logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
 
Дар рафти суҳбат маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар зимн, Сарвари давлати мо ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бахусус дар арсаи мубориза бо пандемияи COVID - 19 диққати махсус доданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ибрози ақида намуданд.
Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 муассисаи таълимӣ бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ, ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Аз ҷумла, мавзӯи қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа муҳокима гардид.
Президенти ду кишвар зарурати андешидани чораҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани имкониятҳои васеи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия бо шумули ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид карданд. Ҳамчуин, ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич ба омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.
Дар фарҷоми суҳбат Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвари мо некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед