logo

иқтисод

“АПРЕЛЕВКА”. САҲМИ НАЗАРРАСИ ЯК КОРХОНА ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Тибқи таҳлили мутахассисони ватанӣ, пешрафти бемайлони иқтисодиёти мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушди соҳаи геология, истихроҷу коркарди маъдан, дар ниҳоят ба истифодаи оқилонаву самараноки канданиҳои зеризаминии ҷумҳурӣ вобаста мебошад. Яъне, дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанду тибқи маълумоти расмӣ дар онҳо ганҷҳои бузурге нуҳуфтаанд, бояд истихроҷ ва коркарди ниҳоии он тавассути фаъолгардонии коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ баҳри шукуфоии Ватану зиндагии шоистаи мардумаш масраф шаванд. 
Яке аз чунин корхонаҳои муваффақи ҷумҳурӣ ин Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” буда, дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон фаъолият мекунад. Корхонаи мазкур дар заминаи конҳои маъдани “Қайроққум” дар шаҳраки Консой соли 1996 бо сармоягузории ширкати канадагии ГАЛФ интернешнл минералз ЛТД таъсис ёфтааст. То рӯи кор омадани “Апрелевка” коркарди маъдан - хока (консентрат) дар заминаи фабрикаи ин шаҳрак ҷараён гирифта, амалиётҳои баъдии коркард то заршӯӣ, асосан, дар Ҷумҳурии Қазоқистон сурат мегирифт. Бо фароҳам омадани  шароити мусоид дар замони соҳибистиқлолӣ табиист, ки фаъолияти корхона ранги дигар гирифт. Акнун ба хотири рушди иқтисодии миллӣ истихроҷ ва коркарди ниҳоии он бевосита дар ҷумҳурӣ ба сомон расонда мешавад. Хушбахтона, имрӯз “Апрелевка” дар истихроҷу коркарди маъдани кӯҳӣ аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи кишвар маҳсуб меёбад ва бо маҳсулоти тайёри худ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, ғанӣ гаштани Буҷети давлатӣ саҳми муносиб мегузорад.
Ба хотири он ки ҶМТКММ “Апрелевка” нахустин корхонаи муштарак дар ҷумҳурӣ оид ба истихроҷ ва коркарди маъдан ба шумор рафта, моҳи апрел таъсис ёфтааст, соҳибмулкон корхонаро “Апрелевка” унвон карданд, ки то имрӯз бомуваффақият фаъолият дораду ҳоло наздик ба 1000 нафар ҳамватанонро ризқу рӯзӣ мебахшад.
Амир Муҳаббатов, раиси шаҳраки Консой, чунин иброз медорад: “Ба фаъолият оғоз кардани “Апрелевка” мардумро умед бахшид, ки акнун дар ҷои зисташон соҳиби ҷойи кор ва маош мешаванд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравию аз фаъолият боз мондани корхонаи қаблии “Қайроққум” сокинони шаҳрак якбора бе кору сарчашмаи рӯзӣ монданд. Хурду калони шаҳрак то солҳои 2001-2002 роҳи халосиро аз мушкилии пешомада танҳо дар муҳоҷират медид. Ҳоло бошад, 40 - 50 дарсади кормандони ин корхонаи муштаракро бошандагони шаҳрак ташкил медиҳанд. Консой аз нав эҳё шуд, ба шарофати фаъолияти босамари “Апрелевка” масоили иҷтимоии шаҳрак: мушкилиҳои мактабу соҳаи тандурустӣ, роҳ, варзишҳгоҳҳо комилан ҳал шуданд ва раванди ободонӣ идома дорад”.
 - Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Консой, моҳи октябри соли 2012 ва мулоқот бо кормандони корхона ба мо барои идомаи фаъолият дилгармӣ бахшид. Дар ин чоряк асри фаъолият “Апрелевка” бешубҳа,  дар ғанӣ гаштани буҷети кишвар, рушди иқтисодиёт, ободии шаҳраки Консой, ки шаҳраки коргарӣ ҳаст, ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, болоравии сатҳи зиндагӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ  нақши муассир мебозад, - мегӯяд Анварҷон Муродов, директори генералии корхона.
Давоми солҳои фаъолият шумораи умумии коргарон аз 220 ба 1000 нафар расида, музди миёнаи маош ҳоло 2600 сомониро ташкил медиҳад. Бо гузашти чоряк асри фаъолият “Апрелевка” муваффақ шуд, ки ба маблағи зиёда аз 600 миллион сомонӣ манфиати молиявӣ гирифта, ба буҷети давлат 135 миллион сомонӣ андоз супорад. Имрӯз ҳиссаи ҶМТКММ “Апрелевка” дар маҷмӯи умумии саноати шаҳри Гулистон наздик ба 7 дарсад баробар аст.
Истихроҷи маъдан то имрӯз дар конҳои “Қизил-чеку”, “Апрелевка”, “Иккиҷелон” ва “Бургунда” босамар ва муътадил роҳандозӣ гашта, корхона ба натиҷаи баланди истеҳсолӣ расид. Табиист, ки захираҳо дар ин конҳо бо мурури солҳо коҳиш меёбанд ва ҳоло баробари истихроҷу коркарди маъдан, ҳамзамон, иктишофи конҳои нав идома дорад. Танҳо дар ду соли охир ба мақсади иктишофу дарёфти конҳои ҷадид зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар натиҷаи корҳои иктишофӣ, 8 мавзеи маъдани дигар ошкор шудааст, ки ин гувоҳи дар ояндаи наздик боз ҳам рушд бахшидани соҳа мебошад.
- Дар сурати ҷалби муваффақонаи сармояи хориҷӣ мо метавонем дурнамои соҳаро мусаффо пеши назар орем ва ҷиҳати истихроҷу коркарди маъдани қиматбаҳо ва, ба ин васила, дар рушди иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи назаррас гузорем. Агар имрӯз коркарди маъдан 240 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил диҳад, пас дар оянда бо кушодани конҳои нав ин рақамро мутобиқ ба талаботи бозор афзоиш мебахшем. Ҷорӣ кардани усулҳои ҷадиди иктишоф ва коркарди маъдан дар корхона мусоидат кардааст, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ технологияи ишқорронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Чунин тарзи фаъолият табиист, ки коҳиш ёфтани партов ва бештар боқӣ мондани маъдани қиматбаҳоро мусоидат кард. Ҷорӣ кардани технологияи нави ишқорронӣ дар фабрикаи заршӯӣ марҳилаи навро ҷиҳати рушди истеҳсолот таъмин кард, - гуфт Анварҷон Муродов. 
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 1345
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед