logo

ҳуқуқ

ОРОМГОҲ Ё МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ? БАҲСИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Дар асоси муроҷиати мо тибқи қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 сентябри соли 2014, № 1205 аз ҳисоби заминҳои маҳаллии аҳолинишин, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 июли соли 2011, № 336) ҷудо гардидаанд, ба Ҷамоати деҳоти Россия барои сохтмони оромгоҳ дар майдони 4 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд. 

То ин маврид, мо аз оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе истифода менамудем. Аммо, айни замон оромгоҳи мазкур дигар ҷои ба хок супурдани майитро надорад. Аллакай, оромгоҳ ба манзилҳои зисти одамон наздик шудааст.
Бо дастгирии сокинони деҳаи Шоҳмансури ҷамоати мазкур дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур, ки онҳо низ дигар ҷои ба хок супурдани майиташонро надоранд, қитъаи замини барои оромгоҳ ҷудошударо тариқи ҳашари дастаҷамъона обод намуда, гирду атрофи онро бо симтӯр ҷудо ва дарвозаи воридшавии оромгоҳро сохта ба итмом расондем. Бояд қайд кард, ки қитъаи замини ҷудошуда ноҳамвор буда, барои таваққуфгоҳи мошинҳо ҷой надошт. Вобаста ба ҳолати мазкур, ба хулосае омадем, ки аз қисмати даруни оромгоҳ таваққуфгоҳ созем. Тақрибан ҳудуди 1000 камаз хок харид карда, ҷойи таваққуфгоҳи мазкурро омода намудем. Роҳи даромад ва даруни оромгоҳро мумфарш намудем. Аллакай, сокинон аз оромгоҳ истифода бурда истодаанд.
Мутаассифона, баъд аз ин қадар корҳои ободониву созандагии сокинони маҳаллаи мазкур ба мо маълум шуд, ки қитъаи замини таваққуфгоҳи сохтаи моро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба як шаҳрванд барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо намудааст. Ҳол он ки ин қитъа бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ барои оромгоҳ ҷудо шудааст. 
Барои ин қитъаи заминро ҳамвор кардан маблағи зиёд ва меҳнати сокинони деҳоти Россия ва маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур давоми чанд сол сарф гардидааст.
Ҳоло ба мо маълум шуд, ки ин қитъаи даромадгоҳ тибқи харитаи заминсозон ба оромгоҳ дохил нашуда, ҳамшафат будааст. Ин дар ҳолест, ки оромгоҳ дигар дарвозаи даромад надорад.
Акнун, мо – сокинони деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ва маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур бояд чӣ кор кунем? 
Ин суолест, ки ҷавобашро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар сохторҳои салоҳиятнок интизорем.
 
Сокинони маҳаллаи «Бӯстон 1, 2» - и 
ноҳияи  Шоҳмансур, маҳаллаи «Шоҳмансури 1, 2» - и 
Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 3275
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед