мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД
27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – вазирони мудофиаи Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Дабири кулли СААД ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар кишвар баргузор мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ин тадбир яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон мебошад.
Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили неруҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, неруҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиа арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гашт, ки дар мисоли пандемияи COVID – 19, мо дидем, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти мо чи таҳдид мекунад.
Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо назардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.2021 №: 85 Мутолиа карданд: 5251