logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИҶЛОСИЯИ 77-УМИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СММ

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи  “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва уқёнуси Ором”, ки дар шакли видеоӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, раиси Маҷмаи умумии СММ Волкан Бозкир, раиси Шӯрои иқтисодӣ - иҷтимоии СММ Мунир Акрам, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором Армида Алишахбону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибати, Қирғизистон, Ҷазираҳои Маршал, Муғулистон, сарвазирҳои Таиланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиҷи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон иштирок ва сухан ронданд.
Иҷлосияи 77-ум ба масъалаҳои таҳлили таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи коронавирус дар кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором, натиҷагирии тадбирҳои то ҳол дар ин самт андешидашуда, муҳайёсозии тасмимҳои сиёсӣ барои бозсозии беҳтар бар асоси ҳамкориҳои минтақавӣ дар чор бахши ҳаётии бо ҳам пайваста, густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ барои барқарорсозии устувор, таҳкими иттисол ва занҷираи таъминот ва эҳёи равобит бо табиат бахшида шуда буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниро бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи COVID – 19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи COVID – 19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, Буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии он зарар мебинанд. Ҳамзамон, пандемияи коронавирус омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар ҷаҳон шудааст, ки метавонад кишварҳои гуногунро ба мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.  
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, шиддат гирифтани пандемияи COVID – 19 дар ҷаҳон моро низ водор сохт, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа чораҳои мушаххас, аз ҷумла бознигарии Буҷети давлатӣ барои соли 2020, омода кардани беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ, ташкили 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тандурустӣ барои табобати саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID – 19, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ барои харидани таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тибро дар кишвар амалӣ созем.
Дастгирии бахши хусусӣ бо ҷорӣ кардани сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар давраи пандемияи коронавирус, ташкили зиёда аз 190 ҳазор ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 15 фоиз зиёд кардани нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ,  бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ ва стипендияҳо, 10 фоиз маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, 50 фоиз нафақаи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд ва бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ афзоиш додани масоҳати даҳҳо ҳазор гектар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ аз тадбирҳои дигари мушаххас ва арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки бо назардошти самти иҷтимоӣ доштани Буҷети давлатӣ, соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.Илова бар ин, ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои пандемияи COVID – 19 ва бо мақсади татбиқи барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо шарикони рушд, бахусус бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ, густариш бахшид. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ, барои дастгирии Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус изҳори сипос карданд.
Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки давоми соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид. Нархи хӯрокворӣ низ, ба мисли тамоюли болоравии нархи маводи хӯрокворӣ дар саросари ҷаҳон, 13 фоиз боло рафт. Арзиши маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзуданд.
Зикр гашт, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи Ҳукумат, иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID – 19 қарор дорад. Ҳарчанд ки ибтидо аз аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории COVID – 19 ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз давраи COVID – 19, ҳавасмандгардонии соҳибкории хурду миёна, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, татбиқи чораҳои зидди эпидемиологӣ, алалхусус барномаи эмкунӣ, аз тамоми кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунад. 
Сарвари  давлат зарур шумурданд, ки  дар чунин вазъият  кишварҳои  минтақаи мо, дар баробари тавсеаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба сармоягузорӣ ҷиҳати  барқарорсозии устувори иқтисодиёт, нигоҳ доштани гардиши молу маҳсулот, таъмини ҳамлу нақли  бемамонияти молҳои ниёзи аввалиндараҷа, бахусус маводи ғизоӣ ва доруворӣ, ҳамчунин, ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пандемияи коронавирус ва давраи пас аз он бо назардошти таъсиру пайомадҳои тӯлонии он дар ҷаҳон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором даъват намуданд, ки ҳамкории минтақавиро дар самтҳои зикргардида, инчунин, барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмини гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” тақвият бахшанд, зеро дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳиму зарур мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2021    №: 84    Мутолиа карданд: 805
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед