logo

иҷтимоиёт

ОБ БОШАД, СУРУД ҲАМ МЕШАВАД!

Оё боре ҳисоб кардаед, ки дар оилаатон рӯзе, ҳафтае ё моҳе барои эҳтиёҷи рӯзгор чӣ миқдор об сарф мешавад? На? Аммо ҳар сокини ноҳияи Хуросонро ҳатто аз хоби ширинаш бедор карда бипурсед, ба ин савол филфавр ҷавоби дақиқ медиҳад.
Дигарон дар хона обҳисобкунак доранд ё сарфи обро барояшон корманди (пулчинаки) хадамоти таъминоти об ҳисоб ва маблағи пардохташро муайян месозад, аммо дар ин ноҳия усули нав кашф кардаанд ва ҳаҷми масраф бо мошин ҳисоб мешавад.
Дар ноҳия манзалати ронандаҳои мошини обкаш басо баланд асту бозорашон гарм. Аз соли таъсисёбии ноҳия аксари сокинон мушкили оби нӯшокӣ доранд. Аниқтар ҳам гуфтан мумкин 81 дарсади аҳолӣ (аз 120 ҳазор нафар) дар ин муддат ба умеди ҳар раиси нави ноҳия мешуданд, ки бо пою қадамаш оқибат аз ин мушкилӣ вомераҳанд. Лекин…
Ҳоло мушкилкушои асосӣ ронандаҳои мошинҳои обкашанд. Ба дасташон 60 - 100 сомонӣ мечаспонӣ ва соҳиби як мошин (4 - 6 тонна) об мешавӣ. Аз ҷумла, сокинони Ҷамоати шаҳраки Обикиик (маркази ноҳия), танҳо ҳамин роҳи ҳалли масъаларо пайдо кардаанд. 
Хоҳу нохоҳ саволе пайдо мешавад, ки ин қадар обро онҳо дар куҷо нигоҳ медоранд? Агар аз маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳрак гузаред, назди биноҳои истиқоматии панҷошёна чандин чоҳи бадвоҳимаи бетониро мебинед. Оби мошинро ба ҳамин чоҳҳои кандаву бетонпӯшкардаашон рехта, баъд бо сатил то ошёнаи панҷум мекашонанд. Баъзеҳо дар чоҳ насос насб карда, аз он то хонаи худ лӯлаи борик кашидаанд. Ба ҳунари сарфакориашон аҳсан гӯед, ки бо тарновҳои худсохташон оби борону барф на ба замин, балки рост ба чоҳҳо меравад! Аммо як мошин об чанд рӯз кифоя мекунад ва магар ҳама имконияти харидани онро дорад? 
Сокини маҳалла Натиҷамоҳ Муллоева гуфт, ки ба оилааш шаш тонна ду ҳафта мерасаду халос. Баъд боз пул барору об фармо. Чун нафақахӯр аст, нисфи пули нафақааш ба об меравад. Обро ронандаҳо аз канали Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва шохаи рости канали ноҳияи Ёвон меоранд.
Собиқ  директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Низомиддин Бобоев комилан зид аст, ки мардум аз ин об истеъмол кунанд, зеро оби ин ду канал сирф полизист, на нӯшоӣ. Бо вуҷуди ин, 94 дарсади аҳолии ноҳия ночор аз он менӯшад. 
- Нӯшидан аз оби полизӣ, чоҳ ва мошинҳо, комилан хилофи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенист, зеро дар чоҳу канал обполо нест ва тозаю безарар будани онро касе кафолат дода наметавонад, - гуфт Н. Бобоев. - Барои ҳамин, дар ноҳия зиёд шудани бемориҳои сироятӣ ҷойи ҳайрат надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари хеш ба шаҳру навоҳӣ роҳбарони маҳаллиро, аз ҷумла ба ҳалли ҳамин масъалаи ҳаётан муҳим, мехонанд. Аммо вазъи беобии аҳолӣ, ки ду даҳсола идома дорад, ба хулосаи ногувор меорад: дар ноҳияи Хуросон ба ин суханҳо гӯши шунаво нест.
Умед аст, ки мушкилии рақами 1 - и сокинони ноҳияи Хуросон дар доираи амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» рафъ хоҳад гардид. Ё масъулон андешаи дигар доранд?
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
  
P.S. Хуросониҳои зариф, ки аз нон камӣ надоранд,  таъбири сарвари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Брежнев - «Нон бошад, суруд ҳам мешавад» - ро ба умеди рӯзе ба серобӣ расидан, устокорона такмил додаанд: об бошад, суруд ҳам мешавад!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 1052
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед