logo

туризм

САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ: ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ – ВОСИТАИ ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ

Яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки дар раванди он сайёҳон бо хӯрокҳои маҳалҳои гуногун ва рафти омодасозиашон шиносоӣ пайдо мекунанд, ин сайёҳии гастрономӣ мебошад. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳарчи бештар рушд дорад. Эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин навъи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. 
- Сайёҳии гастрономӣ дар стратегияи рушди Тоҷикистон самти авлавиятдошта аст, - гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яке аз хусусиятҳои асосии сайёҳии гастрономӣ дар Тоҷикистон хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, ҳафтсин ва ҳафтшин мебошанд, ки ҳангоми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ омода мешаванд. Нақшаҳо ҷиҳати манзур ва муаррифии ин унсурҳо ба сайёҳон бевосита ва ба воситаи интернет амалӣ шуда истодаанд.
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имсол дар доираи таҷлили 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузории Фестивали хӯрокҳои миллӣ  ба нақша гирифта шудааст, - гуфт ӯ. Ҳадаф аз ташкили фестивали хӯрокҳои миллӣ шинохти Тоҷикистон на танҳо бо палаву қурутобу шакароб, балки бо ҳунарҳои волои кадбонуҳои тоҷик, ки дар ҷаҳон нодир аст, мебошад, - гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода. 
Сайёҳии гастрономӣ ба деҳотӣ ва шаҳрӣ гурӯҳбандӣ шудааст. Дар саёҳати гастрономии деҳот сайёҳон, асосан ба тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза – ангур, сабзавот ва меваҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул мешаванд. Дар саёҳатҳои гастрономии шаҳрӣ бошад сайёҳон бо фаъолияти корхонаҳо ва сехҳои истеҳсоли хӯрокворӣ шинос мешаванд ва маҳсулоти онҳоро санҷида мебинанд. Ҳамин тавр, сафари гастрономӣ ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар ҷойҳои гуногун бо номгӯйи васеи хӯрокҳои миллӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Дар кишвари мо сайёҳии гастрономии деҳот мавқеи бештар дорад. Бино ба гуфтаи Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати «Панҷакент Интур» бисёри сайёҳоне, ки  ба Тоҷикистон ташриф меоранд, мехоҳанд зудтар ба деҳот рафта, аз боду ҳавои тоза нафас кашанд, зебогиҳои табиати диёри моро бинанд ва бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ шинос шаванд.  
Тавре ӯ иброз медорад: «Соли пешин ба деҳаи Саратоғи Панҷакент гурӯҳҳои чанднафараи сайёҳронро мебурдем. Он ҷо соҳибхоназан нон мепухт. Сайёҳон зуд ба ин машғулият мароқ зоҳир карда, нонпазиро омӯхтанд. Истеъмоли нони гарму боллазати тоҷикӣ ва раванди пухтупази он ба сайёҳон чунон писанд афтод, ки онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ сафари худро ба ин минтақаи Тоҷикистон бисёр хуб баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа сайёҳон аз 30 гурӯҳи соли 2019 ба 70 гурӯҳ дар соли 2020 расиданд. Мутаассифона, бо сабаби эълони пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва манъи парвозҳои ҳавоӣ, сайёҳон ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Вале онҳо ҳоло ҳам омодаи сафаранд, зеро Тоҷикистон барои аксар ҷаҳонгардони Аврупову Амрикову Ҷопону Австралия  кашфнашуда мебошад».  
Хӯрокҳои гуногун, дастархони бой ва меҳмоннавозии тоҷикон ҳамеша сайёҳони хориҷиро мафтун мекарданд. Оши палав, ки дар байни таомҳои тоҷикӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ бо фаровонии сабзавот, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ фарқкунандаанд. Дар баробари ин, кишвари мо бо парвариши меваву сабзавоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ  безарар шинохта шудааст. Нашъунамои онҳо на дар шароити сунъии гармхонаҳо, балки баръакс бо истифодаи нурҳои офтоб сурат мегирад. Асали тоҷикӣ, нӯшокиҳо ва обҳои маъданӣ дар ҷаҳон нодир буда, сайёҳону меҳмонон ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. 
Гуфтан бамаврид аст, ки рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дар ин замина сайёҳии гастрономӣ ба пешрафти босуръати саноати хӯрокворӣ мусоидат мекунад. Ин буд, ки ширкатҳои маъруфи хӯроки умум дар маконҳои гуногуни сайёҳии ҷаҳон силсилаи тарабхона, қаҳвахона ва дигар муассисаҳоро таъсис додаанд. Барои Тоҷикистон ин танҳо марҳилаи аввал буда, кишвари мо бисёр хӯрокҳои лазизу диданиҳои аҷиб дорад, ки метавонад ба ҷаҳониён шоиста пешниҳод созад ва байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ муваффақияти бештареро касб созад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2021    №: 88    Мутолиа карданд: 7317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед