logo

иҷтимоиёт

ОЯНДАРО ИМРӮЗ МЕСОЗЕМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро аз соҳаҳои афзалиятнок муайян намуда,  барои рушди  ҳамаҷонибаи он мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва  «Тоҷикистон Ватани азизи ман» доир мегарданд, ки ин боиси ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон гардидааст. Пешвои миллат дар Паёми имсола ҷиҳати ба таври васеъ ҷалб намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва зиёд намудани маблағҳои озмун дастур доданд. Эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф боз як ташаббуси навбатӣ дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар буда, дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии кишвар нақши калидӣ мебозад. 
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар ин самт ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардад. Ин ташаббуси Пешвои миллат мо – кормандони соҳаро хушҳол намуд, зеро тасмим дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Ин имкон медиҳад, ки бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси фанҳои дақиқ ва риёзӣ барои хонандагони болаёқат дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои фаннӣ ва илмӣ-эҷодии хонандагон роҳандозӣ гарданд.
Воқеан, ҳам ҷамъияти илмии хонандагон дар ташвиқи азхудкунии донишҳои иловагиашон, шинос намудани наврасон бо методу усули кори таҷрибавию таҳқиқотӣ, омода намудани шогирдон барои иштирок дар олимпиадаҳои лоиҳавӣ ва конференсияҳои илмӣ - амалӣ  ва дар баргузории озмуни мазкур саҳми бузург дорад.  
Вобаста ба амалӣ гардидани дастуру супоришҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Сохтмони босуръати муассисаҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо технологияи муосир гувоҳи дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф мебошад. Махсусан, дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар кӯшиш менамояд, ки дар баробари муҳайё намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, дар он ҷараёни донишомӯзӣ ва одобу рафтори насли ҷавон дар асоси меъёрҳои фарҳангу ахлоқи миллӣ ба роҳ монда, наврасону ҷавонон бояд дар рӯҳияи илму донишомӯзӣ, инчунин, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, риояи ахлоқи ҳамида ва маърифату одоб ба камол расанд.
Ин аст, ки дар кишвари мо ба масъалаи баланд бардоштани нақши илму маориф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шуда, ба бунёди муассисаҳои таълимии типи нав ва мутобиқ гардондани раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир эътибори ҷиддӣ дода мешавад.  
Аҳли маорифи кишвар дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар  пайваста талош менамоянд, ки  хонандагонро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, барои оянда имрӯз замина гузоранд. 
 
Маҳбуба БЕРДИЕВА,  
омӯзгори МТМУ № 101, шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед