мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЗАЛМАЙ ХАЛИЛЗОД
4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.
- Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд,- гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур, сурат мегиранд, истиқбол менамоянд.
Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад. Роҷеъ ба ин, ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, зикр намуданд.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
* * *
Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон, баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон суҳбат ороста, натиҷаи мулоқоташро бо Сарвари давлат судманд арзёбӣ кард.
- Бисёр хушҳолам, ки бори дигар ба Тоҷикистон омадам. Бо Ҷаноби Президент ва раҳбарони мақомоти гуногуни Тоҷикистон суҳбатҳои муфиду созанда доштем. Дар меҳвари гуфтугӯҳои мо таҳкими ҳамкориҳо бо Афғонистон ва роҳҳои расидан ба сулҳ дар ин кишвар, таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак алайҳи таҳдиду хатарҳои ношӣ аз терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буд, - изҳор дошт Залмай Халилзод
Номбурда аз талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва пуштибонӣ аз мардуми афғон ситоиш кард ва афзуд: «Истиқрори сулҳу оромӣ дар хоки Афғонистон имкон медиҳад, ки нақши ин кишвар ба сифати пули робита миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бештар намоён гардад. Ба эътидол овардани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, савдо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз ҳадафҳои муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА ба шумор мераванд».
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2021 №: 90 Мутолиа карданд: 5173