logo

иҷтимоиёт

МИСКИНОБОД. ЧАРО КАЛОНТАРИН ДЕҲОТИ ФАЙЗОБОД ИНШООТИ ВАРЗИШӢ НАДОРАД?

Рушди соҳаи варзиш ва рӯ овардани мардум, бахусус ҷавонон, ба тарзи ҳаёти солим пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин ҷода, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде ба сомон расида, дар гӯшаву канори гуногуни Ватани маҳбубамон, аз ҷумла ноҳияи Файзобод, толорҳо, майдончаҳо ва иншооти дигари варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аммо бояд гуфт, ки на ҳамаи деҳоти ноҳия аз чунин шароит бархӯрдоранд. Масалан, деҳоти Мискинобод, ки дар Файзобод калонтарин ба шумор рафта, аҳолиаш беш аз 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ягон иншооти варзишӣ надорад.
 
Иномҷон Шарифов, собиқ раиси ҷамоат, зимни суҳбат зикр кард, ки, воқеан, дар деҳоти Мискинобод чунин мушкилот ҷой дорад ва кӣшиш карда истодаем, ки бо ҷалби соҳибкорон майдони футбол бунёд намоем. 
Ҷавонони деҳаи Заркамар иброз доштанд, ки барои бунёди иншооти варзиш борҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоат муроҷиат кардем. Ва танҳо соли 2018 бо супориши собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода барои сохтани майдони футбол замини санглохеро ҷудо намуданд. Яке аз соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони онро ба уҳда гирифт. Ҷавонони деҳа бо дастгирии мардум бо харҷи 10 ҳазор сомонӣ то қадри имкон онро ҳамвор карданд. Вале бо гузашти вақт, мутаассифона, дигар мақомоти маҳаллӣ ба ин мушкил расидагӣ накарданд. Мардум аз ин ноумед шуда, дигар саҳм намегузоранд.
Ҷавонони деҳот мегӯянд, ки ҳоло ба хотири бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба маркази ноҳия мераванд.
Қиёмиддин Юсуфов, яке аз соҳибкорони ноҳия, вобаста ба масъалаи мазкур чунин гуфт: 
- Мо баҳри бунёди майдон ду моҳ заҳмат кашидем ва беш аз 20 ҳазор сомонӣ низ сарф намудем. Аммо бо сабабҳои ба мо номаълум тайи ин муддат аз ҷониби роҳбарияти ҷамоату мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ наёфтем. 
Мо хостем барои рӯшанӣ андохтан ба ин мушкилӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода ҳамсуҳбат шавем, аммо ду маротиба ба суроғаш рафтаву пайдо накардем.
Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, бунёди як майдончаи хурди футбол миёншикан нест. Тавре шоҳидем, имрӯзҳо барои пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои гуногуни кишвари азизамон эъмору навсозии майдончаҳои варзиш бо маром ҷараён доранд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ягон мацйдончаи варзиш дар деҳоти калонтарини ноҳия ба нақша гирифта нашудааст?
Аз ин рӯ, роҳбарияти ҷамоатро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд. Ё масъулон андешаи дигар доранд?! 
 
З. РАҶАБ “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 84    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед