварзӣ ба саноатию кишоварзӣ табдил додан аст, ки хушбахтона, бо қабули ҳадафи  чоруми  миллӣ - саноатикунонии босуръат татбиқи худро меёбад. Дар ин радиф натоиҷи бадастовардаи кормандони соҳаи саноати вилоят назаррас аст. Дар ин фосилаи вақт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 4 миллиарду 368,9 миллион сомонӣ расонда шуд. 
Дар доираи истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, дар се моҳ 31 корхонаву коргоҳҳои нав бо таъсиси 266 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 2 корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250 ҳазор тонна маъдан амалӣ мешавад, ки ба рушди иқтисодии вилоят мусоидат мекунад. Дар ин самт, албатта, камбудиҳои ҷиддӣ низ ба мушоҳида мерасанд, ки бояд ислоҳ шаванд. Масалан, аз рӯи гузориши муовини раиси вилоят Зариф Назирӣ аз 657 корхонаи саноатӣ 190 корхона фаъолият накардааст. Сабабҳои асосии муттавақиф шудани ин корхонаҳоро муовини раиси вилоят, қабл аз ҳама, аз нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд гаштани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани моли тавлидшуда ва нодуруст ба роҳ  мондани  идоракунии корхонаю коргоҳҳо арзёбӣ кард.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба вилоят Суғд, 10 апрел, дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят оид ба рушди бемайлони саноати минтақа ҳарф зада, таъкид доштанд, ки бо назардошти имконоту захираҳои мавҷуда вилоят метавонад ба яке аз  минтақаҳои неруманди истеҳсолӣ табдил ёбад. Ва бо ин васила ҳам талаботи аҳолии вилоятро таъмин созад ва ҳам содироти онро дар дохили кишвар ва хориҷа ба роҳ монад. 
Ба ҳамин хотир, раиси вилоят аз масъулони шаҳру навоҳии вилоят қатъиян даъват ба амал овард, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил дӯхтани либосҳои мактабиро барои  зиёда аз 565 ҳазор хонанда бо риояи талаботи стандартӣ бевосита дар маҳалҳо анҷом диҳанд.
- Бояд ҳамаи 18 шаҳру  навоҳии вилоят ҷиҳати таъмини хонандагон  бо  сарулибоси  мактабӣ коргоҳҳои  дӯзандагии худро дошта бошанд, зеро, ҳамзамон, шароит фароҳам меояд, ки бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд, - гуфт раиси вилоят ва ба масъулини хадамоти гумрук дастур дод, ки воридоти маҳсулоти дигар кишварҳоро роҳ надиҳад. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 1252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед