logo

фарҳанг

САБТ АСТ ДАР ҶАРИДАИ ОЛАМ ДАВОМИ МО. АЗ ТАҶЛИЛИ 110-УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИК

Бахшида ба 110 - солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо иштироки  Саломиён Муҳаммаддовуд,  муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанг, Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллӣ ва дигар намояндагони фаъоли кишвар, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ду чорабинии муҳими фарҳангӣ - пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи устод Турсунзода ва Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” доир гардид. 
Нахуст таҳти навои мусиқии марғуб парда аз рӯи нимпайкараи устод Мирзо Турсунзода бардошта, бо қироати шеъру пораҳо аз достонҳояш хотири фарзанди фарзонаи миллатро гиромӣ доштанд.
Сипас, меҳмонон ва устодону донишҷӯён ба толори “Арғунун” ташриф оварда, дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ ширкат варзиданд. 
- Меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин - дили мардум маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд. 
Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефахриду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша мекӯшид, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба манфиати давлат ва ҷамъият истифода барад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро  дар бар мегиранд. Гуфта шуд, ки айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба беш аз панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд, - иброз дошт Муҳриддин Низомӣ, ректори донишкада, доктори илмҳои филология, профессор. 
Саломиён Муҳаммаддовуд, Мирзо Турсунзодаро тараннумгари дӯстии халқҳо шумурд.  Гуфт, ки ҷаҳониён ӯро ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо эътироф намудаанд. 
Фирӯза Турсунзода, духтари устод, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 110 -  солагии падари бузургвораш изҳори сипос карда, хотироти хешро аз ҳаёту фаъолияти қиблагоҳаш  ба ёд овард.
Тамара Махсумова, собиқ ректори донишкада, аз сафаре ба шаҳри Боку ёдовар шуд, ки ҳамроҳи академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ  рафта буд. Ӯ бо ифтихор зикр кард, ки ин ду абармарди миллатро ҳамагон бо нидоҳои “Ғафуров, Ғафуров, Ғафуров!” ва “Турсунзода, Турсунзода, Турсунзода!” истиқбол гирифта, зимни суханрониашон борҳо кафкӯбиҳои бардавом намуданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки фарзандони содиқи Тоҷикистони маҳбубро дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шинохтаву эътироф мекардаанд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед