logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР – ҲОМИИ ЗАБОН ВА МАТБУОТИ ТОҶИК

Шириншоҳ Шоҳтемур. Ин ном дар умқи қалбу вирди забони ҳар як тоҷик маъво гирифтааст. Ӯ як умр Ватан гуфту инак, тамоми Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур мегӯяд. Ба эътирофи академик Баҳодур Искандаров: «Зиндагиномаи Шоҳтемур ин худ таърихи фишурдаи миллати тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юм аст». Дар баробари хизматҳои шоёнаш дар дигар соҳаҳо, ӯ ҳамчун роҳбари ҳизби Тоҷикистон дар таъсиси рӯзномаи «Бедории тоҷик», ки шумораи аввалаш 15 марти соли 1925 бо унвони «Иди тоҷик» нашр шуд ва ҳоло номи «Ҷумҳурият»-ро дорад, саҳм гузоштааст. 
 
БАРОИ ҲИФЗИ ЗАБОН МАТБУОТ ЛОЗИМ БУД 
Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси арбоби давлатӣ дар таъсиси рӯзномаҳои тоҷикӣ хизматҳои мондагоре анҷом додааст. Солҳои 20-уми асри гузашта, ки мавҷудияти халқи тоҷик аз ҷониби пантуркистон дидаву дониста инкор мегашт, ӯ ҳамчун намояндаи сиёсӣ овоз баланд намуд. 
Дар як гузориши ӯ ба унвони шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ РКП (б) қисмати бузурги аҳолии Осиёи Марказиро ташкил додани тоҷикон зикр мешавад. Масъалагузорӣ менамояд, ки аксари тоҷикони ҳамворзамини Туркистон ӯзбекӣ ва русиро донанд ҳам, рустоиҳою кӯҳистониён танҳо забони тоҷикиро баладанд. Ҳамчунин, ба забони тоҷикӣ дар Эрони шарқӣ, Афғонистон, шимоли Ҳиндустон ва як қисмати Хитой гуфтугӯ мекунанд. Бо ин Шириншоҳ Шоҳтемур собит месозад, ки «сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» ва бояд мақоми он барқарор гардад.  Ҳамзамон, ҷоннок намудани фаъолияти рӯзномаи “Овози тоҷик” - ро ба миён мегузорад. 
«Бад-ин минвол, - менавсад ӯ, -  аҳамияти бузурги ин забонро ба асос гирифта, шуъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии КМ ҲК Туркистон зарур мешуморад, ки бо ин забон барои сухани чопӣ рӯзномае, ки ҳаёти рӯзмарраро равшан инъикос кунад, нашр шавад. Он, аллакай, аз 25 моҳи августи ҳамин сол баромада истодааст. Вале бо вуҷуди набудани васоит рӯзнома ҳафтае фақат як бор мебарояд, ки ҳаргиз кофии ниёзи мардум нест. Шуъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллӣ зарур мешуморад, ки рӯзнома агар ҳамарӯза не, лоақал ҳафтае се маротиба интишор гардад». 
Ниҳоят, ба ин ҳадаф даст ёфтанд ва ба нигоштаи муҳаққиқ Аъзамҷон Азимов: “Муносибати дилсӯзонаи ин марди шариф ба он оварда расонд, ки минбаъд рӯзномаи “Овози тоҷик” бо тиражи 5000 нусха ва дар як ҳафта се маротиба чоп шудан гирифт”.
 
АЗ «ОВОЗИ ТОҶИК» ТО “БЕДОРИИ ТОҶИК”
Муҳаққиқон А.В. Макашов ва В.А. Руднитский дар очерки сиёсии «Шириншоҳ Шоҳтемур», бо зикри талошҳои ӯ дар ташкили якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», иброз медоранд, ки “дар нашри аввалин китобҳои дарсӣ барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хидмат кард». 
Дар ҳақиқат, нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳаёти сиёсии халқ падидаи арзишманде маҳсуб меёфт. Зиёиён бовар доштанд, ки акнун “танвири афкор” ба вуҷуд хоҳад омад. Дар ин баробар, рӯзнома ба сифати ормоннависи миллат забони тоҷикиро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Чуноне устод Садриддин Айнӣ дар шумораи аввали рӯзнома менависад: «Ҳамчун одами безабон қавми берӯзнома ҳам дарду ранҷ ва орзуву омоли худро гуфта ва зиёда аз он ба муттаҳидӣ ва якдилӣ саъй карда наметавонад. Аз ин рӯ, акнун ки қавми мо забон баровардааст, метавонад, ки ҳамаи даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад, акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад, акнун метавонад дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки бо забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд». Устод Айнӣ рӯзномаро ифшогари рози халқ хонда, оммаро ба шунидани садои он даъват менамуд: 
Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан, 
Баромад оқибат «Овози тоҷик». 
 
Профессор Иброҳим Усмонов дар фаъолияти «Овози тоҷик» иштирок намудани Шириншоҳ Шоҳтемурро тасдиқ карда, аз хизматҳои дигараш дар рушди матбуоти тоҷик ёдовар шуд: 
- Замоне ки дар масъалаи ташкил намудани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон комиссияи тоҷикии назди Ҳукумати Туркистон ташкил шуд, Шириншоҳ Шоҳтемур котибии Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчун роҳбари партиявии Тоҷикистон дар ташкили рӯзномаи «Бедории тоҷик», ки  шумораи аввалаш бо номи «Иди тоҷик» чоп шуд, иштирок кард. Хизмати бузурги Шириншоҳ Шоҳтемур овардани матбуот аз Самарқанд ба шаҳри Душанбест. То соли 1933 ӯ котиби партиявӣ буду баъд аз Нусратулло Махсум раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон. Ҳамин тариқ, ба ҳайси яке аз роҳбарони давр дар таъсиси матбуоти солҳои 1933 – 1937 дар Тоҷикистон Шоҳтемур саҳм гирифтааст. 
 
ЧЕҲРАҲОИ ДАВР ДАР ХИДМАТИ ҚАЛАМ 
Чуноне зикр мешавад, Шириншоҳ Шоҳтемур ба масъалаи таъмини рӯзнома бо мутахассисон аҳамияти хос медод. Ӯ, ки бо доираҳои илмию адабӣ робитаи зич дошт, барои ҷалби чеҳраҳои давр ба матбуот кӯшиш намуд. Ба таъкиди таърихнигорони матбуоти тоҷик Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов, рӯзномаи «Овози тоҷик» тавонист дар як муддати кӯтоҳ гурӯҳи калони адибону публитсистонро дар атрофи худ муттаҳид кунад. Аз рӯзҳои аввал бо он Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Бобоҷон Ғафуров, Қурбон Баҷлулзода, Баҳриддин Азизӣ, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ ва дигарон ҳамкорӣ мекарданд, ки дар ин амр Шириншоҳ Шоҳтемур ҳиссаи назаррас дорад. 
“Шириншоҳ дар масъалаи бо кадрҳо таъмин кардани ҳам матбуот ва ҳам мактабу муассисаҳои ҳукуматӣ корҳои зиёде кардааст. Вай бештар шаҳр ба шаҳр мегашт, одамони болаёқатеро, ки дар матбуот ё мактаб кор карда метавонистанд, ҷамъ карда меовард”, - афзуд Иброҳим Усмонов. 
 
“ҶУМҲУРИЯТ” ДАРСИ ВАТАНДОРИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ МЕДИҲАД
Ин ниҳояти хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар пешрафти матбуоти тоҷик нест. Ҳамчунин, ӯ дар таъсиси рӯзномаҳои «Деҳқонони камбағал», ки баъдҳо номи «Барои коллективонӣ» - ро гирифт, «Ҷавонони Тоҷикистон», «Бюрои маорифи коммунистӣ» ва рӯзномаи вилоятии «Бадахшони сурх» чун чеҳраи сиёсӣ ҳисса гузоштааст. Соли 1932 теъдоди маҷаллаҳо ҳам дар қиёс ба соли 1929 афзуда, “Роҳбари дониш”, “Маориф ва маданият”, “Барои адабиёти сотсиалистӣ” ва “Бо роҳи ленинӣ” арзи ҳастӣ намуданд. 
Шириншоҳ Шоҳтемур дар авҷи гирудорҳои таърихӣ аз аввалин касоне буд, ки бонги “Бедории тоҷик” зад. Хеле хушоянд аст, ки ҳоло модари 97-солаи матбуот ба поси хотири қаҳрамонфарзандаш озмун доир кардааст. Бешубҳа, “Ҷумҳурият” бо зикри кору пайкори ин абармарди майдони сиёсат ба насли ҷавони кишвар сабақи таърихӣ ва дарси ватандорию хештаншиносӣ медиҳад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 85    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед