logo

иқтисод

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. «ҶУМҲУРИЯТ» ДАЪВОИ ЗАМИНРО ТАҲҚИҚ КАРД

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таҳти ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳи нави пешрафту тараққиёти соҳаи кишоварзӣ таҷдиди як қатор хоҷагиҳои давлатӣ сурат гирифта, заминҳо барои истифодаи васеъ ба мардум пешниҳод гардиданд. Касоне, ки қадри заминро шинохта, онро самаранок истифода бурданд, имрӯзҳо ба дараҷаи баланди истеҳсолию соҳибкории кишоварзӣ расидаанд. Аммо баъзе сокинон бо вуҷуди доштани саҳми замин бо гузашти солҳо аз пайи соҳибӣ кардани он нашуданд ва ҳоло, ки он майдони кишт соҳиби қонунии дигар дорад, ба гирифтанаш даъво мекунанд. 
Чунин ҳолатро моҳе пеш дар муроҷиати видеоии як гурӯҳ бошандагони Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ шоҳид гардидем, ки дар он сокинон даъвои замин доранд. Хабарнигорони рӯзнома, ба хотири пайгирии мунсифонаи мавзӯъ ба ин ноҳия, макони даркорӣ сафар намуда, бо масъулон ва даъвогарон ҳамсуҳбат шуданд.  
 
СОЛИ 2002. ВАҚТЕ ЗАМИН СОҲИБИ ХУДРО МЕҶУСТ
Ба хотири возеҳ ва ошкор намудани масъалаи мавриди назар мо масъулони бахшҳои идораи замин ва кишоварзии ноҳияро сари замин назди собиқ саҳомон бурдем. Тавре аз таҳқиқи мавзӯъ баромад, чанде аз сокинони Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов саҳмдорони собиқ хоҷагии «Хоҷасартез» ҳоло «Салом» он даъвоеро, ки 15 - 20 сол пеш бояд мекарданд, ҳоло пеш меоваранд. Онҳо даъво доранд, ки майдони киште, ки имрӯз дар ихтиёри хоҷагии тухмипарварии «Салом» қарор дорад, саҳми онҳо буда, мехоҳанд онро соҳибӣ ва кишт намоянд. Аммо дар кадом асос замин ба саҳмдорони қаблиаш дода хоҳад шуд, ки он қонунан ба Ҷамолиддин Икромов, роҳбари хоҷагии номбурда тааллуқ дошта, ҳамчун майдони хоҷагии тухмипарварист? Даъвогарон то ин вақт чаро ба суроғи саҳми худ наомаданд ва маҳз имсол онҳо чунин талош доранд? 
Ба гуфтаи Шералӣ Ҳасанзода, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, соли 2000 Ҳукумати кишвар зарур шумурд, ки заминҳои бекорхобидаро боз ба кор дарорад. Аз ин рӯ, хоҷагиҳои давлатӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ, таҷдид шуданд. Масъулон вазифадор буданд, ки дар заминҳои бекор бо ҳар роҳе бошад, шахсони таҷрибадорро ҷалб созанд. Аммо бисёр сокинон ба гирифтани замин таваҷҷуҳи кам доштанд ва заминро ба ҳоли худ гузошта буданд.  
- Дар ҳамин радиф соли 2002 дар ҳудуди 56,16 гектар, аз ҷумла 55,32 гектар замини корами обӣ ва 0,84 гектар замини зери ҷӯю заҳбур бо мақсади истифодаи дурусти кишоварзӣ хоҷагии деҳқонии «Салом» ташкил ёфт. Баъдан, соли 2008 аз сабаби ба қарз ғӯтидани хоҷагиҳои «Мадина», «Алишер» ва «Сабур» боз ба тавозуни хоҷагии мазкур 168,91 гектар замин илова шуд. Соли 2014 хоҷагии мазкур ба хотири рушди соҳаи тухмипарварии ноҳия ба шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии ҷумҳурӣ ворид гардид, - гуфт Амирхон Юнусзода, раиси кумитаи идораи замини ноҳия. 
Аммо ба қавли Қувваталӣ Салихов ва Боймурод Раҷабов, саҳмдорони собиқи заминҳои хоҷагии тухмипарварии «Салом», сабаби аз замин даст кашидани сокинон соли 2000 ба ивази ҳар гектар талаб кардани маблағи муайян буд, ки саҳмдорони замин чунин имконият надоштанд.   
Воқеан, таҳлил собит сохт, ки замони таҷдиди хоҷагиҳо (соли 2000) ва ба ҳар нафар бештар аз 20 гектар вогузор гардидани замин хоҷагиҳо ба қарзҳои фучерӣ (пешхариди маводи харҷшаванда) ғӯтида буданд. Аз ин рӯ, барои шахсӣ кардани замин маблағи муайян пардохт намудан зарур буд. Бисёри сокинон, аз ҷумла ҳамин даъвогарони саҳми замин дар Ҷамоати деҳоти он замон Пахтакор, аз пардохти маблағи қарз ва гирифтани саҳмашон даст кашиданд. Дар ин ҳолат шахсоне пайдо шуданд, ки ин қарзҳоро ба зиммаи худ гирифта, заминҳои калонро аз худ намуданд, - гуфт Шералӣ Ҳасанзода. 
Чунончи, аз маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия дарёфт намудем, Фаридун Муродов, роҳбари вақти хоҷагии «Салом», ба ивази гирифтани заминҳояш 52 ҳазор доллар қарзи фучериро пардохтааст. 
 
ПАНДЕМИЯ ҚАДРИ ЗАМИНРО АФЗУД
Бешак, пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти тамоми ҷаҳон таъсири манфии худро расонда, давоми беш аз як соли охир сафари одамонро дар ақсои олам маҳдуд сохт. Ин ҳолат ба рафтуомади шаҳрвандони кишвари мо низ бетаъсир намонд. Бо ин сабаб, як қисми сокинони мамлакат, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ кор мекарданд, машғулияти худро муваққатан аз даст доданду акнун ба замин рӯ оварданд. Вале заминҳои кишту чарогоҳ, ки акнун соҳибмулкони расмии худро пайдо карданд, додани он ба сокинони дигар асосҳои қонунӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Агарчи замин ҳамоне ҳаст, ки садҳо сол пеш буд, вале ҳоло истифодаю идораи он мувофиқ ба низоми нави қонунгузории соҳа, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли кишварҳо талаботи вижаи худро дорад. Дигар имкон надорад, ки бо як дархости беасос заминро имрӯз ба ихтиёри яке ва фардо ба дигаре бисупорӣ.
Тибқи талаботи банди 33 қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 1775 аз 30 июни соли 2006 тасдиқ шудааст, ташкилотҳое, ки корҳои илмӣ, таълимӣ, таҷрибавиро анҷом медиҳанд, инчунин, хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ ва чорводории зотӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил мешаванд. «Салом» низ аз зумраи хоҷагиҳои тухмипарварист, ки бидуни қарори махсуси Ҳукумат тақсимот ё дар дигар самт истифода кардани замини он мумкин нест. 
 
ФАЪОЛИЯТИ «САЛОМ» НИЗ РӮ БА КАМРАНГӢ ДОРАД
Тавре аз маълумот бармеояд, солҳои аввали қарни нав аз сабаби пурра ва самаранок истифода нашудани заминҳои хоҷагии «Хоҷасартез» бо хулосаи комиссияи байниидоравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия майдонҳои кишти бекорхобида ба фонди ноҳия гузаронда шуданд. Кумитаи идораи замини ноҳия ва бахшҳои дигари марбута вазифадор шуданд, мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба шаҳрвандони хоҳишманд ҷиҳати таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ замин ҷудо карда шавад. Ҳамин тавр, хоҷагии деҳқонии «Салом» бо мақсади фаъолияти кишоварзӣ аз 18 ноябри соли 2002 тибқи қарори раиси ноҳияи Восеъ бо 22 саҳмдор таъсис ёфта, соли 2008 иловатан ба он беш аз 168 гектар замин ворид мегардад, ки миқдори саҳмдоронаш ба 237 нафар мерасад. Соли 2014 он самти тухмипарвариро пеш мегирад ва ба шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии ҷумҳурӣ шомил мешавад. Аммо имрӯз хоҷагии тухмипарварӣ бо вуҷуди дар ихтиёр доштани миқдори зиёди замин дар раванди таъмини тухмии кишоварзони ноҳия (ҳоло сифати онро сарфи назар мекунем) ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми чашмрас надорад. Масалан, дар ин муддат аз 100 гектар майдони пахтазор, соли 2018 ҳамагӣ 234 тонна пахта, аз он 128 тонна чигити тухмӣ, 2019 тақрибан 200 тонна пахта, аз он 108 тонна чигити тухмӣ ва соли гузашта 167 тонна пахта ва аз он 92 тонна чигити тухмӣ самар гирифтааст, ки дар муқоиса ба садҳо гектар замини хоҷагӣ хеле кам мебошад. 
Рустам Фақерзода, сардори  раёсати кишоварзии ноҳия гуфт, ки дар ҳақиқат фаъолияти  хоҷагии номбурда солҳои охир дар сатҳи лозимӣ қарор надорад. 
- Давоми солҳои 2014 - 2020 хоҷагӣ ягон фаъолияти селексиониро иҷро накардааст. Дар он парваришгоҳи тухмиафзункунӣ мавҷуд набуда, тайи ин муддат фаъолияти такрористеҳсолӣ анҷом надод. Бинобар ин, аз 24 декабри соли 2020 бо супориши раиси ноҳия, раёсати кишоварзии ноҳия ҷиҳати аз шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзии мамлакат баровардани он ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дархостӣ ирсол намуд. Ҳоло мо барои аз шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарвар берун кардани «Салом» ва тақсими заминҳои он ба сокинон хулосаи омӯзишии Вазорати кишоварзӣ ва қарори дахлдори Ҳукумати кишварро интизорем, - гуфт ӯ.
 
ТАҶДИДИ ХОҶАГӢ КОРИ СОДА НЕСТ!
СУДУ ЗИЁНИ ОНРО КӢ БАР ДӮШ МЕГИРАД?
Агар ба даъвои саҳмдорони собиқи хоҷагии тухмипарварии «Салом» нигоҳ кунем, он асоси қонунӣ надорад. Зеро онҳо дар вақти даркорӣ (соли 2002), ки он заминҳо ба нигоҳубин ниёз доштанд, ҳаққи худро талаб накарданд ва саҳмҳояшон ба ивази пардохти қарзҳо қонунан ба ихтиёри роҳбари хоҷагии номбурда гузоштанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти ноҳия эҳтиёҷоти сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов ва вазъи касоди хоҷагиро ба инобат гирифта, аллакай, аз моҳи декабри соли 2020 барои таҷдиди он талош дорад.
Аз сабаби он ки таҷдиди як хоҷагии тухмипарварӣ дар шароити эҳтиёҷоти кишоварзони мамлакат ба тухмии маҳаллӣ ва мувофиқи қонунгузории кишвар кори сода нест, омӯзиши ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Бинобар ин, иҷрои ниҳоии ин кор муҳлати муайянро тақозо мекунад.
Аз дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бобати аз шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ хориҷ кардани хоҷагии «Салом» ҳамагӣ 4 моҳ мегузарад. Вале бархе даъвогарон паҳлуҳои гуногуни масъаларо ба назар нагирифта, аз ин хусус шикоят доранд. Дар ҳамин маврид коршиносони соҳа порча - порча ба дасти сокинон додани заминҳои доманфарохи хоҷагиро ба зарари бахши кишоварзӣ, алалхусус тухмипарварӣ дониста, таъкид мекунанд, ки тақдири минбаъдаи заминҳои хоҷагии номбурда бояд баъди хулосабарориҳои қонунии асоснок ва барои ҷонибҳо манфиатбахш ҳал карда шавад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2021    №: 84    Мутолиа карданд: 1399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед