logo

иҷтимоиёт

АЗ РӮЗҲОИ САХТИ БЕМОРДОРӢ

Бисёр мутаассифам, ки аз бадрафтории кормандони беморхонае сухан мегӯям, ки замоне бо чеҳраи шукуфон беморонро қабул мекарданд. Дар бораи муомилаи табибони номдори ноҳияи Фархор бисёр мегуфтанд, аммо мақоли халқие ҳаст: «То хор дар поят нахалад, сӯзишашро эҳсос намекунӣ». 10 феврали соли равон, духтарамро дар ҳолати вазнин ба беморхона овардем. Дидан баробар гуфтанд, ки тифли батнаш мурдааст. Аз ин рӯ, ташхиси  ултрасадо ҳатмист. Бо чунин вазъ, 15 - 20 дақиқа духтури ташхисгарро мунтазир шудем, ки барои ба кор таъмин намудани нафаре бо касе дар тамоси телефонӣ буд. Баъди чандин маротиба гӯшрас намудани ҳамшира, ки беморамон дар ҳоли вазнин аст, бо беҳавсалагии том қадам ранҷа кард. Ин ҳам дарди ба хайр. Доруе, ки харида будем, баргардонданд. Гуфтанд, ки маводи дорувориро аз фалон дорухона харед. Аммо он дорухона аз беморхона қариб 1,5  километр дур буд. Чун духтур ҳаминро хост, худ, ки 6 моҳ пеш ҷарроҳии сутунмуҳра шуда будам, бо азобе то дорухона рафта доруҳои фармудаи духтурро харида овардам, ҳарчанд нархи ин доруҳо аз доруҳои пешина 19 сомонӣ қимат бошанд ҳам. Медонед, барои чӣ? Барои он ки ин дорухона ба ҳамон табиб дахл доштааст ва ӯ нахостааст, ки пули бемораш бегона шавад. Инро ҳам медонам, ки мо аввалин не, шояд садҳо нафари дигаре ҳам ба чунин ҳол рӯ ба рӯ шуда бошанд. Агар кӯдак солим ба дунё меомад, шояд ин чизҳо дар назарамон наменамуд, - гуфт модари бемор Гуландом Сатторова.  
 
МУНОСИБАТИ ДУРУШТ БО БЕМОРОН
Ҳоли беморамон ниҳоят вазнин буд. Хунаш бисёр рафт.  Аз ин рӯ, табибон гуфтанд, ки ҳатман бояд хун гузаронем. Вале дар беморхонаи марказии ноҳияи Фархор хун пайдо нашуд, маҷбур роҳи шаҳри Кӯлобро пеш гирифтем.  Боз мегӯям, ки инаш ҳам дарди бахайр! Духтурон бояд пайваста таҳлили хун анҷом медоданд, то фаҳманд вазъи бемор ба ҳолати муқаррарӣ баргаштааст ё не. Мутаассифона, кормандони маркази таҳлили хуни беморхонаи мазкур аз рӯи мақоли «худам шоҳу табъам вазир» - бо мардум муносибат мекунанд. Новобаста ба аҳволи бемор, то маблағи расид (чек) - ро нагиранд, таҳлили хун анҷом намедиҳанд. Ҳолатҳое шуд, ки баъди соатҳо барои таҳлили хун намеомаданд. Шахсан чанд маротиба наздашон рафтам, ки 1 соат гузашт ё 30 дақиқа гузашт, чаро намеоед. Бо овози баланд дод зада мегуфтанд: «Барои як нафар боло намебароем, якчанд нафар шаванд, баъд меравем». Чунин рафтор ба ягон чорчӯбаи одамгарӣ рост намеояд. Худо накарда дар чунин ҳол беморро аз даст диҳанд, кӣ ҷавоб мегӯяд? 
 
БЕМОРХОНА Ё ҒОРАТХОНА?
Рӯзҳои аввал диққат надодам, чун фикрам дар бемор буд. Баъдан мушоҳида намудам, ки парасторҳое, ки барои тозагии беморхона ба навбат назди дари даромад менишинанд, мардумро ғорат менамоянд. Вазифаи онҳо рафтуомадро ба тартиб даровардан асту мардумро бе  бахил иҷозаи вуруд надодан. Бояд гӯям, ки чунон ба «савдои» худ банд ҳастанд, ки тоза намудани роҳравҳоро низ фаромӯш мекунанд. Ҳатто барои онҳо дигар муҳим нест, ки бахилро ба пой мекунанд ё не! Муҳим он аст, ки пулашро супорӣ! Пулро барои бахили чандин маротиба истифодашуда месупорӣ. Пули бахил, ки аз партов ҷамъ намудаанд, барояшон аз тозагӣ дида муҳимтар аст. 
 
КӢ БОЯД ИН МУШКИЛОТРО ҲАЛ СОЗАД
Бисёр бо таассуф мегӯям, ки беморхонаи марказии ноҳияи Фархор шояд аз сад яки чунин беморхонаҳое бошад, ки мардум ҳамарӯза бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Албатта, - гуфт модари бемор, -  дар байни табибон ҳастанд нафароне, ки аз рӯйи виҷдон кор мекунанд, ба мисли Мадина Ҳасанзода. Мақоли халқие ҳаст: «Бо як гул баҳор намешавад». Аммо, ман мегӯям, ки бо як гул ҳам баҳор мешавад, чун баромадани як гул худ нишони омадани баҳор аст. Бовар дорам, ки чунин гулҳо низ дар мақомоти дахлдор, яъне Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ва барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин беморхона бо иқдомоти воқеии худ садо рӯшан мекунанд.
 
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед