logo

иқтисод

«АНДОЗ АЗ GOOGLE». ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ҒАНИСОЗИИ БУҶЕТ

Моҳи декабри соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ин иқдом ба хотири дарёфти даромадҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ буда, дар сурати ба ҳукми амал даромадан, минбаъд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди «Google», «Apple», «Microsoft», «Facebook» ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонда мешавад.
 
ПЕШНИҲОД АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?
Тасмими андозбандии ин гуна ширкатҳоро Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, ҳанӯз соли 2015 зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд. 
Бино ба пешниҳоди номбурда, вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом меёбанд, ба танзим дарорем. Яъне, мақсад аз ин пешниҳод ширкатҳои хориҷие мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ мекунанд, аммо андозро дар дигар ҷо месупоранд. Андозбандии ширкатҳои «Google», «Facebook», «Apple» ва «Microsoft» имконият медиҳад, то ба Буҷети давлатӣ як манбаи дигари даромад пайдо шавад. 
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта зимни муаррифии тағйирот дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд. 
Аз гуфтаи раҳбарони ин ду сохтори молиявии кишвар бармеояд, ки пас аз такмили Кодекси андоз аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди «Google», «Apple», «Microsoft», «Facebook» ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонда шавад. 
Каъбатулло Меликзода, муовини раиси Кумитаи андоз, дар шарҳи ин тарҳ ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки имрӯз интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ амалӣ мегардад. Аз ҷумла, фурӯши бозиҳои электронӣ, филмҳо, китобҳо, барномаҳои мусиқӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхонаҳо, манзил, барномаҳои сафар ва дигар хизматрасониҳо, ки ҳамаи инро мо ҳамарӯза истифода мебарем. Чунин хизматрасониҳоро, асосан, ширкатҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд.
Ин иқдом дар доираи фаъолияти Созмони байналмилалии маъмуриятҳои андози давлатҳои Аврупо (IOTA) ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар қонунгузории андози давлатҳои аъзои ин созмонҳо низ меъёрҳои дахлдори танзимнамоии чунин муносибатҳо дар назар гирифта шудааст.
Ба андешаи Каъбатулло Меликзода, ин таҷрибаи нав набуда, дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Россия (соли 2017), ҷумҳуриҳои Беларус (2018), Ӯзбекистон ва Молдова (2020) ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ гардида, айни замон ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон низ барои ҷалби ин гуна андозбандӣ чораҷӯӣ доранд. Дар маҷмӯъ, дар қонунгузории зиёда аз 100 кишвар чунин механизми андозбандӣ амал мекунад.
 
«АНДОЗ АЗ GOOGLE» - БАРОИ ДАСТГИРИИ ШИРКАТҲОИ ВАТАНӢ 
 
- Хизматрасониҳои электронӣ (аз ҷумла, бозиҳо, наворҳо, китобҳо) бештар ба шахсони хориҷӣ тааллуқ дошта, аз ин ҳисоб даромад ба даст меоранд. Онҳо, қаблан бинобар номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз дар кишвари мо, аз андозбандӣ дур монда буданд. Бинобар ин, аз хизматрасониҳои электронии худ ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад ба даст оварда, маблағи ААИ - ро ба буҷети давлатҳои қайди худ пардохт менамуданд. Чунин ҳолат фаъолияти ширкатҳои ватаниро маҳдуд намуда, байни ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ фазои носолими рақобатро ба вуҷуд меовард. Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд чанд маротиба бо намояндагони ширкатҳои «Amazon», «Booking.com», «Facebook», «Google» ва «Netflix», ки ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунанд, вохӯриҳои виртуалӣ баргузор намуд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд идома дорад, -  афзуд К. Меликзода.
 
«GOOGLE» АНДОЗ НАМЕСУПОРИДААСТ, БАЛКИ...
Бояд гуфт, ки ААИ - ро на фақат ширкати «Google», инчунин, дигар шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд. Ба монанди «Google», «Apple», «Netflix International B.V.» ва ғайраҳо низ ба андозбандӣ ҷалб мешаванд. 
Каъбатулло Меликзода гуфт, ки тағийрот ба фаъолияти ширкатҳои ватание, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, умуман, таъсир намерасонад. Ҳамчунин, ин тағйирот ба блогерҳо дар YouTube (Ютюб) тааллуқ надорад. Чунки онҳо ҳамчун шахси воқеӣ, асосан, аз ҳисоби шумораи зиёди обуначиҳо (подписчики), барои тамошои наворҳои гуногун ва дигар корҳо аз YouTube даромад ба даст меоранд, ки тибқи қонунгузории андоз даромади онҳо қаблан низ аз рӯйи андоз аз даромади шахсони воқеӣ андозбандӣ мешуданд. 
Тибқи гузориши охири Кумитаи андоз, аллакай, Facebook, Google Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc худро дар портали andoz.tj ба қайд гирифтаанд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 1401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед