logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

2 СОЛИ ЗИНДОН
Ба сарбозе, ки аз қисми ҳарбӣ гурехта, даст ба дуздӣ зад
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабси сарбозе хабар дод, ки дар вақти хизмат аз қисми ҳарбӣ фирор карда, даст ба ҷинояти дуздӣ задааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сарбози қаторӣ Кароматулло Буракзода моҳи октябри соли 2020 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ даъват ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ воқеъ дар ҳамин ноҳия ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудааст. Нобурда чанд рӯз баъд аз шомили артиш шудан қисми ҳарбиро худсарона тарк намуда, 17 ноябри соли 2020 дар деҳаи Истиқлол 2-и ноҳияи Рӯдакӣ ҷиноят содир кардааст. Ӯ аз роҳи девор ба манзили истиқоматии яке аз сокинони деҳа ворид шуда, ашёи гуногунро дуздидааст. Вале ҳангоми фирор аз сӯи соҳибхона ва ҳамсояҳо дастгир ва ба дасти милитсия супурда шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 375 қисми 1 ва 244 қисми 2 бандҳои  «в», «г» Кодекси ҷиноятӣ (фирор аз қисми ҳарбӣ ва даст задан ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо ҳукми суди ҳарбӣ К. Буракзода ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ин дар ҳолест, ки сарбози гурезпо қаблан низ ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст.
  
 
ҚАЛЛОБӢ
Боз як "заминфурӯш" ба толори суд рафт
Сардори Кооперативи тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор мешавад.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тавре иттилоъ дода мешавад, Фотима Ҳафизова, сардори кооперативи тиҷоратӣ, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд К. Қарақулова барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 гектар қитъаи замин 4500 сомонӣ гирифтааст.
Дар ин асос нисбат ба Ф. Ҳафизова бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» (қаллобӣ…) ва 3381 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 2992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед