logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ РОҲҲОИ ОБОД

Бунёди роҳ ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешбарандаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Синаи кӯҳу санг шикофтаву роҳҳои вайрону валангорро чун кафи даст ҳамвор намуданду сокинонро аз роҳпоиҳо дар ағбаҳои мушкилгузар халос. Ба туфайли ин, Тоҷикистон ба кишвари воҳиде табдил ёфт, ки роҳҳои чун оинаи пурҷило роҳи рушди кишварро дар ин давра бозгӯ менамоянд.
 
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН 20 ЗИНА БОЛО РАФТ
Дар пайи талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ва амалишавии 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ имкони баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ фароҳам омад. Мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 2200 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ имконияти транзитии мамлакатро тавсеа бахшид. Натиҷа ин шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари роҳҳои обод шинохта шавад. Инро таъкиди Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ тақвият мебахшад: 
«Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имкон доданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронда мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба тадқиқот фарогирифташуда зинаи 50 - умро ишғол намояд». 
 
ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – БОХТАР - ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКИСТОН БО МИНТАҚА 
Қатъи назар аз он ки дар пайи пандемияи коронавирус иқтисодиёти ҷаҳон ба буҳрони шадид гирифтор шуд, сохтмони роҳҳо дар кишвар ҳамоно идома дорад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, ҳоло 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8 миллиард доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки имсол 4-тои он - сохтмони қитъаҳои Душанбе - Бохтар (марҳилаҳои як ва ду) бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин ва Шкев - Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб - Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. 
Таҷдиду навсозии роҳи байналмилалии Душанбе - Бохтар, ки ду марҳиларо дар бар мегирад, аз иншооти муҳими соҳа ба шумор рафта, пойтахти мамлакатро бо вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин мепайвандад. Дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он туҳфаи пурарзиши Ҳукумати мамлакат ба сокинон маҳсуб меёбад. 
Дар ин робита, Эраҷ Абдулвоҳидзода, муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт, афзуд: 
- Роҳи мазкур бехатарии ҳаракат ва равуои мунтазами нақлиётро дар ин масир таъмин менамояд. Корҳои сохтмонӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, марҳилаи аввали лоиҳа бо харҷи қариб 97 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад. Барои ин, беш аз 79 миллион доллар маблағи грантӣ ва қарзии Бонки осиёии рушд ва Фонди ОПЕК ва зиёда аз 17 миллион доллар аз буҷети мамлакат ихтисос ёфтааст. 33,2 километр роҳ аз категорияи III ба “1-Б” гузаронда шуда, паҳноии он аз 16 то 25 метр васеъ мегардад. Фармоишгари лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт, машваратчиёни байналмилалӣ ва маҳаллӣ ширкатҳои “КОКС”- и Олмону КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” ва паймонкор Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳои “Синдзян Бейсин” мебошад. Тибқи нақша, сохтмони 4 пул, хобондани 69 лӯла ва васеъ кардани роҳ ба анҷом расида, чароғонкунӣ бо панелҳои офтобӣ дар минтақаҳои аҳолинишини ду тарафи шоҳроҳ ҷараён дорад. То ин замон қабати поёнии роҳ мумфарш гашта, 90 дарсади корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. 
Ба гуфтаи Э. Абдулвоҳидзода, сохтмони қитъа бояд моҳи октябри соли гузашта анҷом меёфт, вале бо назардошти корҳои иловагӣ ва паҳншавии бемории COVID - 19  то охири моҳи июли соли ҷорӣ тамдид гардид. 
 
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ШОҲРОҲ. ТАТБИҚИ ПУРРАИ ЛОИҲА НАЗДИК АСТ 
Ҳамчунин, бо тавсиб ёфтани созишномаи маблағгузории иловагии грантӣ дар ҳаҷми 90 миллион доллар бо Бонки осиёии рушд моҳи октябри соли 2018 корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми шоҳроҳ низ оғоз гаштанд. Маблағи лоиҳа 107,5 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 17,5 миллион доллари он аз Буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст. 
Дар доираи он, наздики 40 километр роҳ аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то кӯпруки дарёи Вахш (шаҳри Бохтар) таҷдиду навсозӣ мегардад. Машваратчии лоиҳа ширкати “КОКС”-и Олмон ва паймонкор ширкати “Синохидро корпорейшн ЛТД”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин  мебошанд. 
- Сохтмони ин марҳилаи лоиҳа низ то Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, - иброз дошт Шоназрӣ Ҷобиров, менеҷери лоиҳа. - Тибқи он, таъмиру навсозии нуҳ пул, кашидани 46 лӯлаи обгузар, бунёди се гузаргоҳи зеризаминӣ ва 1354 метр девори оҳану бетонӣ, 48 истгоҳу павилён ва ду гардишу чорсӯ дар назар буда, 75 дарсади корҳо сомон ёфтаанд. 
 
БОЗОРИ БУЗУРГИ ОСИЁИ МАРКАЗИЮ ҶАНУБӢ ЭҲЁ МЕШАВАД 
Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аҳамияти стратегии роҳи Душанбе - Бохтарро дар он арзёбӣ мекунад, ки вилояти Хатлон аз сернуфустарин минтақаҳои кишвар аст. 
- Махсусан, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз водии Вахш вобастагии калон дорад. Бо истифода аз ин роҳ, бозори мамлакат, ҳатто, қисмати шимолии он ғанӣ мегардад. Яъне, азхудкунии захираҳои иқтисодии вилоят сурат мегирад, ки ба манфиати иқтисоди миллист. Ҳамзамон, Тоҷикистон ба бозорҳои мамлакатҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин, Афғонистон, Покистону Ҳиндустон, роҳ меёбад ва бозори бузурги минтақавӣ ба вуҷуд меояд. Яъне, роҳи мазкур минтақаҳои савдои наздисарҳадиро рушд бахшида, чун рагҳои хунгард хизмат мекунад. Гузашта аз ин, роҳи Душанбе - Бохтар назири лоиҳаи CASA - 1000 дар низоми коммуникатсионии Осиёи Марказию Ҷанубӣ аҳамияти стратегиро касб менамояд. Агар бо CASA - 1000 барқ интиқол ёбад, бо ин роҳ додугирифти молу маҳсулот ба амал меояд, ки ба манфиати ҳамаи кишварҳост.
Моҳи июни соли ҷорӣ шурӯи корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа - Бохтари шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва, баъдан, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ҳадафи стратегии роҳи мазкурро мукаммалтар хоҳад сохт.
 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 1269
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед