logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
АЗ СУММАИ АДАДҲОИ ОВАРДАШУДА ҲАРФҲОЕРО ЁБЕД, КИ АЗ ОНҲО ВОЖАҲОИ БАРОИ МО – ТОҶИКОН МУҚАДДАС ПАЙДО ШАВАНД:
604+505+504+202+12+504+1001+604+505+91
1. 903+52+604+52+91
2. 903+52+81+101+1002+604
3. 51+32+61+11+705
4. 43+51+81+10000001
5. 1001+22+10000003+81
6. 10000001+42+101+52+548
7. 501+602+101+602+43
8. 1001+505+10000001+505+91
 
Тартибдиҳанда омӯзгори МТМУ № 40, шаҳри Истаравшан, Муъминҷон ҶУМЪАЕВ
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ДУШАНБЕ», АЗ 16 АПРЕЛИ СОЛИ 2021:
ДАР ТОҶ: Аз боло ба поён: 1. Тоҷ. Аз  чап ба рост: 2. Сом. 3. Наҷиб.  
ДАР ТАҲКУРСИИ МАНОРА: 1. Ирам. 2. Мактаб. 3. Бухоро. 4. «Ором». 5. Мадина. 6. Асал. 7. Лола. 8. Атр. 9. Раҳимӣ. 
ДАР МАНОРА: 1. Бинокорон. 2. Нишон. 3. Неъматов. 4. «Вавилон». 5. Нусрат. 6. Театр. 7. Расм. 8. Марказ. 9. Забон. 10. Нашриёт.  11. Миллат. 12.«Дидор». 13. «Роҳат». 14. Турб. 15. Бухоро. 16. «Одина». 17. Академия. 18. «Ятим». 19. Мирзобек. 20. Карона. 21. Арк.  22. «Аҳорун». 23. «Насл». 24. Лучоб. 25. «Бактрия». 26. Як. 27. Ковус. 28. Сино. 29. «Оина». 30. Автобус. 31. Сарв. 32. «Ватан. 33. Номус. 34. «Ситора». 35. «Акиа». 36. «Адиб». 37. «Борбад». 38. «Динамо». 39. Олим.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
МЕХОҲЕД, КИ УМРИ ДАРОЗ БИНЕД?!
Натиҷаи пажӯҳиши нав, ки дар маҷаллаи «Proceedings of the National Academy of Science» интишор ёфт, нишон дод, ки саховатмандӣ умри одамро дароз мекунад.
 
«То охири умр ба дигарон ёрӣ расондан, ин аст идеяи аз ҳама хуб ва асоси бештар зистан», - мегӯяд муаллифи тадқиқот Тобиас Фогт, дотсенти донишгоҳи Гронинген. 
Дар доираи тадқиқот интиқолҳои хусусӣ дар шакли хайрия ба фондҳо ё одамон, аз кишварҳо ба кишварҳои дигарро муқоиса карданд. Маълум шуд, ки саховатмандтарин мардуми дарозумр халқи Фаронса ва Ҷопон  аст. Онҳо ба созмонҳо ва одамон беш аз 60 дарсади даромади миёнаи худро медиҳанд. Дар ин кишварҳо хавфи марг барои одамони аз 65 - сола боло ду баробар камтар назар ба Чин ё Туркия аст, ки он ҷо одамон танҳо 44 - 48 дарсади даромадашонро тақсим мекунанд.
Таҳияи Шаҳнози ҚУРБОН
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Дар хамгашти кӯча ҷавонмарди сиёҳтоби ҳузарбе аз пеш баромаду аз банди дасташ дошт ва шаппотие ҳам ба рӯяш фуровард. Вале зарба гӯё ба девор расид. Раҳим дардеро ҳис накард.  Ӯ нонҳоро дар бағалаш махкам медошт. Он лаҳза сад мушту лагад мезаданду як нони гарм медоданд, розӣ буд.  Ҷавонмард нонҳои маҷақшударо аз дасти Раҳим кашида гирифт.
* * *
Ба фикри ҳирсу ҳаво сахт нотавон шудаӣ,
Зи гарди зиллати ғафлат аҷаб гарон шудаӣ.
Шиканҷи ғунча дар ин боғ нанги бӯи гул аст,
Бурун хиром зи худ, гар сабукинон шудаӣ.
 
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз  16 апрели соли 2021:
Бобоҷон Ғафуров,  Камоли Хуҷандӣ
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ЭЙНШТЕЙН НОҲАҚ АСТ»
Соли 1930 як гурӯҳ мунаққидони олмонӣ назарияи нисбиятро «таҳлил» карда, бо номи «100 профессор исбот кард, ки Эйнштейн ноҳақ аст» китоби дастаҷамъона чоп мекунанд.
Вақте хабарро ба Эйнштейн расонданд, бе он ки қиёфааш дигар шавад, китф дарҳам кашида, мегӯяд:
- 100 профессор? Чи лозим ин қадар одамро саргардон кардан, 1 нафараш мегуфт, кифоя буд, ман бовар мекардам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АЗ ҲАЁТИ БУЗУРГОН
Президенти вақти ИМА Форд дар байни мардум чун одами бесулуқай машҳур буд. Вай пайваста худро ба кунҷҳои дару мизу курсии хона зада мегирифт, ба ҳар чизи хурд пешпо мехӯрду меафтод, чизҳои дасташро ба замин меғалтонд. То кадом дараҷа ин овозаҳо рост буданд, барои ҷавонон мароқангез буд. Аз ин рӯ, боре дар майдончаи бозии голф журналистони телевизиони маҳаллӣ аз вай пурсиданд: «Шумо воқеан ҳам, чунин лаванд ҳастед, ки мардум мегӯянд?». Собиқ президент маҳин лабханд зад, вале пеш аз он ки посух диҳад, ба лӯлаи обпошии боғаш пешпо хӯрду рӯ ба замин афтод. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 
 
ДУХТАРЧАИ 6 - СОЛА ДАР СУД
Ширкати барқу гармидиҳии «Сибир», воқеъ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, барои ситондани маблағи барқи истифодашуда дар  ҳаҷми 26 ҳазор рубл духтарчаи 6 – соларо ба суд додааст.
Ширкати барқу гармидиҳӣ барои он ноболиғро ба додгоҳ кашид, ки меросбари хонадон ҳисоб мешавад. Модари духтарча соли 2016 фавтида, меросашро ба номи ӯ гузоштааст, аз ҷумла «мерос» - и қарздорӣ аз неруи барқро. Вале суд 2 апрели соли ҷорӣ зимни баррасии шикоят ба ин натиҷа расид, ки ба ҷойи ноболиғ падараш бояд ҷавобгар шавад, ҳарчанд меросбар набуда, ҳуқуқе ба амволи хона надорад.
Таҳияи ФАРОМАРЗ
 
 
ХОНАИ ПИРОНСОЛОНРО БО ХОНАИ КӮДАКОН ЯКҶО КАРДАНД
Чунин озмоишро олимон аз Донишгоҳи Бангори Канада гузаронданд. Натиҷааш ҳамаро ба ҳайрат овард. Ба хотири ин озмоиш, пиронсолон наберадор шуданду кӯдакони ятим ғамхории волидонро ҳис карданд.
Муҳаққиқон беҳбудиро дар нишондодҳои рӯҳиву ҷисмонии пиронсолон пай бурданд, аз ҷумла хурсандӣ ва таваҷҷуҳи зиёдро ба зиндагӣ.
Маълум буд, ки кӯдакони ятим наметарсиданд, худашонро озоду хушбахт ҳис мекарданд. Ҳамин тавр, кӯдакон соҳиби оила шуданду пиронсолон гармии хонаи пур аз наберагонро аз нав ҳис намуданд.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
 
 
ВАЪДАИ АЗ ЗИМИСТОН САРДТАР
Марди сарватманде шаби сарди зимистон аз қасраш берун шуд. Ҳангоми бозгашт посбони пиреро дид, ки дар ҳавои сард бо либоси тунук дами дар меистод. Аз ӯ пурсид:
- Сардӣ ба ҷонат асар намекунад?
Посбони пир гуфт:
- Албатта, сахт аст, аммо либоси гарм надорам, маҷбур тоқат мекунам.
Мард гуфт:
- Ман ҳоло дохили қаср меравам ва супориш медиҳам, ки як либоси гарм бароят биоваранд. Посбон хушҳол шуду аз хоҷа ташаккур кард. Аммо чун хоҷа вориди қаср шуд, ваъдаашро фаромӯш кард. Субҳи дигар ҷасади сармозадаи пирамардро аз ҳавлии қаср пайдо карданд, дар ҳоле ки бо ангуштонаш рӯи ях навишта буд:
- Эй хоҷа, ман ҳар шаб бо ҳамин либос сарморо таҳаммул мекардам, аммо сардии ваъдаи ту имшаб маро аз по афтонд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ЧАПМАНӢ 
НОТАИ ХУРДТАРИНРО ГИРИФТ
Бону Ҷой Чапманӣ, овозхон аз Канада, нотаи аз ҳама хурдтаринро гирифта шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид. Сарояндаро акнун New Bass Queen (Маликаи нави овози бам) меноманд.
Ҷой қаблан кӯшида буд, ки рекорд гузорад, аммо баландгӯяк садои пастро намегирифт. Ин дафъа дастгоҳи ҳассос зарбҳои марбутаро ба қайд гирифт ва Чапман нотаи С1, ки нисбат ба рекорди қаблӣ, комилан як октава поинтар буд, дар назди коршиносон иҷро кард. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ЯК ПАНД
Сабаби ранҷиши одамҳо аз якдигар ғолибан ин аст: мо аз тарафи муқобиламон интизор дорем, ки ба тамоми воқеаҳои дунё аз зовияи диди мо нигоҳ кунанд. Дар ҳоле, ки дар замири ҳар одаме дунёи мутафовит вуҷуд дорад. Пазириши ин тафовутҳо ва алоқаҳо дар рафти робита шакли муносибтаре хоҳанд гирифт.
Гунтер ГРАСС,муҷассамасоз ва наққоши олмонӣ
 
 
«РЕАЛ» МАДРИД
СИПОСИ ТИМИ ШОҲОНА БА ҲАВОДОРОНИ ТОҶИКАШ
Дастаи бонуфузи «Реал» Мадрид дар саҳифаи расмии Инстаграмаш  ба мухлисони тоҷик барои посухи фаъолона ба саволи анъанавии тим, ки пеш аз ҳар бозӣ пурсида мешавад: «Аз кадом гӯшаи ҷаҳон шумо бозиро тамошо хоҳед кард?» ташаккур баён намуд. 
Бояд гуфт, ки шумораи корбарони ин шабакаи иҷтимоии бошгоҳ беш аз 97 миллион мебошад.
Таҳияи М. БАҲРОМ
 
 
МАРД 15 СОЛ БА КОР НАОМАД ВА РЕКОРДИ КОРГУРЕЗИРО ГУЗОШТ
Корманди яке аз бемористонҳои Италия 15 сол ба кор ҳозир нашуд ва рекорд оид ба коргурезиро гузошт. Тавре ки маълум гардид, Гвардияи молии Италия чанд ҳолати оммавии ба таври қаллобӣ ба кор даромаданро дар бемористони Катандзарои вилояти Калабрия ошкор намуд.
Корманди идораи амнияти оташнишонӣ аз ҳамин гуна афроде буд, ки аз соли 2005 то ифшо шуданаш боре ҳам, ба ҷойи кор наомад.
Нашрияи Corriere della Sera тасдиқ мекунад, ки марди 67 - солаи 15 сол ба кор ҳозирнашуда рекорд гузошт. Ғайр аз ин, ӯ дар ин муддат 500  ҳазор евро низ дастмузд дарёфт намуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
НИГОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРИЖ
Аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии санъати Шарқ - Гимеи шаҳри Париж мегузарад. Номи намоиш «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» - мебошад.
Ин яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар Фаронса буда, фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд.
Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ осорхонаи Гиме намоиши дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла зарфияти сайёҳӣ, фарҳангӣ, рассомӣ, китобҳо, театру мусиқиро низ, ба нақша гирифтааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
ШОИРЕ, КИ БО МАВЛОНО МИЛЛИОНЕР ШУД
Колман Баркс, шоир ва пажӯҳишгари амрикоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод, ки воқеан ҳам, аз тарҷумаи «Маснавии маънавӣ» - и Мавлоно соҳиби миллион доллар шудааст.
Номбурда сокини иёлати Тенессии Амрико буда, 23 апрели соли 1937 ба дунё омад. Ӯ чил сол бо тарҷумаи осори Мавлоно саргарм шуд. Ҳоло 83 сол дорад.
Колман то имрӯз 16 маҷмӯаи ашъори Ҷалолуддини Балхиро ба фурӯш баровард. Китобҳои «Бунёди Румӣ» (1995), «Дастаи ашъор», «Панҷ  шоири рӯҳонии форс», (1993), «Китоби ишқ» (2003), «Мавлоно - пуле ба сӯи ҷон» (2008) аз пурфурӯштаринҳост.
Миллион доллари тарҷумон дар давоми солҳо ҷамъшуда, ӯро аз маоши донишгоҳ ва дигар ташвишҳо бениёз кардааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
АННА СТАЛ ВА ГЕНЕРАЛ НАПОЛЕОН
Дар ҳузури нависандаи машҳур Анна Стал оид ба сиёсат баҳси гарме қӯр гирифт. Наполеон, ки нисбатан ҷавон, вале, алаккай, генерал буд, худро дошта натавониста якбора шӯрид:
- Ман тоқати онро надорам, ки зан дар пеши мардон сиёсатро муҳокима кунад.
 Анна Стал дар ҷавоб гуфт:
- Мебахшед, рафиқ генерал, вале шумо наметавонед фикри маро сарфи назар кунед: дар кишваре, ки занҳоро бераҳмона сар мебуранд, мо ҳақ дорем бидонем, ки гуноҳамон дар чист ва чаро чунин муносибати ғайриинсониро нисбатамон раво мебинанд.
Наполеон ором гирифт, дигарон низ сар ба сукут бурданд. Ин маънои онро дошт, ки ҳақ ба ҷониби Анна аст на Наполеон. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ИН ХЕЛ ҲАМ МЕШУДААСТ
256 ДАНДОНИ РАВИНДРАНИ 7 – СОЛА
Дар Ҳиндустон ҳодисаи нодир ба қайд гирифта шуд. Тифли 7 – сола Равиндран 256 дандон баровард.
Волидони Равиндран кайҳо пай бурда буданд, ки рухсораи рости писар варам кардааст, аммо онҳо ӯро ба муоинаи духтур бурда натавонистанд. Вақте писарак аз дарди шадиди ҷоғи поён шикоят кард, маҷбур шуда, ӯро ба беморхона бурданд. Табибон бо ёрии томография ва рентгени компютерӣ диданд, ки дар даҳони писарак бештар аз сад дандон мавҷуд аст.
Табибон бо ҷарроҳии фаврӣ тӯли чанд соат 256 дандонро аз беху бунёд канданд. Хушбахтона, баъди ин Равиндран худро хуб ҳис мекунад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
АВВАЛ АНДЕША...
Ба автобуси пуродам падар бо ду фарзандаш савор шуд. Падар ба хондани рӯзнома сар карду кӯдакон ба бозиву шавқун.
Яке аз мусофирон тоқат накарда ба падар эрод гирифт, ки чаро кӯдаконашро ором намекунад.
Ӯ чашм аз рӯзнома канду оромона гуфт: 
- Шумо мефаҳмед, ки модари кӯдакон якчанд лаҳза пеш вафот кард ва онҳо аз ин хабар надоранд. Ҳамин ҳоло аз беморхона меоем, ҳамсарам сари фарзанд рафт. Гузоред, камтараки дигар хурсандӣ кунанд... 
Мусофирони асабиву башӯромада якбора хомӯш монданд. Кӯдакони шӯх бисёр писандашон омад. Баъзеҳо барои шодмонии онҳо меҷаҳиданд, рақс мекарданд, рустшавакон мебозиданд. 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
ОЗМОИШГОҲ
10 КАШФИЁТИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ
Аввалин озмоишгоҳро Закариёи Розӣ бо устодаш Ибни Ҳайсам ташкил намуда, дар он фаъолияти илмӣ бурд. Ӯ бори аввал муайян кард, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ чӣ гуна бояд фаъолият кард ва дар он чиҳо бояд мавҷуд бошанд. Асбоби озмоиширо дар шакли найчашиша (пробирка), колба, титр бори аввал ин пажӯҳишгари фарҳехтаи тоҷик истифода намуд. Аҷиб ин аст, ки то асри XIX лабораторияҳо дар ҳамон шакле фаъолият доштанд, ки Розӣ бо ҳамзамони худ фаъол гардонд. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ЛЕНИН ВА МАВЗОЛЕЙ
Пас аз барҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ сари ҳар чанд вақт дар Россия даъватҳое ба гӯш мерасанд, ки доҳии пролетариатҳои ҷаҳон Владимир Илич Ленинро аз мавзолей гирифтан лозим. Муддаиён бар онанд, ки доҳӣ аз рӯи одати насрониҳо дафн карда нашудааст ва дар мавзолей хоб рафтани Ленин зидди аҳкоми динии онҳост. 
Аммо донишмандон собит сохтанд, ки иддаои онҳо ҳақиқати воқеӣ надорад. Зеро чунин тарзи дафн, ҳақиқатан ҳам, дар дини насронӣ роиҷ аст. Биёед ба ёд орем, ки Исои Масеҳро чӣ гуна дафн карда буданд? Дар ғор, рӯи санг. Инро дахма мегӯянд. Мавзолейро ҳам аввалҳо дахма мегуфтанд. Шоҳону императорҳои провославии Россияро дар замонҳои пешин дар дахмаҳо мегузоштанд, на ба хок месупурданд.
Таҳияи Умар АЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2021    №: 81    Мутолиа карданд: 995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед