logo

туризм

САЙЁҲӢ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳти унвони «Тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ – омили рушди устувор» ҳамоиши илмӣ - назариявӣ баргузор гардид. 
Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳа, коршиносон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву хизматрасонӣ ширкат варзиданд. 
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ маънидод намудаанд, - гуфт Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе. Бо роҳнамоии Сарвари давлат таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ афзалият пайдо намуда, ташаббусҳои бунёдӣ гузошта шуданд. Бо ин мақсад, дар кишвар  соли 2018 - Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ ва бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, имкониятҳои фаровони ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанберо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки шаҳри Душанбе бо доштани имкониятҳои тавсеаёбандаи  инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мавқеи намоёнро соҳиб гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиёт, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 109 ширкати сайёҳӣ ва дигар муассисаҳои хизмат фароғатӣ ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд. Ҳамзамон, дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати меъмории шаҳрсозӣ буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад,  ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 - солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст. 
Зикр гардид, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу  талошҳои бевоситаи раиси шаҳр дар самти сайёҳӣ аст, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат  ва сафари шабона арзёбӣ  гардидааст. Ҳамзамон, аз 3 октябри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шӯрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарварони давлатҳои узви ИДМ соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст. Бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, раҳнамоиҳои раиси шаҳр ва заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 6682
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед