logo

фарҳанг

БУЗУРГӢ АНДАР ТАБОРАШ БУД... ЧАШМАНДОЗЕ БА ЭҶОДИ ОЛАМГИРИ ШОИРИ МАҲБУБ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Метавон, ки шоири маъруф ва шаҳир шуд. Ҳамчунон, шоири ҳамаи давру замонҳо. Аммо шоири маҳбуб гардидан душвортар аст ва ин ба осонӣ даст намедиҳад. Заҳмату донишу истеъдод низ ба он таъсире расонда наметавонад. Агарчи шоири маҳбуб дар айни замон ҳамаи ин сифатҳои некро, ки зикрашон рафт, бояд соҳиб бошад. Шоири маҳбуб гардидан, фикр мекунам, ки фитрист, худододист. Маҳбубиятро ба ташвиқу тарғиб, ба соҳиб шудан ба унвонҳову мукофотҳои баланд наметавон ба даст овард. Ин ҳақиқат ҳеҷ исботро намехоҳад, чун борҳову борҳо онро замонҳо барои ибрат рӯ ба рӯямон намудааст. Агар ҳам банохост ва аз рӯи нофаҳмӣ ба шоири маҳбуб эрод бигирӣ, худро беобрӯву шарманда месозӣ. Оре:
Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёрист номи бузургон шунуд.
Дурри ятимро агар мегӯӣ, ки муҳраи гил аст ва онро аз қаъри дарё пайдо кардам, дар асл бар худ механдӣ ва ҳам дигарон бар ту тамасхур мекунанд.
Устод Мирзо Турсунзода, ба бахти миллати мо ҳамин гуна шоир буд, яъне шоири маҳбуб. Албатта, дар айни замон шоири маъруфу шаҳир низ. Дар оғоз ба ранҷу заҳматҳои рӯзгор рӯ ба рӯ шуд. Рӯзу шабҳояш бе қалам, бе китоб, бе мактаб мегузашт, аммо баъдҳо ҷаҳонеро барои озодихоҳӣ, раҳоӣ аз зулму истибдод раҳнамунӣ кард. Суханаш бо дониши васеи сиёсияш таъсир дошт ва дуруст ҳидоят карда метавонист. Дар натиҷа:
Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.
Бе ҳеҷ шак, дар расидану шинохтани ростӣ, яъне дарёфти ҳақиқат, саҳми ин шоири миллати мо на танҳо чашмрас, балки бузург мебошад. Огоҳ будан, огоҳ шудан аз ғами мазлумҳо на кори ҳар кас, ҳар шоир мебошад, агар ҳам истеъдоди баланд дораду худшинос аст.
Ҷони ширин, ту, ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Устод Мирзо Турсунзода низ худ озод аз ғам буд, вале чун мазлумонро дид,  ҳамшарики онҳо гардид. Бисёриҳо дар баробари устоди шодравон ин мазлумонро дидаанд ва аҳволи тоқатфарсояшонро мушоҳида кардаанд, аммо баробари онҳо ранҷи дарунӣ накашидаанд. Ӯ аст, ки ҳам кӯдаки мазлумро мебинаду мушоҳида мекунад, ки барои ғизо пайдо намудану зистан бори вазнини рӯзгор ва корро бар дӯши дил низ мекашад.
Кӯдаке мегашт бо қутии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Дарку эҳсоси ғами рӯзгор ва давр агарчи баъзеҳоро даст медиҳад, аммо дарку эҳсоси ғами чандинсола на ҳар киро насиб мегардад. Барои ин, ба маънии тому асилаш дили огоҳ бояд дошт.
Ин писар аз кишвари Ангола буд,
Дар дилаш ғамҳои чандинсола буд.
Устоди равоншод, на танҳо барои мазлумони Ҳиндустон, балки барои тамоми мазлумони ҷаҳон месӯхт ва саъй ба харҷ медод, то аз зери ин бори зулму истибдод  сари вақт раҳоӣ биёбанд. Садои ӯ дар ин ҳол баландтар ба гуши тамоми ҷаҳониён мерасад ва ба ин васила бо ҷасорати том таъкид менамояд, ки даст аз зулму истибдод бидоранд ва пойи худро аз мамолики ба ҷабру ситаму зӯрӣ ишғолнамуда бикашанд. Ва ҳам мегӯяд, ки вақти он аст, то ин «меҳмони мағрибӣ», яъне инглис «тарк кунад кишвари Ҳиндустон». Ҳолиё, ки аз он даврон наздики сад сол мегузарад, ҳеҷ кас, ҳеҷ шоир мисли ӯ дар ин муддат бо ин матонат овоз баланд накардааст, ҳақиқатро бепарда, яъне ошкоро, нагуфтааст. Имрӯз ҷаҳони пур аз ҷӯшу хурӯш бо зулму истибдод, зӯроварӣ ниёз ба чунин мардони шуҷоъву ҳақиқатгӯ дорад. Имрӯз бештар эҳсос мешавад, ки ҷойи устод Мирзо Турсунзода дар ин маврид холии холист.
Ӯ бо ин гуна даъватҳо  на танҳо мазлумонро ҷасорат бахшид, балки ҳамсафон, ҳамқаламони худро дар баёни ҳақиқат неру бахшид. Дар симои ӯ, кору пайкори ӯ, рисолати шоири асилу озодихоҳро шинохтанд.
Ҷойи бас таассуф мебошад, ки имрӯз мебинему мушоҳида мекунем, ки баъзе аз шуаро ба хотири манфиатҳои шахсӣ, обрӯву эътиборашон, вайрон нашудани муносибаташон бо мамолики ҷаҳон аз баёни ҳақиқат лаб фурӯ мебанданд. Аз ин рӯ, на танҳо ба он мақсадҳое, ки доранд, намерасанд, балки маҳбубият пайдо карда наметавонанд. Ба эътирофу зикри худи устоди зиндаёд ӯро сарварони вақти Англия барои ворид шудан ба ин сарзамин ризоят надоданд. Албатта, аз шоири оташинсухан, озодихоҳ дар ин ҳол метарсиданд. Ба ҷуз ин, симои аслии ин кишварро, ки Ҳиндустонро ба мустамликаи худ табдил дода буданд, ошкор сохт ва ба ҷаҳониён шиносонид.
Аз он ки дар сафараш ба ин кишвар монеа эҷод карданд, устод ҳаргиз наранҷид, балки шод шуд, шод аз он, ки навиштаҳояш, асарҳояш, таъсири мусбати худро ба «меҳмони мағрибӣ» гузоштаанд.
Шояд бархе нодуруст бупиндоранд ва ин андеша ба зеҳнашон роҳ биёбад, ки агар ҳар каси дигар ҳам дар замони шӯравӣ ба ҷойи ӯ мебуд, метавонист ҳамин гуна рисолатро ба анҷом бирасонад ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб бикунад. Аммо вақт ин ҳақиқатро равшану возеҳ нишон дод, ки то пеш ва баъд аз ӯ  ҳам дар ин вазифа дигарон буданд, аммо аз сад як кори устодро ба анҷом расонда натавонистанд.
Имрӯз ҳам устод Мирзо Турсунзода нав аст, куҳна нагардидааст. Маҳбуби мо ва ҷаҳониён аст. Муаррифгари миллати мо мебошад. Бо садои ӯ садои миллати мутамаддин, адолатпарвар, адолатхоҳ ва неруманду нотарс баланд мешавад. Ва низ ҳар куҷо, дар ҳар гӯшаи дунё садои ӯ ба гӯши мазлумон мерасад, онҳоро ҷасорат мебахшаду умед, умед ба раҳоӣ аз зулм, ба шукуфоии сарзаминашон.
Устод Мирзо Турсунзода бо ашъораш, хосса «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҷони ширин» равиши адабиётро, мазмуну мундариҷаи онро дигар кард ва, ҳамзамон, собит сохт, ки адабиёту адиб дар иҷрои чи рисолати бузург қодир мебошанд. Садои ӯ бас фораму дилнишин низ мерасад:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Барои аҳли башар, воқеан, аз ин ду неъмат: дӯстӣ ва амонӣ неъматҳое бузургтар нестанд. То ду инсон дар рӯи Замин арзи ҳастӣ мекунад, ин мавзӯъҳо нав мемонанд ва дархӯри ҳолашон мегарданд. Ҳамзамон ҳамчун муаррифгари асили миллат мақоми дӯстро мешиносанд ва таъкид ба мо медорад, ки ин расми миллиямонро аз даст надиҳем, гум накунем:
Дӯст ояд, танг дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Дар ин маврид, албатта, худ на танҳо намуна аст, балки намунаи олиро ба ҷаҳониён мешиносанд, собит месозад. Ва низ таъкид медорад, ки миллати мутамаддину куҳанбунёди мо аз қадим ҷонибдори дӯстӣ ва зидди душманӣ буд ва сулҳу салоҳу аз ҳар чизи дигар барояш қиматар маҳсуб мешуду мешавад.
Ин шоири маҳбуби миллати мо ва ҷаҳониён на танҳо бо шеъраш, сухани оташинаш:
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар,
балки бо муҳаббату самимият, ахлоқи баланди инсонӣ азизи ҳар хонадон гаштааст. 
Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегарадад.
Иттифоқи нависандагони моро ӯ ба маънии аслияш иттифоқ гардонида тавонист. Истеъдодҳоро ҷамъ овард, роҳу равиши дурусти эҷодро нишон дод ва ҳамзамон, онҳоро дар мавридҳои зарурӣ ҳимоят кард. Барои ин дили поку нияти неку меҳру садоқати зиёд ба адабиёт, ба миллат лозим буд ва хушбахтона, дар вуҷуди ӯ ин ҳама ҷамъ гардида буд. 
Аз дастовардҳои деҳқонону коргарон низ шод мегардид ва ба табрики онҳо бо ҳамроҳии аҳли зиё мерафт. Раҳораҳ шеъру суруд менавишт. Сурудҳоро ба композиторон ҳамон замон медод, то ба он оҳанг бибанданду овозхонҳои маъруфу машҳур дар ҳузури ғолибони арсаи меҳнат бисароянд. Мебинем, мехонем, ки барои кушодани канал низ ҳамон замон, яъне сари вақт, шеър гуфтааст:
Эй сабо, аз мо расон бар дӯстон, омад канал.
Ба яқин, ӯ ин ҳамаро барои шуҳрат, афзудани обрӯ намекард. Шуҳрату обрӯи ҷаҳонияш кофӣ буд, ки номаш як умр дар саҳифаи таърих ба некӣ бимонад. Ӯ аз дастовардҳо, шукуфоии миллату давлаташ шод мегардид ва рисолати худ медонист, ки дар чунин лаҳзаҳо на танҳо худ шод бошад, балки дигарон низ шод бошанду ифтихор дошта бошанд.
Дар ҷамъовариву нашри адабиёти шифоҳӣ низ намунаи ибрат буд. Либретто ҳам менавишт. Умуман, ба ҳар коре, ки барои муаррифии бештару беҳтари миллат зарур мешуд, ба ҷону дил мекӯшид ва ҳеҷ гоҳ дар иҷрои онҳо раво намедид, ки узре пеш биоварад. Ба ҳимояи ҳар нафаре, ки барои шиносоии миллат, пойдории он ва инсонияти рӯи ҷаҳон агар рӯ ба иҷрои коре меовард, бо муҳаббат  ва тамоми неру бармехост.
Фикр мекунам, ки ғамшарикии мазлумони дунё, ҳимояи онҳо, андак-андак ба тандурустии устод  таъсири худро ба маънии манфиашон гузоштанд. Шасту шаш сол зист, умри кам дид ва ҳам бо ранҷҳову дардҳо. Ба ҳангоми реҳлаташ аз ин ҷаҳон ҳар кӣ номашро шунида буд ва андак ошноӣ ба рӯзгораш дошт, мегирист. Мегуфтанд, ки пеш аз ин сафарашон пайваста ин байтро такрор мекард:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Тифлони нозпарвари ман дарбадар шавад.
Тарси ӯ аз мурдан, марг набуд, аз бепадар шудани ғамҳо, ин тифлҳои нозпарвараш буд. Ин ғамҳо дар дилҳои огоҳ ҷой мегиранд, макони доимӣ меёбанд. Мардум бештар дарк кард, ки аз даст додани шоири маҳбуб чи маънӣ дорад, чи мусибати бузурги худу миллат мебошад. Шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон чун ба Тоҷикистон меомаданд, изҳор медоштанд, ки ҷойи дӯсти азизашон, шоири маҳбубашон, устод Мирзо Турсунзода холист. Мо дар ин ҳол боз ба маънии маҳбубият ва шоири маҳбубгардида беҳтару бештар мерасидем ва беихтиёр мегуфтем: "Устод Мирзо Турсунзода, воқеан, шоири маҳбуб буд. Ҳарчанд, ки сохтҳо дигар шуданд, замонҳову одамон низ, аммо ӯ ҳамчунон маҳбуб монд, ки монд".
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2021    №: 84    Мутолиа карданд: 976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед