logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ТАРАФДОРИ СУЛҲ БУДУ ҲАСТ

Рӯзҳои 28 – 29 апрел дар пайи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон эҳёи дубораи ғурури миллӣ дар вуҷуди ҳар шахси ватандӯсти Тоҷикистон нубуғ кард! Аз ҳар гӯшаи Ватан садои ҳамбастагиву иттиҳод ба гӯш мерасид ва хурду бузурги кишвар омодагии худро аз иштирок дар ҳимояи марзу буми Ватан изҳор медоштанд.
Вазъият бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар ҳама ҳолат барои ҳифзи марзу буми худ канори ҳам хоҳанд буд. Муноқишаи марзӣ тоҷикони бурунмарзиро ба ҳам овард. Ҳама омодагӣ ба дифоъ аз хоку замини аҷдодӣ мекарданд. Тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳид шуданд. Танҳо душманони миллати тоҷик дар шахси роҳбари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ ва думравонаш буданд, ки дар чунин ҳолат низ ба сӯи давлату миллат санг мезаданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷилва омаданд, то ки дар ҳамин гуна вазъ низ байни мардум иғво барангезанд ва будани худро дар майдони сияҳкорӣ хабар диҳанд. Айни чунин ҳолат соли гузашта, дар ҳамин рӯзҳо низ иттифоқ афтода буд. Ин аслбохтагон, агар метавонистанд, хуруҷи пандемияи коронавируси СOVID – 19 дар ҷаҳонро ба дӯши давлати Тоҷикистон мегузоштанд. Аз он ки коронавирус ба кишвари мо дер расид, ба шиддат нигарон буданд. Зеро онҳо хостори ҳарчи зудтар сироят ёфтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин маризӣ доштанд, то дар пайи он хараҷу мараҷе ба миён ояду ин худбохтагон аз он ба манфиати хеш суде бардоранд.
Албатта, ҷойи таассуф аст, ки хоинони миллати сарбаланди тоҷик ҳеҷ як дастоварду муваффақиятҳои давлат ва миллатро дида наметавонанд. Магар комёбиҳои таърихии мо ба чашмашон чун хори марғелон мехалад, ки аз тахайюлоти олудаи кинаҳои хеш достон месозанд, то мардумро ба шӯр оранд. Пас, бори дигар аён шуд, ки онҳо на бо мардум, балки пайи ҳадафҳои ғаразноки шуманд. Ҳоло ин нотавонбинон ба ҷуз фитнаангезӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ чораи дигар надоранд.
Афроди нохудогоҳу нисбат ба Ватани худ бадгуфтор, ки замони дар Тоҷикистон зистанашон манфиате барои мардум нарасидааст, ҳамакнун аз ваъдаву орзуҳое ҳарф мезананд, ки худ ин арзишҳоро эҳтиром намегузоранд.
Тоҷикистон, ки ҳамеша тарафдори сулҳ буду ҳаст, ҳоло ба анҷоми ҳарчи тезтари музокироти атрофи марз бо ҳамсоякишвар тамаркуз кардааст. Аммо боз ин ҳолат ба чашми нотавонбинон мисли ханҷар мехалад. Онҳо тоби шунидани сулҳ ва ваҳдатро надоранд. 
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 1167
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед