logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. МУҶАССАМАИ СУЛҲ ВА РАМЗИ АДАБИЁТУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Фарҳангу адабиёти оламгири моро шоироне ҳастанд, ки дар тарбияи инсони комил саҳми барҷаста доранд. Дар ин шумор устод Мирзо Турсунзодаро низ, ки  як умр зебоии маънавии инсонро сутудааст, мебояд гузошт. Устод Турсунзода на танҳо дарду шодии мардуми худ, балки нишоту ранҷи миллату халқиятҳои дигарро низ эҳсос мекард. Ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ муаззамтарину мунаввартарин чеҳраи адабиёт буд. Дар адабиёти тоҷик бошад, ӯро метавон дар як радиф бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим  Лоҳутӣ  гузошт. Устодро дар ҷаҳон ба ҳайси як чеҳраи мондагори фарҳангӣ ва адабӣ мешинохтанд. Ҷойе хондам, ки як лаҳзаи муошират бо устод Турсунзода мардуми ғайрро ошиқи абадии халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз мекард. Бавижа, мардуми Ҳинд номи ӯро дар авроқи қалби хештан барои ҷовидон навиштаву ҳифз кардаанд.
Ҳар вақте достони устод “Ҷони ширин”-ро мехонам ба ҳамсари шоир ҳасад мебарам. Магар ҳар шоир  метавонад бо чунин муҳаббату садоқат дар шеър бо ҳамсараш як суҳбати хотирмон анҷом бидиҳад? Чунин тарзи муоширати орому зебо ва дилангез бо ҳамсар  хонандаро водор мекунад, ки бо кайфияти хосса достонро мутолиа намояд. Шоир бо шеваи баёни зебо бузургии занро васф мекунад. Ман гумон мекунам, ки ҳеҷ шоири олам ин гуна занро тавсиф накардааст. Ҳамчунин, дар баробари арҷгузорӣ ба ҳамсар, боз дар сифоту тавсифи  воқеиятҳои рӯзгор зиндагиномаи инсонҳои наҷибро ҳамчун намуна мисол меорад ва хонандаро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар ин достони зебо шоир асли зиндагӣ ва маънии онро шоирона баён месозад. Тамоми кӯшиш ва талоши ӯ бар он аст, ки ба ҳамсараш бигӯяд: инсон бояд гуманист ва худогоҳ бошад:
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.
Обро бо рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
 
Ҳамбастагӣ ва раҳму шафқат  аз асоситарин мавзӯоти достони “Ҷони ширин “ мебошанд. Бояд гуфт, ки устод Мирзо  Турсунзода дар радифи Саъдии бузургвор шоири одамият ва ахлоқ шинохта шудааст.  Баъди Саъдии Шерозӣ боз шоире мисли ӯ  дар ин сарзамин зуҳур кард, ки дардҳои башарро бозтоб диҳад. Ин аст, ки достон байти пурарзиши муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ:
 
Банӣ-Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
 
-ро ба хотир меорад. Бояд гуфт, ки дар миёни шуарои классик ва муосир кам шоиреро метавон ёфт, ки  мисли устод Турсунзода то ин ҳад мардумӣ бошаду дарди ӯро ифшо созад. Аз ин ҷост, ки мардум  шоирро мисли фарзанд дӯст медорад. Шоире дар ин маврид гуфтааст:
Халқ бо шеъри тару бар гармии дидори ӯ,
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд,
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд.
 
 Башардӯстии устод низ дар достон баръало эҳсос мегардад. Ӯ бо як нигоҳи дилсӯзона ба кишварҳои истисмордидаи Ҳиндустон, Афғонистону Ангола нигариста, дарду ранҷи онҳоро хеле латифу зебо баён медошт. Дар баробари ин, таманно мекард, кош марҳаме ба ҷароҳати қалби ин бахтбаргаштаҳо пайдо гардад ва замоне фаро расад, ки башар дар оромишу ваҳдату ягонагӣ умр ба сар барад;
Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,
Дардмандонро ту ҳам ҳамдард шав.
 
Шеър яке аз равишҳои тарбият аст, ки рӯҳи инсонро комил мегардонад, бавижа шеъре ки гӯяндааш дорои эҳсосоти баланд бошад. Устод Мирзо Турсунзода, ки воқеан,  шоири озода буданд, дар хонаи дилҳо чароғи рӯшане афрӯхтаанд. Намунааш ҳамин “Ҷони ширин” аст, ки ҳақиқатхоҳӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва мардумпарастӣ дар ниҳоди ин достон нуҳуфтааст. Дар достони шарҳиҳолӣ зебоии рӯҳу  инсон, бавижа  қадру манзалати зан, модар ва дилбар  басе ошиқона васф мешавад: 
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷойи зистам,
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рӯйи ҳуснободи ту буд.
 
Вақте ба хондани достон оғоз мекунед, аз салосати забони он  лаззат мебаред. Шоир дар ин достон бо нигоҳи гарму равшан фалсафаи зистан ва аз дарди хешу бегона огоҳ буданро  таъкид мекунад. Хонанда дарк мекунад, ки шоир лаҳзае аз  дарду шодии мардум ва хонаводааш ҷудо нест:
Ҷони ширин, худ, ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
 
Файз Аҳмади Файз, шоири муборизи Покистон, ки мураттаб  ба Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомад дошт, дӯстони зиёде дар ин сарзамин пайдо кард. Яке аз дӯстони наҷибаш устод Турсунзода буд.  Файз  Аҳмад соле пас аз даргузашти устод Мирзо Турсунзода ба Душанбе  омада, бо наҷвову афсӯс мегуфт: ”Чӣ ҷои Душанбе, кулли  ҷаҳон бе вуҷуди Турсунзода холист”...
Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро,
Дар адои ҷон харад монанди мо.
Ҳар гаҳе ки ёди Покистон кунад,
Ёд аз ношод фарзандон кунад.
 
Шоир бисёр амиқу барҷаста назарияи башардӯстиро тарроҳӣ намудааст ва бо нигоҳи жарфи ошиқонаву орифонааш ин ҳамаро дар достони “Ҷони ширин” гирд оварда. Аз чашми хонанда ниҳон намемонад, ки шоир муҳаббат ба инсон ва ба сарзамини хешро дар рагҳои ҳар мисраи шеъраш ҷорӣ намудааст. Мубтадои шеъраш ҳамеша номи Ватан буда. Устод ҳаргиз аз садоқату меҳрубонӣ ва ишқу муҳаббати Ватан фосила намегирифт. Ӯ ба касе ҳам тақлид намекард. Ҳар мисрааш тоҷикона, ошиқона ва ширину шево аст. Устод қалам бар даст дар муқобили зулмот қарор гирифта буд.
Достони “Ҷони ширин” -  аш тасвири зебоии зани хушбахти даврон ва арҷгузории шоир ба ҷинси латиф буда, ишқу муҳаббат ба зан ба унвони як мазҳари зебоӣ ва латофат дар достон нигошта шудааст. Бояд гуфт, ки  “Ҷони  ширин” шевотарину наҷибтарин бозёфти шоир, дар нигорхонаи ҳунарии ӯст:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат  аз дасти зан гулзор шуд.
Шоир ишқу муҳаббатро дар қалбу вуҷуди хеш кашф намудааст ва инсони ба ҳадде бошарофат ва босадоқат аст, ки  сирату сурати зан, бавижа ҳамсараш, дар андешаву тафаккур ва дилу ҷони ӯ ҳамеша ҷой гирифтааст. Турсунзода  аз шумори шоиронест, ки рисолати худро дар ҷомеа аз рӯи садоқату муҳаббат самимона ва беғаразона анҷом дода. Хуш ба ҳолаш, ки ҳамсарашро “ҷони ширин” номида, то интиҳои достон ба ӯ бо ҳамин ибораи нозанин  муроҷиат мекунад:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
Оре, устод Турсунзода меҳру муҳаббат нисбат ба занро гарму нарм сурудааст. Ӯ розу ниёзи зиндагии занро чун рассоме наққошӣ кардааст. Муроди шоири бузурги мо дар достон он аст, ки нақши занро дар ҷомеа дар ҷойгоҳи  баланд бубинад. Шоир воқеиятро дар ашъораш он гуна  муҷассам менамояд, ки хонандаи ба шоири мардумию ҳамдаму ҳамрози он буданаш эътимод намояд. Сулҳро асоси будани инсон медонаду чакомаи сулҳу салоҳ мехонад.  Солҳои навадуми асри гузашта мардум мегуфтанд: “Агар устод Мирзо Турсузода мебуд, ҳаргиз дар Тоҷикистон бесарусомонӣ намешуд”. Оре, устод аз он шоироне буданд, ки ба гуфте дар зери боли муҳаббату садоқати хеш ҳазорон - ҳазор мардуми хешу бегонаро хушбахт менамуданд. Устод ба “ҷони ширин” - аш борҳо дар достон таъкид мекунад:
Сулҳ гӯйӣ мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯйӣ аз ғазаб тӯфон шаванд.
Пурҳарорат нест бе сулҳ Офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстии мо зарур.
 
Устод Мирзо Турсунзода муҷассамаи сулҳу дӯстиву ҳувияти миллӣ, рамзи тамаддун, бахусус адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик, ҳастанд. Абармарде, ки бо фурӯтанӣ ва бениёзӣ мардуми азизашро ба сӯи фардои наҷиб ҳидоят менамуд. Устод мисли оинаи дурахшон  бо вуҷуду  ҳузури зебояш Тоҷикистони азизи мо ва миллати тоҷикро дар олам муаррифӣ намуданд. Аз ин ҷост, ки ба бузургиву наҷобати бемисли ӯ мардум ҷовидона эҳтиром гузоштаву сари таъзим фуруд меоранд.
 
Шаҳрия АҲТАМЗОД, шоира


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед