logo

иҷтимоиёт

КАМОЛАМ АЗ ДУОИ УСТОД АСТ

Охирҳои моҳи июли соли 1977 баъди хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент рухсатиро дар деҳа мегузарондам. Як ҳафта нагузашта маро ба марказ даъват карданд. Таъкид намуданд, ки ҳарчи зудтар ба ҷои кори пештараам  - рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ҳозир шавам. Ин даъват бароям ногаҳонӣ буд. Ба ҷои кор омадам. Ба қабулгоҳ ворид шуда, ба котиба гуфтам: “Даъват карданд, омадам. Ба хайр бошад?” “Ба хайр, - гуфт ӯ ва афзуд, - шуморо дирӯз аз Кумитаи Марказии комсомол мудири шуъбаи ташвиқу тарғиб Баҳодур Маҳмудов пурсид. Хоҳиш кард, ки шуморо зуд пайдо карда, ба ҳузури ӯ фиристанд”. Лаҳзае ҳайрон мондам. Чаро ба Кумитаи Марказии ҳизб нею ба Кумитаи Марказии комсомол? Шояд котиба хато карда бошад? Такроран пурсидам: “Шояд саҳв шуда бошад?” “Не, не, - бо исрор таъкид кард котиба ва коғазеро аз болои миз гирифта ба ман дароз кард: - Мана, ин ҷо ному насаб ва рақамҳои  телефони шахси тамосгирифта. Метавонед аз ҳамин ҷо занг занед”. 
Ба рақами дар коғаз сабтшуда занг задам. Садои марғуладоре ба гӯш расид: “Шуморо гӯш мекунам”. Одоби саломро ба ҷо оварда худро шиносондам. “Бисёр хуб. Ман Баҳодур Маҳмудов. Агар имконият дошта бошед, ҳозир ба назди ман биёед. Бо шумо суҳбат дорам”, - гуфт ӯ.
Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа худро ба даромадгоҳи Кумитаи Марказӣ расондам. Баҳодурро шинохтам. Ӯ маро бо чеҳраи кушод истиқбол гирифта, ба дафтари кориаш бурд, бо хатми бомуваффақияти мактаби олии ҳизбӣ табрик намуда, сипас аз вазъи оила ва пайвандон пурсон шуд.
- Акнун сари мақсад меоем Атоҷон! Намедонам, шумо хабар доред ё надоред. Ба ҳамин қарибӣ дар идораи рӯзномаи асосии ҷавонон - органи Кумитаи Марказии комсомол ҳодисаи нохуше ба вуқӯъ пайваст. Бар асари зиддиятҳои дохилӣ байни роҳбарият ва коллектив, ба гурӯҳҳо ҷудо шудани онҳо як зумра кормандони рӯзнома - аз муҳаррир сар карда то котиби масъул ва баъзе ашхоси алоҳида аз кор сабукдӯш шуданд. Дар айни замон коллектив бе сарвар. Мо дар ташвиш будем, ки дар ин шароит киро ба сарварии ин рӯзнома пешбарӣ намоем. Ба бахти  мо шумо як гурӯҳ мактаби олии ҳизбиро хатм карда омадаед. Баъди омӯзиш андешаи мо болои ному насаби шумо қарор гирифт: 28-сола, аз мактаби рӯзномаи овозадори ноҳиявӣ ва рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ, ба дигар маъно рӯзномаи № 1 гузашта, инак бо маълумоти баланди мактаби олии ҳизбӣ ба Ватан баргаштед. Фикри шуморо донистан мехоҳам.
 - Ростӣ, бо шунидани ин суханҳо ман дар ҳайрат мондам. Аввал ин ки ман ягон рӯз дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор накардаам, дуюм ин ки дар кори роҳбарӣ таҷриба надорам. Магар дар ин вазъият ман ба серхонандатарин рӯзномаи ҷавонӣ чӣ гуна раҳбарӣ мекунам?
- Маълумоти дар мактаби олии ҳизбӣ гирифтаатон дар ҳалли ин мушкилот ёрӣ мерасонад. Ин боварии бузург аст. Ҳизб беҳуда  шуморо ба ин участка намефиристад. Аз ин рӯ, чунин пешниҳод дорам. Ҳуҷҷатҳои заруриро ба зудӣ омода сохта ба мо пешниҳод намоед. 
Тӯли ду ҳафта маро аз ҳаллоҷӣ гузаронданд. Мулоқоти алоҳида бо ҳар мудири шуъба, котибони Кумитаи Марказии комсомол, қабл аз ба Москва рафтан мулоқоти хосса бо котиби аввали КМ Абдуҷаббор Сатторов (равонаш шод бод) ва ниҳоят сафар ба Маскав. Он ҷо низ тайи як ҳафта чунин мулоқоту саволу ҷавобҳои бешумор бо дастандаркорони Кумитаи Марказии ВЛКСМ ва ниҳоят мулоқот пеш аз бозгашт бо котиби идеологӣ - яъне сарпарасти воситаҳои ахбор баргузор гардид. Бо ҷузвдони пури мавод роҳ ҷониби Душанбе гирифтам. Ҳуҷҷатҳои КМ ВЛКСМ-ро ба Баҳодур Маҳмудов расондам. Он кас гуфтанд, ки боз интизор мешавед, зарур шавед, худамон шуморо пайдо мекунем. Фақат дур наравед шуд, чаро ки ҷаласаи бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист наздик аст, шояд шуморо ба он ҷо даъват намоянд. Баъди ду рӯз котибаи сармуҳаррири “Тоҷикистони советӣ” ба дафтари шуъбаи хоҷагии қишлоқ, ки ман аз ҳамон ҷо ба ҳайси мухбири махсус ба мактаби ҳизбӣ рафта будам, саросема ворид шуда гуфт:  
- Шуморо ба воситаи телефон Мирзо Турсунзода пурсида истодааст...
Ҳуш аз сарам парид.
- Чӣ тавр?
- Ана, ҳамин тавр. Ғоиб Назарович Қаландаров, сарму-ҳаррир (равонашон шод бод) шуморо дар кабинеташон интизоранд. Зуд равед!
Саросема аз ҷо бархоста аз паси котиба роҳ ҷониби дафтари кории устод Ғоиб Назарович роҳ гирифтам. Чун ба дафтари муаллим ворид шудам, ӯ бе салому алейк ба гӯшаи телефон ишора кард. Бо дастони ларзон гӯширо бардоштам. Охир ман то ба имрӯз бо устод Мирзо Турсунзода дар ягон ҷо вохӯрда суҳбат накарда будам ва имрӯз бубинед... Ин, албатта, фоли нек аст. 
- Лаббай! Ман гӯш мекунам.
- Шумо Ато Ҳамдам ҳастед? - шунида шуд овози марғуладори устод.
- Бале, ман ҳастам, устод.
- Офарин. Салом, писарам. Албатта, маро шинохтагистӣ? Ман Мирзо Турсунзода. Ман ҳамдиёри шумо ҳастам. Инро медонед?
- Чаро намедонистаам, устод. Шуморо тамоми олам мешиносад ва дӯстатон медорад. Лекин ман дар назди шумо шармандаам, устод! 
- Барои чӣ? О, ману шумо то ба ҳол ягон маротиба  рӯ ба рӯ наомада, ҳарфе нагуфта бошем, пас чаро шарманда будаед. Не, ин хел нагӯед, писарам.
- Устод, чаро шарманда набошам, ки ба бисту ҳашт даромада, боре ҳам кӯшиш накардам, ки бо шумо рӯ ба рӯ оям, аз суҳбати гарму гувороятон баҳравар шавам.
- Ҳеҷ гап не, писарам, акнун фурсат фаро расид, ки ману шумо бештар вохӯрем. Ман аввал мехоҳам шуморо барои таъйин шуданатон ба вазифаи бисёр ҳам масъулиятнок - сарварии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” самимона муборакбод намоям. Шумо медонед, ки ин рӯзнома мактаби аввалини эҷодиёти ман буд. Ман  он ҷо чанд сол кор кардам, дар вазифаи котиби масъул. Ин солҳои сиюм буд, солҳои нав ташкил ёфтани рӯзнома.
- Ман ҳамаи инро медонам, устод.
- Бисёр хуб. Атоҷон, медонед, шуморо кӣ ба ман шиносонд?
- Не, устод!
- Ҷаббор Расулович! Котиби якум.
- Наход!
- Бале. Медонед чӣ, дирӯз ӯ ба ман занг зада хабар дод, ки Ато Ҳамдамро ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” тавсия намудем. Ӯро мешиносед?.. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки бо чунин ном гоҳ-гоҳ дар матбуоти даврӣ вомехӯрам, лекин боре ҳам надидаам. Ҷаббор Расулович батафсил вазъияти баамаломадаро ҳикоят кард. Бо ҳолномаи шумо пурра шинос шуда, умед мебандад, ки сазовори боварӣ  кор мекунед.
Ман ҳам ба ин бовар дорам, писарам. Котиби якум ба ман супориш дод, ки бо шумо дурусттар суҳбат кунам. Пасфардо ҷаласаи бюрои Комитети Марказӣ. Хуб омода шав, писарам, шояд саволҳо бисёр шаванд, шояд камтар. Ба ҳама чиз омода будан лозим. Ман бисёр мехостам, ки бо шумо аз наздик рӯ ба рӯ истода гуфтугӯ кунам. Лекин имрӯзҳо худро нороҳат ҳис мекунам, гурдаҳо азобам медиҳанд. Аз пагоҳ дар беморхона мехобам. Иншооллоҳ баъди баромадан бо ҳам вомехӯрем, аз наздик шинос мешавем, суҳбат мекунем. Насиҳати маро ба гӯш бигир, чаро ки пагоҳ-фардо  шумо ба коллектив ҳамроҳ ва сарвар мешавед, бори аввал онҳоро мебинед. Эҳтиёткор бошед, ҳамаро ба як чашм бинед, ба ҷӯрабозию гурӯҳбандӣ роҳ надиҳед, истеъдодҳоро ҳурмат кунед, барои онҳо дарро фарох кушоед. Хушомадгӯёнро хушрӯ аз даргоҳи рӯзнома биронед. Хулоса, ҳамин, писарам, агар умр вафо кунад, боз бо ҳам вомехӯрем, суҳбатамонро идома медиҳем. Ҳа, дарвоқеъ, чанд очеркатонро дар саҳифаҳои “Шарқи Сурх” (алъон “Садои Шарқ”) ва ба таври китобчаҳои алоҳида хондам, хубанд, зиндагиномаи қаҳрамононатонро воқеъбинона тасвир кардаед.  Бештар сафар кунед, ҳаётро дурусттар омӯзед. Ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм даст занед. Ана, насиҳати ҳозираи ман ҳамин, писарам. Бори дигар самимона табрик менамоям. То боздид. Ба ман ягон савол доред? 
- Не, устод, ҳамааш баҷо, қобили қабул. Фақат як таманно дорам. Зудтар сиҳат шавед ва ҳарчи зудтар ба дидори ҳамдигар бирасем.
- Ман кӯшиш мекунам, писарам. Барори кор!..
Гуфтугӯи телефонии мо бо ҳамин ба анҷом расид. Ҳис кардам, ки устод хеле хаста шуданд.  
31 июли соли 1977 бюрои Кумитаи Марказии ҳизб баргузор гардид. Масъалаи аввал тасдиқ ва таъйин ба вазифаҳои масъул буд. Баъди ду нафар навбати ман расид. Мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби КМ Искандар Қаландаров ҳолномаи маро мухтасар қироат кард. 
Ҷаббор Расулов аз Қаландаров пурсид:
- Аз вазъияти дар идораи газета баамаломада бохабар аст?
- Бале, ҳамаашро медонад.
Ҷаббор Расулов: 
- Ягон кас савол надорад?  
- Не! Бисёр хуб!
Ӯ ба ман муроҷиат кард:
- Мирзо Турсунович суҳбат карданд? 
- Бале, Ҷаббор Расулович!
- Сазовори боварии мо кор кунед. Ба шумо барори кор мехоҳам! 
- Ташаккур. Кӯшиш мекунам боварии шуморо ба ҷо биёрам!
24 сентябри соли 1977 хабари нохуши қалбҳоро поракунанда вафоти устод Мирзо Турсунзода ба баҳру бар овоза шуд. 
Рӯзи дигар аз сари субҳ дар майдони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ замин кафида одам баромада буд. Шахсиятҳои гуногун - пиру барно, ҷавонону наврасон, аҳли ҳунар ва эҷод, занону духтарон гулчамбарҳо дар даст навбат карда, бо бузургтарин адиби тоҷик, ки дар авҷи умр зиндагиро падруд гуфта буд, бо андуҳ хайрбод мегуфтанд. Дар он саф мо - кормандони рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”  низ қарор доштем. Гашти рӯз тобут бо ҷасади устод ба мазористони Лучоб аввал савори мошин, сипас рӯи дасти ҳаводорон ва пайвандонаш равон гардид. Вақте мардум аз роҳи калон гузашта ҷониби қабристон гаштанд, диданд, ки аз канори теппаи каҷу килеб, ки дирӯз ба назар мерасид, имрӯз, яъне баъди гузаштани чанд соате роҳи мумфарш пайдо шудааст. Тобут бо ҷасади устод сар - сари даст бемалол ба назди манзили охираташон расонда шуд. Субҳи дигар ба хотири ҳурмату эҳтироми устод бо ду-се нафар наздикон ба сари марқадашон омадем. Худро  дар қалб мазаммат мекардам, ки чаро дар зиндагии заминии устод ба дидораш нарасидам, суханҳои “ҳоло мо бо ҳам бисёр вомехӯрем, суҳбатҳо мекунем” - ро бо худ ба гӯр бурданд. Худамро дар пеши рӯҳи устод қарздор мепиндоштам. Қабл аз мазористони Лучоб, аз назди марқади устод, ки ҳанӯз ғарқ дар гулу гулдаста ва чамбараҳои гул буд, поин фаромадем, гирди қабр гирд омада барои хотира акс гирифтем. Хайрият, он акси таърихӣ дар бойгониам ниҳон будааст, пайдо кардам ва он имрӯз зеби ин мавод, ки ба ёдбуди устод рӯи коғаз омад.
Имрӯзҳо мо ба ҷашни 110 - солагии устод Мирзо Турсунзода омодагӣ мегирем, чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ва адабӣ амалӣ мешаванд. Ман худро хушбахт меҳисобам, ки сазовори боварӣ ва панду ҳикмати устод кам ҳам бошад, фаъолият кардам. То даме, ки зинда ҳастам, номи устод ҳамроҳи ман аст. 
 
Ато ҲАМДАМ, адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 1023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед