logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
(БАХШИДА БА 110 – СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН  МИРЗО ТУРСУНЗОДА)
 
МУАММОИ «ШОИР»
1. Тарҷумони рус, ки ашъори шоирро ба русӣ гардондааст. 2. Сухане, ки бо вазну қофия гуфта шудааст. 3. Шакли асари бадеӣ. 4. Давлате, ки шоир ба он сафар кардааст. 5. Персонажи достони шоир. 6. Қаҳрамони асар аз кинофилми «Ҳасани аробакаш». 7. Шеъри М. Турсунзода. 8. «… бо мӯйҳои сап – сафед». 9. Шеъри Т. Г. Шевченко, ки шоир онро тарҷума кардааст.10. Номи шаҳре, ки шоир ба он сафар кардааст. 11.   Мукофоте, ки шоир ба он мушарраф гардидааст. 12. Шеъри М. Турсунзода. 13. Маҷмӯаи ашъори шоир, ки бо хати арабиасоси форсӣ чоп шудааст.14. Пойтахти ҷумҳурии қитъаи Осиё, ки шоир ба он сафар кардааст. 15. Дӯсти шоир, адиби ӯзбек.16. Навъи гул, ки шоир дар ашъораш бештар истифода бурдааст. 17. Мавзӯи асосии эҷодиёти шоир. 18. Пйесаи М. Турсунзода. 19. Шаҳр дар Канада, ки шоир ба он ҷо сафар кардааст. 20. Матни асари саҳнавии мусиқӣ, ки дар эҷодиёти шоир ҷой дорад. 21. Шеъри шоир. 22. Исми набераи шоир. 23. Яке аз дӯстони шоир, ки гуфтааст: «Мирзо давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ аст». 24. Муаллифи шеъри «Қитъаи шеър», ки ба М. Турсунзода бахшидааст. 25. Шоири  кабардаю  балқар, дӯсти М. Турсунзода. 26. Яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти шоир. 27. Ҳикояи М. Турсунзода. 28. Қасри муҳташаме дар Ҳиндустон, ки ҳамноми шеъри шоир аст. 29. Шоири рус, тарҷумони шеъри М. Турсунзода. 30. Қаҳрамони яке аз достонҳои шоир. 31. Маҷмӯаи ашъори шоир. 32. Ғазали М. Турсунзода. 33. Шоири тоҷик, ки дар ҳаммуаллифӣ бо М. Турсунзода  либреттои  «Шӯриши Восеъ» - ро навиштааст. 34. Исми қаҳрамони асари шоир. 35. Достони М. Турсунзода. 36. Мактабе, ки шоир баъди хатми он маълумоти миёна гирифтааст. 37. Исми шеъри шоир. 38. Қаҳрамони достони машҳури шоир. 39. «Аз замин *** - ҳоро чида мемолам ба чашм». 40. Адиби қирғиз, ҳамқалами шоир. 41. «***и халқи ҷаҳонро гум макун». 42. Миллат. 43. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё, ки шоир сафар кардааст. 44. Истеъдод, маҳорат. 45. Ҷумҳурие, ки достони «Ҳасани аробакаш»  ба 25 - солагии он бахшида шудааст. 46. Яке аз рамзҳои  миллат. 47. Муқобилмаънои куҳна. 48. Иҷрогари нақши Ҳасан дар филми «Ҳасани аробакаш». 49. Актёре, ки дар филми «Ҳасани аробакаш» нақши Раҷабро бозидааст. 50. Адиби  озар, ҳаммаслаки М. Турсунзода. 51. Сухангӯй, ровӣ. 52. Зодгоҳи М. Турсунзода. 53. Қаҳрамони Тоҷикистон. 54. Шеъри М. Турсунзода. 55. Муқобили назм. 56. Исми собиқи шаҳри Турсунзода. 57. «Дар бари рухсора аз чашмони тар, … мисли жола хуноби ҷигар».               
Мураттиб  Мунира САИДАҲМАДОВА,
сокини шаҳри Ҳисор
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «СУММАИ АДАДҲО», АЗ 23 АПРЕЛИ 2021:
1. Тоҷикистон. 2. Ватан. 3. Ваҳдат. 4. Пешво. 5. Раҳмон. 6. Сулҳ. 7. Модар. 8. Падар. 9. Сомон.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
«ДУРАХШИ СОЛ»
Боз як ҷоизаи муътабари Манижа Сангин дар Россия
Зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Россияро дар озмуни Eurovision – 2021 намояндагӣ мекунад, ҷоизаи муътабари Best Style Awards-ро ба даст овард. Ҳакамон овозхонро дар номинатсияи "Дурахши сол" беҳтарин эътироф карданд.
Ташкилкунандагони озмун ба Манижа дар баробари ҷоиза, ҳамзамон, саги амрикоии Bully Pocket – ро тақдим сохтанд, ки аз 150 то 400 ҳазор рубл арзиш дорад. 
Видеои суруди Манижа «Russian Woman барои Eurovision – 2021» беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
САХОВАТ.  МУШТЗАНЕ, КИ БАРОИ 1000 ОИЛАИ БЕМАНЗИЛ ХОНА СОХТ
Муштзани филиппинӣ Мэнни Пакяо, ки дар ҳашт вазн пирӯзӣ ба даст овардааст, нахустин даромади худ аз ҳисоби боксро ба ниёзмандон сарф намудааст. Ӯ дар зодгоҳаш – музофоти Танго давра ба давра барои 1000 оилаи эҳтиёҷманд манзили истиқоматӣ сохт. Ҳамчунин, Мэнни барои пешгирӣ аз оворагардии ҷавонон дар зодгоҳаш майдончаҳои варзиш, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои гуногун бунёд кард.  
Дарвоқеъ, Мэнни Пакяо дар оилаи камбағале ба воя расидааст, ки ғизои асосиаш бехмева ва банан буд. Маҳз шароити вазнини хонавода ӯро маҷбур сохт, ки аз 12 - солагӣ ба кор шурӯъ кунад. Ҳоло ӯ дар Филиппин шахси муваффақ ва сарватманди шинохтаест, ки бо амалҳои хайру инсондӯстонааш мавриди эҳтироми умум қарор гирифтааст.
Таҳияи ШОҲОНА
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Воқеан, шумо ба хонаи нав кӯчидеду бӯрёкӯбон ҳам накардед-а? – пурсид Умархон. – Акнун «ба як тир ду нишон»  заданӣ. Бало шумо,  амак! – хандид ӯ ва каме андешида гуфт: - Майлаш, имшаб бӯрёкӯбон шаваду зиёфат ба дигар вақт монад. Зеро ки меҳмон ҳам аз роҳи дур монда шуда омадаанд. Сонӣ… келинатон бетоб буд, дар ҳавлӣ се шабу се рӯз боз танҳо…
* * *
Булбул, ки кард ҳиҷрат, гул ноздонаи кист,
Булбул забонбурида, савсан забонаи кист.
Дар нӯҳ фалак садо зад фарёди беҷавобам,
К-он ошнои рафта дар ошёнаи кист.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2021:
Абдулҳамид Самад,  Абдулқодири Бедил
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АМАЛИЁТИ «БУҚА»
Ҳангоми бо банкаи лейденӣ гузарондани таҷриба физики машҳури немис В. Рентген шогирдонро таъкид мекунад:
- Бо ин банка бояд хеле эҳтиёткорона муносибат намоед. Агар дар он ба қадри кофӣ қувваи барқ ҷамъ шуда бошаду ба муддати тӯлонӣ даҳонашро баста нигоҳ доред, дар ҳолати расиш ҳатто як барзаговро куштанаш мумкин. 
Физик чун мебинад, ки донишҷӯён ба ӯву банкааш ҳайрону нобоварона менигаранд, барои эътимоди бештари онҳо асбобро дар худаш месанҷад. Вақте аз таъсири шиддати барқ бадани ӯ каме ба ларзиш медарояд, дасташро зуд кашида гирифта, аз шогирдон мепурсад:
- Хуб, чӣ тавр, дидед, ки таҷрибаи мо шӯхӣ надорад? Акнун кӣ метавонад фаҳмонад, ки ҳоло чӣ амалиёте гузашт?
Баъди як лаҳзаи хомӯшӣ, шогирде ба гап медарояд:
-Устод, аз озмоише, ки гузарондед, мо ба хулосае омадем, ки аз назария ва амалияи шумо танҳо якеаш дуруст аст.
- Чӣ хел?- тааҷҷуб мекунад физик.
- Устод ё  аз таъсири қувваи банка мурдани ҳайвони калони шохдорро каме воҳима кардед, ё шумо аз буқа дида боқувваттаред. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ШИР
• Дар Ҳиндустон сокинони маҳаллӣ мунтазам шир менӯшанд, вале онро бо гиёҳҳои гуногун омехта мекунанд, зеро гов барои ҳиндуҳо муқаддас аст.
• Сино ҳанӯз X аср пеш муайян карда буд, ки одамони дарозумр доимо шир ва маҳсулоти шириро истеъмол менамоянд.
• Пеш аз хоб як истакон ширро нӯшед, асабро ором мекунад.
• Ширро дар зарфи шаффоф нигоҳ доштан мумкин нест, зеро бисёр моддаҳои муфид дар рӯшноӣ нобуд мешаванд.
• 1 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шир ба ҳисоб меравад.
• Истеҳсоли солонаи шир дар ҷаҳон 700 миллион тонна мебошад.
• Шир метавонад ҳамчун воситаи тозакунӣ истифода бурда шавад. Он доғҳои худкорро (ручкаро) дар либос ва оинаҳоро ҳам, тоза мекунад.
• Дар маҷмӯъ, таркиби шир 80 маъдани минералии гуногун дорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
НИРЯ БХАНОТ
СТЮАРДЕССАЕ, КИ БАР ИВАЗИ ҶОНИ ХУД 360 МУСОФИРРО НАҶОТ ДОД
Ниря (Ниржа) Бханот, стюардессаи ҳиндустониест, ки дар шаҳри Карочии Покистон 360 мусофирро аз чанголи террористон наҷот додааст. Вақте гурӯҳи ифротӣ дохили ҳавопаймо мегардад, бонуи ҷасур дар ҳол сарнишинонро огоҳ мекунад ва онҳо аз баромадгоҳи садамавӣ берун мешаванд то террористон барои парвоз маҷбурашон накунанд.
Аз худи Ниря, ки дар кабинаи ҳавопаймо буд, талаб карданд, ки шиносномаҳои ҳамаи мусофиронро гирифта биёрад, то онҳо шаҳрвандони Амрикоро қатл кунанд. Ниря ҷони худро дар хатар монда, ҳуҷҷатҳои амрикоиҳоро дар  партовгоҳ ва пушти нишастгоҳҳо пинҳон кард. Ба шарофати ин амали ҷасурона ҳама зинда монданд.
Вақте ки полиси Покистон барои маҳви террористон амал кард, онҳо ҳам оташ кушоданд. Дар ҳамин ҳол ба Ниря муяссар шуд, ки мусофиронро аз ҳавопаймо мустақилона берун барорад. Вале ҳангоми наҷоти се кӯдаки дар дохили ҳавопаймо дармонда, аз тири шӯришчиён ба ҳалокат расид.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ҶАЗОИ ХОНАСОЗИ ФИРЕБГАР
ЧАРО Ӯ ҶАРИМА ВА ДАР БИНОИ СОХТААШ МАСКУН ШУД?
Пудратчиеро аз Огайо, ки биноҳои сохтааш ба стандартҳо ҷавобгӯ набуданд, суд ба миқдори 100000 доллар ҷарима кард. Инчунин, дар асоси ҳалнома, ӯ бояд дар яке аз хонаҳои сохтааш ба сар мебурд ва танҳо барои тоату ибодат метавонист манзилро тарк намояд.
Баъди панҷ сол суд аз нав парвандаи ҷиноятиро баррасӣ кард. Ва маълум гашт, ки судшаванда хатогиҳои қаблиро ислоҳ накардааст. Ин бор, ӯро ба миқдори 10000 доллар ҷарима карданд. Дар баробари ин, суд ҳукм кард, ки пудратчӣ бояд ҳар ҳафта 4 рӯз дар яке аз биноҳои ғайристандартии сохтаи худ истиқомат кунад.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
 
 
САД СОЛУ ЯК РӮЗ ДАР МАҲБАС
Қиссаи зиндонӣ шудани навраси 16-сола
Сад сол ва як рӯзи меҳнати вазнин – ин ҳукми суди шаҳри Марсел (Франсия) ба навраси 16 - сола Жан Батист Мурон буд, ки соли 1776 содир шудааст. Мутобиқи нишондоди шоҳидон, Мурон барои оташ задани хонаи душманони оилааш дар деҳаи Таразон гунаҳкор дониста мешуд. Аҷоибии кор дар ин, ки навраси 16-сола пас аз сад солу як рӯз моҳи ноябри соли 1876 дар синни 116 - солагӣ ба озодӣ баромад. 
Пас аз адои ҷазои пурра, пирамарди 116 - сола рекордро барои тӯлонитарин адои ҷазо ҷиҳати оташсӯзӣ гузошт.
Аз русӣ тарҷумаи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
ГУЛНИГОР – БЕҲТАРИН ГУЛПАРВАРИ ДУШАНБЕ
Гулнигор Ғаффорова, бонуи гулпарвару гулсиришт, чанде пеш дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» беҳтарин гулпарвари пойтахти кишвар эътироф гашт. 
- Аз хурдӣ ба гул дилбастагии зиёд доштаму нозукиҳои онро хуб медонистам, зеро аъзои оилаи мо ҳама гулпарваранд»,- мегӯяд ӯ. 
Гулнигор 15 сол аст дар шаҳри Душанбе машғули гулкорист ва 5 соли охир муовинии директори Боғи Ғалабаро ба зимма дорад. Дастони гулпарвараш боғи мазкурро ба гулшани доимбаҳор табдил додааст.  
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
РОҲГУЗАР ВА СУҚРОТ
Роҳгузаре Суқроти ҳакимро санҷиданӣ шуда, мепурсад:
- То шаҳр дар чанд соати дигар мерасам?
Суқрот талаб мекунад, ки мусофир чанд қадам роҳ гардад. Чун бист қадам тай мекунад, файласуф ӯро боздошта, мегӯяд:
- Шумо баъди ду соат ба шаҳр мерасед.
Роҳгузари дар тааҷҷубмонда бо ситеза мепурсад:
 - Чаро баробари савол доданам нагуфтед?
- Аҷоиб гап мезанед, ҷавони хуб,- мегӯяд Суқрот,- ман суръати ҳаракати шуморо насанҷида, аз куҷо медонистам, ки дар чанд соат ба шаҳр мерасед. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ОСОРХОНАИ ХУШБАХТӢ ДАР ДАНИЯ
Аввалин осорхонаи хушбахтӣ дар маркази таърихии шаҳри Копенгаген – пойтахти Дания таъсис ёфт.
Осорхонаро Институти тадқиқоти хушбахтӣ асос гузошт. Он имкон медиҳад, ки одамон ба хушбахтӣ аз зовияи гуногун назар намоянд. Хоҳишмандон дар вақти боздид дар чорабиниҳои интерактивӣ ва пурсишҳо ширкат меварзанд. Ба мафҳуми бахт аз ҳар зовия ҷавоб меҷӯянд. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
СИНГАПУР
ГУНОҲҲОИ НОЧИЗУ ҶАЗОҲОИ САХТ
Сингапур, бо қонунҳои сахтгире шинохта мешавад, ки барои амалҳои ночиз ҷазоҳои сангинро пешбинӣ мекунад. Чунончи, дар ин кишвари осиёӣ аз Wi-Fi - и нафари дигар истифода кардан манъ аст ё агар ба интернети ҳамсоя бидуни рамз пайваст шавед, шуморо ҷарима ба андозаи 5000 доллари ИМА ва, ҳатто, бештар аз он таҳдид мекунад. Дар Сингапур сақичхоӣ ҳам метавонад, одамро ба зиндон барад.
Таҳияи ФАРОМАРЗ
 
 
ХОСИЯТҲОИ АҶИБИ ГУЛҲОИ ХОНАГӢ
ҲАМ ТАБОБАТ МЕКУНАНД, ҲАМ ДАРДИ САР
Ба ақидаи олимони Чини қадим гулҳо бо махсусиятҳои хоссаашон ба саломатии инсон таъсироти хубу бад расонда,   ба шахс, ҳатто барор  ҳам, меоваранд.   
Масалан, традескания. Ин рустанӣ  ба шахс роҳ нишон медиҳад, ки дар кадом кунҷи хона сиёҳие аз чашми бад афтодааст. Он тайёр аст, ки худро қурбон кунад, баргҳояшро зард кунондаву резонад, то ки таассуроти  манфии дар дохил ҷойгирифтаро пароканда  намояд.
Геран. Ин гул рӯҳи қавӣ дорад. Барои пурра шукуфтан неруи манфиро фурӯ мебарад, инсонро аз чашми бад нигоҳ медорад. Хусусияти табобатиаш дар он аст, ки барои бемориҳои асаб ва шамолкашӣ муфид мебошад. Аммо, дар хонае, ки геран мавҷуд аст, хоб рафтан нашояд. Равғани эфирии ба фазои хона буғшавандаи он шахсро дарди сар мекунад. 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
РОБОТ – САГ
ДАР ЧИН БОСУРЪАТТАРИН РОБОТИ ДУНЁРО СОХТААНД
Муҳандисони чинӣ робот – саги баландтарини технологиро сохтанд, ки  метавонад бо суръати 15 километр дар як соат ҳаракат намояд. Тибқи гуфтаи муҳандисон, ин аз ҳама тезгардтарин робот дар дунё маҳсуб мегардад.
«Саг»  ҳама чизро мебинад ва мешунавад. Ба шарофати датчикҳои насбшуда ӯ қодир аст баландӣ ва соиши заминро пешгӯӣ ва мавқеашро дар фазо муайян намояд. Инчунин, суръати қадамро низ, танзим мекунад.
Роботро дар интиқол додани посилкаҳо истифода бурдан мумкин аст. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2021    №: 87    Мутолиа карданд: 1036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед