logo

иҷтимоиёт

ХОРПУШТИ ХОРДАРОЗ

Хорпушти хордароз, дар баробари дигар хорпуштҳо, намояндаи хеле қадимаи қатори ҳашаротхӯрон мебошад, ки дар кураи Замин беш аз 15 миллион сол ҳаёт ба сар мебарад. 
Дар Тоҷикистон хорпушти хордароз аҳён-аҳён дар минтақаҳои наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистон дар баландиҳои то 1200 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Оид ба паҳншавии он дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон маълумот мавҷуд нест. Хорпушти хордароз аз дигар намудҳои хорпушт бо андозаи нисбатан калони бадан фарқ мекунад. Дарозии бадани онҳо то 22-27 см. ва вазнашон то 900 г мерасад. 
Барои хорпушти хордароз тарзи ҳаёти пинҳонӣ ва ҷудогона хос аст. Узвҳои биноии хорпушт хуб инкишоф наёфтааст ва дар муҳити зист тавассути узвҳои шунавоӣ ва шомма мавқеи худро муайян менамояд. Шомгоҳон ва шабона фаъол аст. Баробари фаро расидани сармо, хоб меравад. Хоби зимистона, одатан, моҳи ноябр оғоз ёфта, 120 – 130 рӯзро ташкил медиҳад. Дар давраи хоби зимистона хорпуштҳо дар лонаҳои на он қадар калон, ки чуқурии онҳо 1 метрро ташкил медиҳад, пинҳон мегарданд. Дар зимистон хорпуштҳо 40 дарсади вазни худро аз даст медиҳанд. Ғизои хорпушти хордароз, асосан, ҳашарот, аз ҷумла  гамбускҳо, сиёҳтанаҳо, виз-визакҳо ва митаҳо, ба ҳисоб мераванд. Душманони хорпушти хордароз рӯбоҳ, қашқалдоқ, мири мушон, парандагони соҳибчангол – бум, чарғ ва уқоби даштӣ мебошанд. 
Хорпушти хордароз хеле фоидарасон мебошад. Онҳо миқдори зиёди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла лесакҳо, гамбуски саврӣ, виз-визакҳо, кирминаи шапалакҳои зараррасонро нобуд месозанд. 
Хорпушти хордароз ҳамчун намуди зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудааст. Сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори хорпушти хордароз аз худ гардидани муҳити хоси зисти он дар минтақаҳои ҳамвор ва наздикӯҳии қисмати марказӣ ва шимолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ноҳинҷор гардондани хорпуштҳо аз тарафи инсон, ғайриқонунӣ доштани онҳо бо мақсади нигоҳдорӣ дар шароити сунъӣ низ ба шумораи хорпушти хордароз таъсири манфӣ мерасонанд. Бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори хорпушти хордароз дар Тоҷикистон зарур аст, ки муҳити хоси зисташон дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гирад.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 635
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед