logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. АЗ ПОСИ ЗАҲМАТИ ГУЛПАРВАРОН ТО ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Бо гул ороиш додану нақшу нигор кашидан дар саҳни биноҳои маъмурӣ, гулгашту хиёбонҳо, боғҳои фароғатӣ ва мавзеъҳои сабзкорӣ хуб роҳандозӣ мегарданд. Бо истифода аз ин тарз ҳар гӯшаву канори кишварамон диданиву дилработар гаштааст. Бахусус, истифодаи ин гуна нақшҳо пойтахтамон – шаҳри Душанберо зеботару рӯҳнавозтар намудааст. Вале, аз чи бошад, ки  дар бештари ороишҳо гулҳои маҳаллӣ қариб ба назар намерасанд.
Бо ҳисси кунҷкобӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» - и пойтахт омадам. Шумораи зиёди занҳое, ки ба нигоҳубини гулҳо машғул буданд, хаёламро ба дунёи зебоӣ кашиданд. Бонувон ба чидани алафҳои худрӯи назди кӯчатҳои гулу обпошӣ машғул буданд. Баробари ворид шудан ба ин корхона пеши назар бинои   фарсудаю валангор намоён шуд, ки таърихи бунёдаш солҳои 50 –уми асри гузашта  мебошад. Вале на ҳар роҳгузар ва ё корафтода ба он эътибор медод. Зеро дарахтони сабзу хуррам ва гулҳои рангин фарсудагиҳои биноро ҷуброн мекарданд. 
- Соли 1954 ҷиҳати бо гулҳои мавсимии яксола, дусола ва бисёрсола таъмин намудани хиёбонҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корхонае бо номи «Гулпарвар» ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Тайи 64 сол танҳо парвариши 3 – 4 навъ гулҳои маҳаллии мавсимӣ ба роҳ монда шуда буд. Норасоии дастгоҳҳои зарурӣ монеи кор мегардид. Ҳамкорӣ зич низ бо шаҳру навоҳии кишвар набуд. Идораи мо худмаблағгузор аст, бинобар ин, ҳолатҳое буданд, ки моҳҳо  кормандонро бо маош таъмин карда наметавонистем. 
Хушбахтона, бо ташаббуси раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ мушкилиҳо бартараф шуданд. Корхона бо асбобҳои замонавӣ, аз қабили обпошаку дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин гардида, дубора дар шакли замонавӣ фаъолияташро ба роҳ монд. Парвариши гулҳои нодири хориҷӣ тавъам бо гулҳои маҳаллӣ дар тамоми фасли сол ифодагари  пешравии корхона аст. Сарфи назар аз вазъи ҳаво, марҳила ба марҳила корхона ба нигоҳубини  зиёда аз 500 ҳазор дона гул машғул мебошад. Имрӯз на танҳо 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, балки тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо мо ҳамкорӣ доранд ва мо ҷиҳати зебоии диёр онҳоро бо гулу буттаҳои нодир таъмин мекунем. Маоши кормандон низ сари вақт пардохт мешавад, - иброз дошт Шариф Шеров, муовини сардори корхона. 
Имрӯзҳо корхонаи «Сабзкорӣ» зиёда аз 25 номгӯй гулҳои нодирро дар 18 гармхона парвариш менамояд. Аз ин 8 намудаш гулҳои зимистона ва боқимонда гулҳои ҳамешагист, ки шинонданашон дар ҳама фасли сол мутобиқ аст. Маълум, ки барои парвариши гул нақши асосиро таркиби хок мебозад. Аз ин рӯ, дар корхона барои омода намудани хок аз 5 – 6 намуд унсур истифода мебаранд ва аз озмоишгоҳҳо мегузаронанд, баъдан дар тубакҳои алоҳида вобаста ба миҷози гул   мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. 
- Як сабаби мушкилии соҳа набудани  коргоҳи махсуси коркарди торф дар кишвар мебошад. Мо маҷбурем хоки махсус, яъне торфро аз хориҷ бихарем ва тухмиро дар он рӯёнем.  Пас аз неш задан ҳар яки онро ҷудо намуда, ба тубакҳои полиэтиленӣ ҳамроҳ бо хоки маҳаллӣ, ки аз мавзеи Теппаи Самарқанди ноҳияи Рӯдакӣ оварда мешавад, мегузаронем. 
Дар ин давра, оҳиста – оҳиста кӯчатҳои гул ба хоки маҳаллӣ мутобиқ шуда, барои дар замин шинондан омода мегарданд. Ҳамчунин, бештар аз поруҳое истифода мешавад, ки 16 сол дошта, омехта бо регу қум ва нуриҳои минералии суперфосфад ва амофос мебошанд. Хулоса, парвариши як бех гул вақту заҳмати зиёдро талаб мекунад, - зикр намуд Ш. Шеров . 
- Тайи 24 сол аст, ки ба гулпарварӣ машғулам. Дар аввал бароям кор хеле мушкил буд, зеро тамоми рӯз дастонам даруни хоку об буданд. Хостам корро тарк намоям, вале эҳсос намудам, ки бидуни ин кор, мушкил аст бароям шуғли дигар. Гул мисли инсон ба навозиш ниёз дорад,-гуфт бо табассум гулпарвари собиқадор Аёрсултон Одинабекова.    
Тибқи маълумот, айни ҳол гулҳои дар ҷаҳон нисбатан камёфт:  силвия, петуня, акила, тагес, которантус, сенаря, акилаи африқоӣ, бегоня, примула ба Ватани мо ворид шудаанд. Дарахтони нодири арчаи кабуд, твикаи тиллоӣ, шамшод, кедр, сирени ҳиндӣ   аз Нидерланд, Амрико ва Чин бештар дастрас мегарданд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, бархе аз гулҳоро метавонанд дубора сабз гардонанд, вале ҳастанд гулҳое, ки ба хоку иқлими мо мутобиқ нашуда, кӯчати онҳоро бо нархи гарон аз хориҷ ворид месозанд.
- Ҳамасола барои дастрасии гулҳои хориҷӣ маб-лағҳои зиёд харҷ мешаванд. Борҳо кӯшидем, ки гулҳои гаронарзишро худамон парвариш намоем, вале муваффақ нагардидем. Зеро бештари гулҳо дар шакли дурага (гибрид) парвариш ёфта, дубора аз тухмаш сабзондани он ғайриимкон аст. Лоақал дар назди Институти боғпарварӣ филиали махсуси гулпарварӣ ташкил шавад, кор ранги дигар мегирифт. Борҳо ба мо муроҷиат намудаанд, ки чаро дар ороишҳо гулҳои маҳаллӣ истифода намешаванд? Як чизро гуфтан зарур аст, гарчанде гулҳои ватанӣ табииву хушбӯй бошанд ҳам, мавсимӣ буда, хеле умри кӯтоҳ доранд. Зуд хазон мешаванд. Мо маҷбурем аз гулҳои тобовар истифода намоем. Сурати нақшро дар коғаз кашида, рангубор медиҳем ва пас дар асоси он гулҳоро барои шинондан интихоб менамоем. Яъне,  ҳар нақше, ки имрӯз хиёбону боғҳои пойтахтамонро диданӣ гардондааст, тасодуфӣ набуда, бо заҳмати зиёд эҷод мегардад. Ин аст, ки ҳамасола барои зебогардонии хиёбонҳои пойтахт зиёда аз 7 миллион дона гул шинонда мешавад. Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба ифтихори пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб гардидани шаҳри Душанбе корхона тасмим гирифтааст, ки 10 миллион гули хушсифати нодирро парвариш намояд, - тазаккур дод Олимхон Талаев, сартарроҳи корхонаи «Сабзкорӣ». 
Воқеан имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари кормандони соҳа масъулиятшинос бошем ва дар сабзкориву гулпӯшнамоии диёрамон бикӯшему саҳми хешро гузорем. Ба гулҳо муносибати дуруст карда, ба хотири як лаҳзаи хушии худ онҳоро наканем. Бо ин амаламон ранҷу заҳмати гулкору гулпарваронро пос дорему фарҳанги шаҳрнишиниро ҳифз намоем. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 812
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед