logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. ҲИФЗИ ИН ГАВҲАРИ БЕБАҲО ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА ИТТИҲОД МЕХОҲАД

Имсол дар таърихи давлатдории навини мо яке аз солҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ҳарфҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро мардуми сарбаланди Ватани азизамон – Тоҷикистон Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд. Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, Ватан, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ мӯҷиби ифтихори мост. Он ғояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо мебошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сӯи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ,  пеш аз ҳама, ба иродаи сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори  миллӣ ва  донишу заковати баланди ҳар як шаҳрванди  кишвар вобастагии зич дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) зикр карданд: «Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас -  истиқлолу озодӣ  кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити  ниҳоят  мураккабу  ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ  кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст».
Сӣ соли соҳибистиқлолӣ шояд дар назди таърих лаҳзае беш набошад, вале барои мо муҳимаш он аст, ки тӯли ин солҳо дар замири халқамон ҳисси баланди бунёдкорӣ, созандагӣ ва офарандагӣ аз нав эҳё гардида, ин миллати ҷафокашидаву парешонро аз нав ба ҳам овардааст.  
Бе муболиға тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ аз  барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то навсозиву бунёдкориҳои азим, аз қабили иншооти бузурги  аср – НБО «Роғун», НБО - ҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ», «Шаҳристон», роҳҳои оҳани Душанбе - Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои  байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои интиқоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъйиноти гуногун, ки дар маҷмӯъ, ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд, бо кору пайкор ва номи мубораки Пешвои миллат пайванд мехӯранд.
Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои созандагиву бунёдкории худро дар кадом соҳае, ки набошем, тарҳрезӣ намуда, барои иҷрои амалии онҳо содиқона талош намоем. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, ин аст, ки, қабл аз ҳама, дар ҳифзи арзишҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ масъулият нишон диҳем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат тарбия намоем.  
 
Меҳрангез ҒОИБЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таъмини 
ташкили назорати судяҳои Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 85    Мутолиа карданд: 694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед