logo

иҷтимоиёт

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. ҲАНГОМАИ ТОҶИКӢ ДАР ФУТБОЛИ ОСИЁ

Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО – 2021 (гурӯҳи «А») тими «Шабоб ал-Аҳлӣ» (Дубай, АМА)-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, бо се пирӯзӣ ва як мусовӣ мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳкам сохт.
 
Голи «тиллоӣ»-и рақобатро дар дақиқаи 90+6 капитани даста Алишер Ҷалилов пас аз партоби Муҳаммадҷон Раҳимов, ки дар дақиқаи 90+5 ба ҷои Аҳтам Назаров ба майдон баромад, вориди дарвозаи бошгоҳи аморатиҳо кард.
Бозигарони душанбегӣ дар ин рақобат то охири  дидор неруи худро сарф намуданд, то ки ғалабаи муҳимро ба даст оварда, гомҳои устувори худро барои баромадан ба марҳилаи плей-офф (1/8-ниҳоӣ) гузоранд. Дар ин зӯрозмоӣ, дар баробари дигар бозигарон, ҳунари волои Алишер Ҷалилов ва Рустам Ятимов, дарвозабон, шоистаи таҳсину офарин аст.
Воқеан, дар ин қувваозмоӣ бахт ба рӯи футболбозони «Истиқлол» хандид. Зеро дастаи «Шабоб ал-Аҳлӣ» аз оғози рақобат пайваста дар хати ҳуҷум бозӣ мекард. Махсусан, дар дақиқаҳои охири нерусанҷӣ бозигарони тими АМА фишорҳои пайдарҳам оварда, ду фурсати муносиби голзаниро фароҳам оварданд, вале яке аз онҳоро Рустам Ятимов бартараф намуд ва дар мавриди дигар тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.  
Пас аз бозӣ, сомонаи даста навори муҳити утоқи либосивазкуниро бо унвонии «Тоҷикистон, ба пеш» пахш кард, ки ба қавле футболбозон аз шодӣ «дар курта»-ашон намеғунҷиданд.
Вохӯриҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳӣ нишон доданд, ки он қодир аст, дар қора бо дилхоҳ даста рақобат кунад. Пеш аз оғози мусобиқот, коршиносон ба ин назар буданд, ки тими навкори (дебютант) Лигаи қаҳрамонҳо дар назди дастаҳои арабӣ ва пуртаҷриба оҷиз хоҳад монд. Вале мо дидем, ки шермардони майдони сабзи тоҷикистонӣ алорағми назари коршиносон ҳунарнамоӣ карданд. Бешубҳа, ин аз он далолат медиҳад, ки варзиши рақами як дар Тоҷикистон бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба таври назаррас рушд намуда истододааст ва бошгоҳҳои мо метавонанд бо ҳунарнамоиҳои ҷолиб обруву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло баранд.
Ҳамакнун, барои ба даст овардани роҳхати мустақим ба даври плей-офф «Истиқлол»-ро як имтиҳони дигар дар пеш аст. Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ 30 апрел «Истиқлол» бо тими АГМК (Ӯзбекистон) қувваозмоӣ мекунад.  
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари даври 5-ум «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) бар АГМК бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 
Р.S. Ба роҳбарияти дастаи «Истиқлол» дар симмати президенти тим Шоҳрух Саидзода, ҳайати мураббиён ва бозигарон барои баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзи сипос мекунем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед