logo

иҷтимоиёт

БА ГЕТӢ НАМОНАД БА ҶУЗ НОМИ НЕК. ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАҲЛУИ НИЁЗМАНДОН

Аз оғози тирамоҳи соли 2020  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон лоиҳаи “Омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавируси нави COVID-19” дар Тоҷикистонро мавриди амал қарор додааст. Лоиҳаи мазкур бо кумаки техникии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар иҷрои лоиҳа Бунёди мадади шоҳигарии Британияи Кабир, Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Канада ва Белгия мусоидат намуданд. Дар ин муддат дар доираи лоиҳа ба ниёзмандон ва оилаи онҳо  5800 халта орд, 29000 литр равғани рустанӣ, 11600 кило шакар, 11600 кило биринҷу  дигар намуди донагиҳо, 4417 бастаи беҳдоштӣ, 400 мошинаи дӯзандагӣ ва маводи сарфшавандаи он, 75 таҷҳизоти гаронбаҳои тиббӣ ва кумакҳои дигари инсондӯстона расонда шуданд. 
Фаъолияти ҶҲАТ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии тамоми ниёзмандон равона шудааст. Ҷамъияти номбурда ҳамчун созмони миллии башардӯстона бо таҷрибаи тақрибан якасраи амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар эътироф гардидааст. Дар иҷрои барномаҳо шабакаи васеи волонтёрон, бахшҳову ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳамкории устувор бо ҷомеаи маҳаллӣ аз бартариятҳои асосии он ба ҳисоб мераванд. 
Ҳоло дар ҷараёни муқовимат ба вабои аср - коронавируси нав Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ҳамчун созмони башардӯстонаи ёрирасони давлат, тавассути роҳандозии фаъолиятҳои гуногун камари ҳиммат бастааст. Ин фаъолиятҳо аз баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз роҳҳои сироятёбӣ сар карда, то расондани кумакҳои инсондӯстона дар шакли маводи хӯрокворӣ, бастаҳои гигиенӣ ва устувории иқтисодии хонаводаҳои осебпазир ба воситаи пешниҳоди мошинҳои дӯзандагӣ иборатанд. Дар ин самт фаъолияти намояндагиҳои ҷамъият дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат роҳандозӣ гардидаанд.
ОГОҲӢ БЕҲТАРИН РОҲИ ПЕШГИРӢ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИИ ҶАМЪИЯТ ДАР БАЙНИ ХОНАНДАГОН
Дар паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз маконҳои осебпазири ин беморӣ дониста мешаванд. Зеро ҳар рӯз хонандагон пас аз бозию гаштугузор дар байни анбӯҳи одамон дар мактаб ба хона, назди волидону бобою бибиҳояшон бармегарданд. Наздиконашон онҳоро ба оғӯш мегиранд, ҳамроҳ аз наздик суҳбат карда, дарс тайёр менамоянд ё ғизо мехӯранд. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ҷониби хонандагони мактаб, пеш аз ҳама, барои таъмини солимии аҳли хонадон ва муаллимҳояшон аҳамияти зиёд дорад. Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо таҷрибаи зиёде, ки дар самти кор бо мактаббачагон дорад, аз оғози тирамоҳи соли 2020  лоиҳаи “Омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавируси нави COVID-19” дар Тоҷикистонро мавриди амал қарор додааст. Дар мактабҳо қоидаҳои одие, ба монанди чӣ гуна ва пайваста шустани дастҳо, пӯшидани ниқобҳо ва дигар чораҳои беҳдоштиро нишон медиҳанд. Дар мактабҳо, барои ҷолиб ва хотирмон гузаштани дарсҳои беҳдоштӣ, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз озмунҳои хурд ва ҳадяҳо кор мегирад. Дар тамоми ин чорабиниҳои иттилоотӣ баргаҳои махсуси иттилоотӣ ба мардум тақсим мегарданд. Чунин чорабинии иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Рашт дар сатҳи баланд гузаронда шуданд.
Ба гуфтаи Баҳодур Қурбониён, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, лоиҳа аз самтҳои гуногуни фаъолият иборат аст. 
- Яке аз самтҳои муҳимтарин ва қадами аввал баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои коронавирус ва бемориҳои дигари гузаранда мебошад. Дар ин самт ихтиёриён ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз омӯзишҳои махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузаштаанд, хона ба хона, мактаб ба мактаб, кӯча ба кӯча мегарданд ва ба ҳамагон доир ба муҳим будани риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарзи дурусти риояи ин қоидаҳо маълумот медиҳанд, - изҳор намуд ӯ. 
ТАҚСИМОТИ БАСТАҲОИ ГИГИЕНӢ
Баробари иттилоъ додан, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва муҳим будани гигиена, дастрасӣ ба маводи беҳдоштиро низ ба инобат гирифтан лозим аст. Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо назардошти он, ки беморони сил ва ВНМО аз шумори қишрҳои осебпазиранд, дар чорчӯбаи лоиҳа ба 1000 нафар гирифтори чунин бемориҳо дар саросари Тоҷикистон 4 маротиба бастаҳои беҳдоштӣ тақсим кард. Дар ин бастаҳо собун, сачоқ, шампун, хокаи  ҷомашӯӣ, маводи безараркунӣ ва ниқобҳои тиббӣ мавҷуд буданд. 
Дар маҷмӯъ, то охири моҳи марти соли 2021- ум 886538 нафар дар доираи лоиҳа дар ҷараёни иқдомҳои гуногуни иттилоотӣ, ба мисли тақсими баргаҳои иттилоотӣ, баландгӯякҳо, сессияҳои махсуси дарсӣ, иқдомҳо дар маконҳои  серодам, суҳбатҳои як ба як, барномаҳои телевизионию радиоӣ, мақолаҳо бо маълумоти муҳиму зарурӣ фаро гирифта шуданд. Ин пайғомҳо аз фаҳмондани роҳҳои асосии сироятёбӣ ба бемории COVID-19 ва бемориҳои дигари сироятӣ, воситаҳои асосии пешгирӣ аз сироятёбӣ, роҳҳои нигоҳубину муроқибат аз нафари бемор ва ғайра иборат буданд. 
ХАЙРУ ЭҲСОН - РИСОЛАТИ ИНСОН 
Тавре гуфтем, беморони сил яке аз қишрҳои мавриди ҳадафи ин лоиҳаанд, ки бастаҳои маводи беҳдоштӣ ва кумакҳо дарёфт мекунанд. Яке аз сокинони  деҳоти дурдасти ноҳияи Рашт, ки аз афроди гирифтори ин беморист, дар доираи лоиҳаи роҳандозинамудаи ҷамъият аз кумакҳои хайриявӣ бархӯрдор шуд. Номбурда тайи чанд сол аст, ки ба бемории сил гирифтор шудааст. 
- Панҷ духтару як писар дорам. Писарам ҳоло донишҷӯст. Се сол пеш ба Маскав рафтам. Ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ аз ин беморӣ огоҳ шудам. Бароям иҷозати кор надоданд, ба манзилам баргаштам. Вақте ба ман гуфтанд, ки ба бемории сил гирифтор шудам, дигар зиндагӣ дар назарам тира гашт. Хуши суҳбату гуфтугӯ бо одамонро  надоштам. Аз рафтан ба маъракаи ҳамсояҳо ва хешовандон худдорӣ мекардам. Намехоҳам, ки аз ҳоло бори зиндагӣ бар дӯши писари донишҷӯям афтад. Ҳоло ки ман дар доираи лоиҳаи роҳандозинамудаи ҶҲАТ ва мақомоти маҳаллӣ кумакҳои хайриявӣ мегирам, ба онҳо миннатдорӣ баён менамоям, - гуфт ӯ.
ТАҚСИМИ ХӮРОКВОРӢ ВА ТАҶҲИЗОТ БА НИЁЗМАНДОН 
Шодию даст ба дуо бардоштани ниёзмандон ҳангоми гирифтани бастаҳои хӯрокворияшон аз Ҳилоли Аҳмар дар гӯшаҳои гуногуни кишвар барои ҳар бинанда таъсирбахш буд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа, ба  2800  нафар маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду равған, биринҷ, лӯбиё, марҷумак, шакару намак ва чойи қоқ дода шуд. Ин кумакҳо ба ниёзмандтарин хонаводаҳо дар асоси рӯйхати пешниҳодкардаи мақомоти маҳаллии давлатӣ расонда шуданд. Масалан, Адолат, сокини шаҳри Левакант, мушкили биноӣ дорад. Барои ӯ зиндагӣ дар як минтақаи дурдаст ва нигаҳбонии кӯдаки 2,5-сола барояш имконият намедиҳад, ки ба кори дигар машғул бошад. 
- Аз ин рӯ, кумаки башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хонаводаи мо дар қатори дигар оилаҳои ниёзманд саривақтӣ аст, - гуфт Адолат. 
Зани дигар бо номи Қумринисо низ ҳамеша пайи ҷустуҷӯи ҷойи кор мебошад. Номбурда ва шавҳараш як сол пеш аз ноҳияи Восеъ ба шаҳри Бохтар барои зиндагии доимӣ омаданд, то дар шаҳр пайдо кардани кор барояшон осонтар бошад. Аз се фарзанди ӯ хурдтаринаш ҳамагӣ се моҳ дорад. Бонуи Ширмоҳ ҳам аз эҳтиёҷмандонест, ки дар асоси лоиҳаи мазкур ёрӣ гирифтааст. Ӯ 44 сол дорад ва бо модару додари 40-солааш зиндагӣ мекунад. Номбурда бино бар заъфу маризиҳои ҷисмонӣ натавонист оилаи худро бунёд кунад ва ҳамкориаш бо Ҳилоли Аҳмар дар нахустин қадам барояш манфиат овард. 
Cаидҷон ҷавони навруста ба сабаби ҳодисаи нохуше аз як дасташ маҳрум гардидааст. Ба тақдир тан дода, бисту панҷ сол боз зиндагияшро бо иҷрои корҳои гуногун пеш мебарад. Ҳоло чор фарзанд дорад ва бо таъсири пандемияи нав рӯзгузаронӣ барои аҳли хонаводааш мушкилтар гардид. Ба ин хотир, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ӯро ба воситаи лоиҳаи мазкур кумак намуда, барои зиндагии минбаъдааш низ ёрии навбатиро ба нақша гирифтааст.  
Баҳодур Қурбониён, котиби генералии ҶҲАТ, чунин зикр намуд: “Дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла шахсони маълул, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд. Дар ҷараёни амалигардонии лоиҳа бо кумаки шарикони гуногун, кӯшиш кардем, ки каме ҳам бошад, ба оилаҳои ниёзманд дасти ёрии худро дароз кунем. Чунин нафарон бояд дар хотир дошта бошанд, ки онҳо танҳо нестанд ва Ҳилоли Аҳмар дар барашон аст”.
КУМАКҲОИ НАҚДӢ НИЗ БА РОҲ МОНДА ШУДАНД
Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон зина ба зина дар мувофиқа бо меъёрҳои байналмилалӣ аз расондани кумакҳои башардӯстонаи моддӣ  ба ёрии  бевоситаи нақдию ниёзмандон мегузарад. Дар ҳоли ҳозир, равиши нав бо мақомот ва шарикони маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар робита ба ин тарзи кумакрасонӣ аввал дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар мизҳои мудаввар баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо кормандону волонтёрони ҷамъият, намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, шарикони рушд ва бонкҳои маҳаллӣ иштирок намуданд. 
Роҳбарияти ҶҲАТ ба ҳозирон дар хусуси ҷорӣ намудани кумакҳои нақдӣ ва ваучерӣ дар асоси назарияву таҷрибаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, усулҳои расондани кумакҳои нақдӣ ва ваучерӣ (нақдӣ, ғайринақдӣ, ваучерҳо), кумакпулиҳои шартию ғайришартӣ, маҳдуду номаҳдуд маълумот дод. Ҳамзамон, доир ба таҷрибаи ҶҲАТ барои амалигардонии кумакҳои нақдӣ ва ваучерӣ: вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, фаъолияти башардӯстона дар самтҳои тиббию иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, шартҳои ҳатмии амалигардонии кумакҳои нақдию ваучерӣ, хавфҳои эҳтимолӣ, инчунин, усулҳои коҳиш бахшидани онҳо, ташаккули интиқоли маблағҳо ва рӯйхати баҳрагирандагон низ иттилоъ дода шуд.
ТАҚСИМИ МОШИНАҲОИ ДӮЗАНДАГӢ БАРОИ ПЕШБУРДИ ЗИНДАГӢ 
Самти дигари фаъолият дар чорчӯбаи ин тарҳ, ки бо пуштибонии молии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон амалӣ мегардад, тақсими мошинаҳои дӯзандагӣ ба занони ниёзманд буд. 400 баҳрагирандаи ин тарҳ, ки дар асоси рӯйхати мақомоти маҳаллӣ аз рӯи осебпазирӣ ва ниёзмандии онҳо муайян шудаанд, баробари мошинаҳои дӯзандагӣ маводи лозимаи дӯзандагӣ, ба монанди матоъ, сӯзану ришта ва ғайра ҳам гирифтанд.  
Бонуи 27-сола Ҳамешагул Неъматова, ки дар маркази ноҳияи Рашт зиндагӣ мекунад, ягона саробони модар ва холаи маъюбу чор кӯдаки хурдсол мебошад. То ҳол зиндагиро аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ ва кумаки хайриявӣ пеш мебурданд. Ҳар як узви хонавода ниёзманди нигаҳбонии пайваста аст ва номбурда наметавонад онҳоро дар хона танҳо гузошта, ба берун ба ҷойе ба кор барояд. Ҳамешагул бо иқдоми Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои оғози кори дӯзандагӣ аз мошинаи дӯзандагӣ ва матоъ дастрас кард. Акнун, ӯ дар хона нишаста метавонад аз занҳои маҳали зисташ фармоиши омодасозии либосҳоро гирифта, аз ҳисоби дӯхтани онҳо  зиндагиро пеш барад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чунин амалҳо аз ҷумлаи тадбирҳои босамар маҳсуб меёбад.
 - Ман ҳунари хуби дӯзандагӣ дорам. Дар ин ҷо занҳо аксаран либосҳои миллӣ мепӯшанд. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки либосҳои онҳоро  моҳирона  дӯзам, то муштариёнам зиёд гарданд. Ҳамчунин, аз он хушҳолам, ки  дар  хона аз назди фарзандон ва модару холаам дур нарафта, ба воситаи як шуғли муносиб зиндагии хонаводаамро пеш барам. Имсол, ки писари худам ҳам ба мисли ду фарзанди холаам ба мактаб меравад, акнун кӯшиш мекунам кори дӯзандагӣ хароҷоти таҳсили ҳамаи онҳоро таъмин намоям, - гуфт ӯ. 
НАҚШИ МАҚОМОТ ДАР БЕҲТАРИН ИҚДОМОТ
Тавре зикр шуд, тамоми баҳрагирандагони ин тарҳ дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллӣ муайян мегарданд. Мақомоти маҳаллӣ, дар маҷмӯъ, бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамкориҳои хубро ба роҳ монда, дар муайян кардани ниёзмандони баҳрагиранда то тақсимоти ёриҳо ва  баргузории  иқдомҳо кумак мерасонад. 
Чунончи Дилшод Саидов, мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Левакант, гуфт: “Мо аз ҳамкорӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хушҳолем ва барои расондани кумакҳо ба мардуми ниёзманд ба ин ҷамъияту донорҳои он сипоси худро баён мекунем. Мо дар рафти тақсимот иштирок карда, кумак расондем. Рӯйхати тартибдодаи мо камбизоатону ниёзмандонро фаро мегирад. Мо ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳо бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳастем”.
Лоиҳаи мазкур бархе кумакҳои фаннӣ ба мақомоти тандурустиро низ фаро гирифт. Дар чорчӯбаи фаъолиятҳои зиддиковидии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба чанде аз марказҳои саломатӣ яхдону таҷҳизоти тиббии чен кардани қаду вазн ва фишор тақдим гардид. Дар маҷмӯъ, ин навъи кумаки техникӣ ба 30 муассисаи тиббӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар расонда шуданд. Муассисаҳои тиббие, ки ин ёриҳоро дарёфт карданд, дар асоси тадқиқот интихоб шудаанд ва ҳадафи кумак ҳам баланд бардоштани тавоноии ин муассисаҳо дар роҳи кумак ба мардуми деҳот мебошад.
ҲАМЕША БО ҲИЛОЛИ АҲМАР  
Татбиқи лоиҳаи номбурда дар натиҷа, барои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҳамчунин, волонтёрони навро фароҳам овард. Ҷавононе, ки қаблан дар фикр буданд, ки чӣ гуна ба ҷомеаи худ хидмат намоянд, роҳи ҳалро дар пайвастан ба Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дарёфт намуданд.
Ба монанди донишҷӯ Фирӯз,  ки соли 2021-ро бо фаъолияти ихтиёрӣ дар Ҳилоли Аҳмар оғоз кард, ёрии ӯ барои ҶҲАТ хеле саривақтӣ буд.
- Як дӯстам дар Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон волонтёр аст. Аз ӯ фаҳмидам, ки волонтёрон лозиманд ва бо дигарон дар ин ҷо пайвастам. Хурсандам, ки ба мардуми шаҳри худам ёрӣ расонда метавонам, - гуфт ӯ. 
 Ниҳоят, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сипоси бепоёни худ ва баҳрагирандагони лоиҳаро ба 300 волонтёр, кормандони бахшҳои маҳаллии ҷамъият, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ба донорҳои лоиҳа - Бунёди мадади шоҳигарии Британияи Кабир, Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Канада ва Белгия мерасонад. Умедвор аст, ки чунин ҳамкориҳои башардӯстона ва татбиқи босамари лоиҳаҳо дар ин самт дар оянда густариш пайдо менамоянд. 
Маркази иттилоотии
 
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2021    №: 89    Мутолиа карданд: 866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед