logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дӯстмурод Алиев, яке аз ахтарони дурахшони осмони ҳунари миллати тоҷики садаи гузашта маҳсуб меёбад. Ӯ 19 апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрези (собиқ Муллобарот) ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ во намуда, хурсандии аҳли хонаводаро дучанд гардонд. 
Меҳру муҳаббати сурудхонӣ аз овони хурдсолӣ дар дили ӯ ҷой гирифта,  овози ҷаззоб ва марғуладораш ӯро машҳур кард. Садои форамаш ҳанӯз вақти мактабхонияш ба дили сомеон роҳ ёфта буд. Ӯ пайваста дар озмунҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, маҳорати овозхонии худро сайқал медод ва сурудҳои тоза ба тоза эҷод мекард. Ҳамин буд, ки баҳри сайқали ҳунараш соли 1970 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1974 хатм намуд. 
Баъди хизмати ҳарбӣ корро дар мактаби мусиқии бачагонаи зодгоҳ ба ҳайси муаллими рубоб оғоз кард. 
Тӯли солҳои донишҷӯияш оҳангҳои дилнишине эҷод кардааст.  “Дар миёни маҳфиле”, “Комсомоли ленинӣ” ва “Туро нашнохта будам” аз қабили онҳост.
Дӯстмурод Алиев аввалин консерти худро дар театри тобистонаи шаҳри Душанбе доир кард. Дар он ҷо даҳҳо суруду оҳангҳои навро аз садоқат ва ишқ ба Ватан ба мухлисонаш тақдим намуд. 
Заҳматҳои шоёни ӯ дар рушду нумуи санъати овозхонӣ соли 1978 бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадр гардид. 
Ӯ ҳамчун мураббӣ ва омӯзгори дурбин нозукиҳои санъати мусиқии касбии тоҷикро ба таълимгирандагон меомӯзонд. Устод ба шогирдон мегуфт: “Мусиқие, ки ба гӯш мерасад, ҳанӯз мусиқии асил нест ва умри кӯтоҳ дорад. Мусиқии асил онест, ки аввал дар қалб хона карда, баъд ба гӯш мерасад”.
Дӯстмурод Алиев ба ҷуз сарояндагию оҳангсозӣ ва омӯзгори асил буданаш дар офаридани нақшҳои драмавӣ низ маҳорати шоиста дошт. Қариб дар ҳама спектаклҳое, ки дар саҳнаи театри халқии ноҳияи Файзобод гузошта мешуданд, иштирок мекард. 
Дар офаридани образҳои мукаммал маҳорати хосса нишон медод. Нақшҳои мазҳакавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекард, аз ҷумла дар намоишҳои “Уқоби қавибол” ва “Фузайл Махсум”, ки онҳоро коргардон Исматулло Мирзоев ба саҳна гузошта буд, нақш бозидааст. Дар намоишҳои “Фармони Кадушоҳ” ва “Эшони Иллоанта” низ моҳирона нақш офаридааст.
Дӯстмурод Алиев, ҳамчунин, шикор ва моҳигириро меписандид, кӯҳгардӣ ва дар оғӯши табиати биҳиштосои диёраш сайр карданро дӯст медошт. Аз манзараҳои нотакрори кишвар илҳом гирифта, оҳангҳои ҷаззобу дилнишин эҷод мекард. 
Аз фарзандонаш Наврӯз касби падарро интихоб намудааст. Пас аз хатми мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев алҳол дар Ансамбли давлатии “Дарё”- и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият менамояд.
Мактаби санъати ноҳияи Файзобод ва як ҷамоати деҳот номи Дӯстмурод Алиевро дорад. Лавҳаи хотира дар маркази ноҳия, ҳамчунин, рӯбарӯи деҳаи Кабкрез, канори роҳи Душанбе - Хоруғ нимпайкараи овозхони хушадо назар мерабояд ва дутораш  мавҷуд аст. Дар назди ҷамоат осорхонаи устод ҷойгир аст. Дар он асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси сароянда, аксҳои хотиравӣ, диплому ифтихорномаҳояш нигоҳ дошта мешаванд. Осорхона зиёратгоҳи мардум  гаштааст. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед