logo

иқтисод

ХУРОСОН. АВЛАВИЯТ БА БЕҲБУДИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони корҷӯ, расондани ёрии молиявӣ ба шахсони бекор ва ташкили ярмаркаҳои вижа аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Давоми се моҳи соли ҷорӣ 322 сокини ноҳияи Хуросон барои пайдо намудани ҷойи кор ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардааст. Аз онҳо 264 нафар (103 зан) ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 246 корҷӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин гашт. Тибқи нақша, то охири сол қариб 900 ҷойи кори нав таъсис меёбад.
 
Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Қурбон Давлатов ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, тайи се моҳ 20 сарбози аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рухсатшуда 9 ҳазору 400 сомонӣ, 3 шахси аз маҳбас озодшуда 1200 сомонӣ ва 1 шахси аз ҷойи кор озодшуда ба маблағи 1077 сомонӣ ёрипулӣ гирифт. 
Масъалаи дигаре, ки дар асоси қарори раиси ноҳия ва бо мусоидати шуъбаи агентӣ ҳалли худро меёбад, ин бо ҷойи кор таъмин кардани шахсони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд. Дар ин росто 25 эҳтиёҷманд ва занони серфарзанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва бештар дар соҳаи кишоварзӣ кори доимӣ пайдо карданд, ки 33 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани корҷӯён шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар се моҳ чор ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд. Дар онҳо 8 корхонаю муассиса ва корфармо иштирок карда, ба корҷӯён қариб 200 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 41 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ гардид. 80 шаҳрванд барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт ва 20 кас ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт. 
Барои рушди соҳибкорӣ 7 бекор ба маблағи 26 ҳазору 700 сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифт. Онҳо айни замон ба соҳибкорию чорвопарварӣ ва дар бахшҳои дигар фаъолият доранд.
Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, ки ягон ихтисос надоранд ва ҷиҳати дарёфти ҷои корӣ душворӣ мекашанд, аз тарафи шуъбаи агентӣ дар ҳамаи деҳот овезаҳо оид ба касбомӯзӣ насб шудаанд. Аз тарафи кормандони шуъба дар хусуси нақшаи иловагии ташкили касбомӯзӣ ба таври худмаблағгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. 
- Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бонувон ва ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия 100 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла дӯзандагӣ 35, қолинбофӣ 20, кафшергари газию барқӣ 15, ошпаз 15 ва асосҳои омӯзиши компютер 15 кас ҷалб шуда, 10 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид, - гуфт Қурбон Давлатов.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш дорад, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо боз ҳам ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад.      
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 1303
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед