logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

29 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар маҷлис нахуст дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он ба 17,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Рушди мусбати иқтисодиёти миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,4, гардиши савдои дохилӣ 6,5, кишоварзӣ 6,1, боркашонӣ 2,1, мусофиркашонӣ 2,6 ва ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 33,9 фоиз, аз ҷумла содирот 1,9 маротиба, таъмин гардидааст.
Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ – марти соли 2021 - ум 3,3 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,4, молҳои ғайриозуқа 2,4 ва тарофаҳои хизматрасонӣ 1,3 фоиз ташаккул ёфтаанд. Даромади Буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 дар сатҳи 104,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,9 фоизро ташкил менамояд.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбати рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шуд.
Дар баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021, ҳамчунин, оид ба иҷрои нақшаҳои даромади буҷет ва пардохти маошу нафақа  ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва дигар шахсони масъул шунида шуд.
Баъди ҳисоботи шахсони масъул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 суханронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҳамзамон, дар маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат дар маҷлиси навбатӣ, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод, дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, дар бораи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, дар бораи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021 – 2025, дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030, дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии баъзе аз объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббии ҳатмиро муҳокима карданд.
Дар охир, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати мамлакат ҷалб карданд.
Ба раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дастур дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, кишти зироатҳои лӯбиёӣ, истеҳсолу захираи зарурии хӯрокворӣ, таъмини сӯзишворӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2021    №: 87    Мутолиа карданд: 8105
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед