logo

фарҳанг

АНДЕШАҲОИ ИСТИҚЛОЛХОҲӢ, СУЛҲПАРВАРӢ ВА ДӮСТӢ ДАР АШЪОРИ ТУРСУНЗОДА

Устод Турсунзода мундариҷаи аслии шеъри баъдинаи моро роҳандозӣ намуда, ҳамчун фарзанди комили даврони хеш асолатҳои аслии  инсониро аз қабили васфи Ватану сарзамини аҷдодӣ, Зан - Модар, табиати нотакрори диёр, бузургону нобиғагони фарҳангу адаб,  арзишҳои волои умумибашарӣ, аз қабили дӯстии халқҳо ва сулҳу ваҳдатро дар ашъораш васеъ истифода намуда, ба ҳамин васила таъкид менамояд, ки бақои ҷаҳон, пойдории он ва омили пешравии зиндагии осудаву шоиста ҳамин унсурҳо мебошанд. 
Адабиётшиноси тоҷик Рустами Ваҳҳоб бобати арзиши бадеии осори ин суханвари мумтоз андешаронӣ намуда, чунин гуфтааст: “Осори манзуми устод Турсунзода, ки тақрибан аз тамоми анвоъ ва жанрҳои суннатӣ ва нисбатан нав фароҳам шудааст, раванди хеле табиӣ ва қонунманди таҳаввули шаклии назми тоҷикро то остонаи арӯзи нав ё худ шеъри нимоӣ дар худ таҷассум намудааст.... Ҳар шеъри Турсунзода як саҳифаи рангини адабии таърихи Тоҷикистон ва дунёи рӯзгори ӯст”.  Ҳамин нигоштаҳои адабиётшинос шоҳиди он аст, ки устод Турсунзода дар ашъори хеш баробари идомабахшии суннати ниёгон, мавзӯъҳои дигари дархури замонаро истифода намудаанд, ки боиси пурмазмуниву гуногунҷабҳагии он гаштааст. 
Адиби соҳибназари тоҷикро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ медонистанд ва истиқбол менамуданд. Шоирро ғаму дарди миллатҳои гуногун аз қабили ҳиндувону афғонҳо ва бошандагони қитъаи Африқо, ки дар ҳамон даврон рӯзгори вазнину тоқатфарсо доштанд бетараф намегузошт ва дар шеърҳои хеш бобати рӯзгори онҳо ҳарф зада, таъкид месозад, ки ҳамаи ин давраҳо гузаранда аст ва рӯзе мерасад, ки пардаи зулму истибдод аз сари ин мардумон гирифта хоҳад шуд ва ҷояшро офтоби истиқлолу озодӣ хоҳад гирифт. Ҳамин мазмунро дар достони “Чароғи абадӣ” чунин баён намудааст:
Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.
Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд,
Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.
Кунун Шарқи куҳан бедор гаштаст,
Ба озодипарастон ёр гаштаст.
Турсунзода ҳамчун фарзанди сазовори Шарқ дар андешаи он буд, ки мардумони ин манотиқ лоиқи озодӣ, хушбахтӣ ва зиндагии осудаву оромӣ ҳастанд ва ҳамин андешаҳои бунёдгарояшро дар силсилаи ашъораш таҳти унвони “Қиссаи Ҳиндустон” ҷой додааст. Суханвари некандеш дар баробари тасвири ҳолати халқи мазлуми ҳинду таъкид менамояд, ки ин нобаробариҳо бояд поён пазирад ва адолат аз болои ҷаҳолат ғалаба намояд, зеро ин сарзамини фарҳангпарвар шоистаи пешравӣ, шукуфоӣ ва ободист. Эҳсоси дили шоир дар шеъри “Бозгашт” чунин тасвир  ёфтааст:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.
Шоири соҳибноми мо, ки дар рагҳояш хуни парастиши адолату одамият ҷӯш мезад ва абёти пандомези гузаштагони бузургаш паси гӯшҳояш садо медоданд, ки “бани одам аъзои якдигаранд” аз ноадолатиҳову тафриқаандозӣ ва ҷудоихоҳиҳо ба ғазаб омада, тавассути ашъори волояш андешаҳояшро иброз менамуд ӯ ва ба риққат меомад, ки чӣ гуна дар ҳамон замон як қабилаи мардумон ин қадар беқадранд. 
Устод Турсунзода аз аҳволи мардуми заҳматписанди ҳинду бо таассуф сухан гуфта, аз меҳнати зиёду беқадрии онҳо, аз қомати хамидаи ҷавонони ин сарзамин, аз сари хаму ранги зарди аҳолияш ёд овардааст. 
Матлубаи Мирзоюнус дар мақолаи хеш бо номи “Таҳаввули шеъри сиёсӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода”  андешаҳои арзишманди шоирро таҳлил намуда, чунин андеша дорад: “Дар шеъри “Рӯди Ганг” рӯди азиму пуршаҳомати Ганг андешаҳои ғамангезро дар зеҳни шоир ангеза медиҳад. Ба назари шоир чунин менамояд, ки рӯд аз оби чашмҳои гирён ва арақи деҳқон пур шудааст ва аз он ки одамони бадкирдор пули оҳанине бар дӯши ӯ бор кардаву қаторҳои пур аз ҷавоҳиротро ба сӯи Ғарб мебаранд ва кӯдакони бечораро аз ризқу рӯзӣ маҳрум мекунанд, сархаму ғамзадаву хомӯш меравад сӯи баҳр”. 
Дар идомаи шеъри мазкур суханвар бо як ифтихору сарбаландӣ ба ин рӯди шӯху саркаш аз Тоҷикистон будани хешро иброз медорад. Турсунзода тавассути ҳамин абёти хеш ба онҳо таъкид менамояд, ки бояд сарбаланду саодатманд зиндагӣ намоянд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд талош варзанд. 
Суханвари ватандӯсту дилогоҳ дар баробари тасвири аҳволи халқҳои гуногуни қитъаҳои олам, таҳлилу натиҷагирӣ намуда, ба хулосае меояд, ки маҳз дӯстӣ ва сулҳу салоҳ хотимабахши ҳамагуна нокомиву бадбахтиҳост. Танҳо сулҳу осудагӣ боиси пешравӣ, субот, зиндагии шоиста гардида, мардумон соҳиби илму маърифат ва ҳунару касб мегарданд. Ва ҳамин мавзӯи муҳиму заруриро дар шеърҳои “Ду дастрӯмол”, “Суруди сулҳ”, “Нону намак”, “Дил барнагашт”, “Дӯстонро гум макун”  муассир тасвир намуда, ободиву шукуфоии ҳар сарзаминро аз сулҳу оромӣ медонад. Аз  нигоҳи шоир сулҳ мисоли офтобу баҳор аст, ки ба дилҳо гармиву ба зиндагӣ рӯшаниву шукуфоӣ мебахшад:
Сулҳ дар гул - гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтобӣ толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.   
Шоир дуруст дарк мекунад, ки сулҳу оромӣ ба осонӣ ба даст намеояд, вале муҳим он аст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд талош варзид. Турсунзода бар он ақида аст, ки   сухан ва қалам қудрати онро доранд, ки дар тамоми гӯшаҳои олам беҳтарин тарғибгар ва мунодии сулҳу субот бошанд:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Шоири сулҳпарвар, ки ҳар нафас, ҳар қатра хун ва ҳар тори мӯяш сарфи хидмату дӯстдорӣ ва парастиши Ватану сарзамини аҷдодияш будааст, дӯстиро бузургтарин қувва ва сарчашмаи асосии сулҳу ободиву пешравию шукуфоӣ ҳисобида, бар он назар аст, ки танҳо дарахти дӯстӣ ба мардумон самараи шакарин медиҳад ва нифоқу ҷаҳолату разолатро аз миён мебарад. Ва ҳамин нидо аз қаъри дили наҷибзодаи тоҷик ба канораҳои дур танинандоз гардида, ба мардумон башорати некиву накӯкорӣ, ободиву созандагиро тарғиб менамояд:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун  касонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун. 
Ситоиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза алайҳи низоъангезону тахрибкорон, ки аз асоситарин мавзӯъҳои осори Мирзо Турсунзода аст, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд, зеро навиштаҳои адиби ватанпарвар насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи сарзамин, ҳувияти миллии хеш ҳушёр бошанд.
Ҳамин тариқ, кохи муҳташам ва зебои ашъори Мирзо Турсунзода ҳамин гуна аст, ки намуди ба хеш ҷалбкунанда дорад ва чун вориди он мешавӣ бо олами дигари маънавӣ рӯ ба рӯ хоҳӣ гашт ва дар ҳар хишти он нақши андешаи ин ҳакими нотакрорро хоҳӣ ёфт. Шинохти воқеии ашъори устод Турсунзода тасдиқи асолати миллӣ ва қимати воқеии осори насли баъдинаи адабиёти тоҷик аст, ки бо шурӯи кори суханварӣ дар муҳит ва фазои ин ашъор дар масири камоли назми мумтози тоҷикӣ роҳ паймудаанд ва ба офаридани осори қобили таҳсин даст ёфтаанд.
 
Маҳмадшо МАҲМАДШОЕВ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2021    №: 88    Мутолиа карданд: 870
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед