logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ШАҲРИНАВ

Ҳар лаҳзаи ҳаёти бузургон барои пайравону пасомадагонашон ибратомӯзу роҳнамо ба шумор меравад. Ин суханон ба зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода низ алоқаманданд.
Мардуми суханпарвари тоҷик нисбат ба ашъори аҷиб ва суханони наҷиби ин шоири тавонои дар олам маъруф ҳар замон бо ҳусни таваҷҷуҳ назар менамояд ва ба каломи сеҳрбори ӯ бо муҳаббати самимӣ муносибат мекунад, зеро ба қавли яке аз шогирдонаш сеҳри он калом “аз дида ба дилҳо рафтааст”. Олимон мекӯшанд, ки нуктаҳои нав ба нави лутфи шеъри ӯро кашф созанд, роҳи зиндагияшро бештару равшантар ба ҳаводоронаш пешкаш намоянд ва барои халқи бо ибораи худи устод “табиатан шоир”-аш  пешкаш намоянд. Бо гузашти солҳо ҳар шеър, ҳар сухани гуфтаи абармард, ҳар лаҳзаи зиндагии ӯ бо ҳаёти халқи тоҷику Ватани азизаш пайваста роҳи кишварашро равшантар месозад. 
Эътимод дорем, ки ҳамагон бо роҳи зиндагии устод Мирзо Турсунзода шиносанд.  Дар ҳамаи асарҳои илмии ба ин марди шариф бахшидашуда оғози фаъолияти меҳнатии устод соли 1932  ва ҷойи аввалини кории ӯ рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” оварда шудааст.  Ин ҳақиқати бебаҳс аст, зеро  фаъолияти кории ӯ бевосита пас аз хатми Дорулфунуни муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд бевосита дар ҳамин коргоҳ оғоз ёфтааст. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ низ ин санаву ин мақом бевосита сабт ёфта. Аммо шояд на ҳама донанд, ки устод Турсунзода дар давраи донишҷӯияш барои “ҷунбондани зиндагӣ” дар ноҳияи Шаҳринав муддате кор кардааст. Ин таъкид дар навиштаҳои худи устод ва дар асарҳои тарҷумаиҳолии ба ӯ бахшида сабт  нашудааст. Бояд қайд кард, ки зодгоҳи шоир - деҳаи Қаратоғ аз ҷиҳати тақсимбандии ҳудудҳои марзию маъмурӣ дар солҳои  1924 – 1927  ба тумани Қаратоғи вилояти Ҳисор,  солҳои 1927 – 1959 ба ноҳияи Шаҳринав ва аз соли 1959 бо ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) мансуб буд ва худи устод дар даврони донишҷӯияшон ба ибораи худ (ва тасдиқи устод  Боқӣ Раҳимзода) барои “каме пул захира” кардан дар Шаҳринав кор мекунад. Раҳим Ҷалил дар хотираҳояш бо номи  “Бахти баланди шоир” воқеаҳои даврони ба Хуҷанд (соли 1933) рафтани шоирро ба хотир оварда, аз забони ӯ нақл мекунад: “Соли бисту ҳаштум, дар вақти таътили тобистонӣ ман кор кофта, ба Шаҳринав омадаму ба комиҷроияи район рафтам. Ҳаким Карим дар он ҷо муовини раис буд. Ӯ куҷоӣ ва дар куҷо хонда истоданамро пурсида, ариза нависонд. Навишта ба дасташ додаму муносибаташ якбора гарм шуд.
- Монанди Хоҷаи Хизр пайдо шудӣ, Мирзо, - завқ мекард ӯ. - Котиби масъуламон нозу нузҳои нав бароварда, як рӯз ба кор ояд, ду рӯз наомада, аз ҷонамон сер кардааст. Ту ба пои худат даромада омадӣ. Дар куҷо истиқомат мекунӣ? Ҳамин рӯз ин коғазро мегирӣ. Ба меҳмонхонаи мо меравӣ. Одам ҳамроҳ мекунам. Туро мебарад. Аз он ҷо ҷой мегирӣ. Пагоҳ, бозоргир шуда меоӣ... Кистӣ? Котиби масъул! Магар ин шӯхист? Ҳаким Карим қоҳ-қоҳ механдад. – Ҳусни хати аҷоиб доштаӣ, Мирзо! – аризаро ба даст гирифта аз назар мегузаронад ӯ. Ба ҳамин тариқ, ман ду моҳ вазифаи котиби масъулро иҷро карда, бо Ҳаким Карим кор кардам. Вай ҳамон вақтҳо ҳам навис - навис мекард, ки қитир - қитир меномид”. (“Турсунзода дар ёдҳо”. - Душанбе, 2011, саҳ. 176). 
Инчунин, дар ҳамин ҷо ба шарофати Ҳаким Карим бо устод Лоҳутӣ баргузор шудани вохӯрӣ бо аҳолӣ оварда шудааст, ки дар он Мирзои донишҷӯ иштирок дошт. “Лоҳутӣ боре дар Шаҳринав меҳмони Ҳаким Карим шуданд. Одамон ба як ҳуҷра нағунҷиданд”, - мегӯяд устод ба дӯсташ Раҳим Ҷалил (Саҳ. 177).
Дар Шаҳринав кор кардани устод Мирзо Турсунзодаро дӯсти ҷонӣ, рафиқи наздик ва ҳамкору ҳамболи ӯ - устод Боқӣ Раҳимзода низ дар хотираҳояш чунин овардааст: “Рафиқ Турсунзода гуфтанд, ки ман аз Тошкент (Тоҷикпрос) ба Шаҳринав, ба Қаратоғ ба таътил  омадам ва мехостам, то оғози таҳсил дар ягон ҷо кор кунаму каме пул захира намоям. Аз деҳа ба комиҷроияи Шаҳринав омадам. Ба ман гуфтанд, ки муовини раиси комиҷроия Ҳаким Карим ном шахс аст. Ин ном ба назарам шинос намуд. Эҳтимол ягон  асари ӯро аз газетаҳо хонда будам. Ӯ маро ба наздаш даъват кард, ҳолу аҳволамро пурсид. Мақсадамро гуфтам. Ҳаким Карим ба ман як варақ дод, ки чизе нависаму ҳусни хатамро бинад. Ман бо ҳуруфи арабӣ навиштам, хатам ба ӯ маъқул шуд.
-Бача, бисёр хушхат будаӣ, - гуфт ӯ ва ба китфам зада, ҳамон лаҳза фармон дод, ки муваққатан котибӣ  кунам. Чанд муддат кор кардам.
Ҳаким Карим марди миёнақади чорпаҳлу буд, забони русиро нағз медонист ва ҳама вақт чорафзол мегашт. Зеро замона нотинҷ буд, босмачиҳо ҳанӯз бедодгарӣ мекарданд. Худам ҳам ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ борҳо дар иҳотаи босмачиҳо мондам, лекин отрядҳои ихтиёрӣ ҷонамро халос карданд”. (Боқӣ Раҳимзода “Дӯсти ба ҷон баробарам” // “Турсунзода дар ёдҳо”, саҳ. 193 – 194).
Овардани ин далелҳо дар соли Ҷашни  110 - солагии Мирзо Турсунзода он хотираҳои ҳамқаламу дӯстони ин абармарди олами адабиёт ва мунодии сулҳу дӯстиро ба ҳаводоронаш ва хонандагон пешниҳод кардан аст. Умед аст, ки ин маводҳо барои боз ҳам пурратар кардани як давраи зиндагии ин бузургвор, ки муддате (дар соли 1928) дар ноҳияи Шаҳринав бо Ҳаким Карим кор карда, ба дидори Лоҳутӣ мушарраф гаштааст, ёрӣ мерасонад.
 
Султонмурод ОДИНА, Корманди шоистаи Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед